ЗАБОНИ ХАЛҚҲО – СИТОРАҲОИ САМО

Дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «забон» чунин шарҳ ёфтааст:

Дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «забон» чунин шарҳ ёфтааст: 
1. Узвест иборат аз порчаи гӯшти мутаҳаррик дар даҳон.
2. Воситаи ифодаи фикр ва алоқа бо мардум.
Оре, забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни инсонҳост. Худованди бузург ба инсон забони гӯё ва ақлу хирад ато карда, ӯро нисбат ба дигар офаридаҳояш афзал шумурдааст. «Забони модарӣ бо шири модар ҳазм мешавад» (Муҳаммадҷон Шукуров) ва меҳри он бо суруди аллаи модар ба ҷисму ҷон ворид мегардад. Аз ин рӯ модарро метавон «нахустустод» шуморид. Бинобар ин ҳар шахси хештаншиносу худогоҳ забони модариро пок ва муқаддас медонад. 
Дар ватани мо зиёда аз сад халқу миллат бо ҳам дӯстона зиндагӣ доранд, бо забони модариашон гуфтугӯ менамоянд, марказҳои мадании миллатҳои гуногун амал мекунанд, забони давлатиро медонанд ва ба он эҳтиром мегузоранд. 
Яке аз забонҳои муҳиму серистеъмол дар Ӯзбекистон забони тоҷикист. Номҳои ёдгориҳои таърихиву хиёбонҳои мамлакат, маҳалҳои зист... гувоҳи бузургу бостонӣ будани забони тоҷикӣ мебошанд. Бо ифтихор аз забони тоҷикӣ мехостем аз бузургони ҷаҳонӣ, ки мафтуни ин забону ин халқ ва фарҳангу осори хаттии мо шудаанд, намунаҳо орем.
Осиёи Марказӣ гаҳвораи забони форсӣ-тоҷикист. Донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ навиштааст: «...забони имрӯзи мо дар ҳамон навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда, ... забони саросари Эрон гардидааст». 
Пайғабарамон – Муҳаммад (с.а.в.) бо ифтихор гуфтаанд: «Валадату ано фи замони-с-султони-л-одил», яъне Ман дар замони подшоҳи одил таваллуд ёфтаам. Дар замони таваллуди Расули Худо (с.а.в.) дар  қаламрави арабҳо ҳанӯз давлатдориву давлати ягона набуд, ин ҷо шоҳи сулолаи Сосониён Хусрави 1-и Анӯшервони Одил (ҳукмрониаш 531-579) дар назар дошта шудааст. Ба саволи чаро қабилаҳои араби оду самуд нобуд шуданду форсҳо не? Сарвари коинот (с.а.в.) посух доданд: «Барои он ки форсҳо ободонсозанд ва додгустаранд миёни бандагони худо». Инчунин, аз ҳадисе бо мазмуни «Илм дар сурайё бошад ҳам, форсҳо онро ба даст меоранд» хабардорем. Зарбулмасали босниягӣ низ ҳаст: «Агар хоҳӣ ба биҳишт бирасӣ, бояд забони форсӣ бидонӣ». Бо такя ба устод Мӯҳсин Умарзода ёдовар шудан мумкин аст, ки ҳатто дар Қуръон як саду сенздаҳ калимаи тоҷикӣ дар шакли арабишуда истифода шудааст.
Адиби маъруфи Фаронса Денни Дидро (1713-1784) бо осори бузургони мо ошно буд. Ӯ мақолаҳои илмии «Форсҳо», «Шарқ», «Занд-Авесто»-ро навиштааст. Дар мақолаи «Сарассинҳо» ӯ дар бораи Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Абӯалӣ ибни Сино... сухан меронад. Ба Саъдӣ ихлоси махсус дошт. Барои Дидро «Гулистон» ёдгории маъруфи хиради ҳамватанони Саъдист, бинобар  ин мақолаи «Сарассинҳо»-ро бо панду ҳикматҳои «Гулистон» ҳусни анҷом додааст.   
Шарқшинос Анкетил Дюперрон (1731-1805) аз ҷавонӣ ба омӯзиши забону оинҳои қадимаи форсиён шавқ дошт, бо мақсади омӯзиши нахустосори мо «Авесто» 8 сол дар Ҳиндустон зиста, 115 асарро пас аз бозгашт ба Париж – ба Китобхонаи Шоҳӣ супорид, ки аксар осори адибони форсу тоҷик буданд, аз ҷумлаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Девон»-и Ҳофиз, асарҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон.
Шоири англис Ҷорҷ Байрон (1788-1824) дар ҷавонӣ ашъори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофизро пайваста мутолиа мекард. Дар пайравии Ҳофиз достони «Бармаид»-ро эҷод кард. Дар офаридаҳои Байрон рӯҳи ватанхоҳии «Шоҳнома» ва образҳои «Гулистон»-и Саъдӣ эҳсос мешавад.
Адиби бузурги Олмон Иоҳан Гёте (1749-1832) ба осори адибони Шарқ, хусусан форс-тоҷик рағбати зиёд дошт. Ӯ гуфтааст, ки форсизабонҳо ҳафт танро паёмбарони шеър меҳисобанд, ҳол он ки чандин бузургони дигар низ мавҷуданд, ки аз ман чандин зина болотаранд. Ӯ мафтуни ғазалиёти Ҳофиз гашта, бо осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ ва Ҷомӣ ошно шуд, дар ҳамин замина «Девони ғарбию шарқӣ»-ро навишт. Бузургии Ҳофизро дар бисёр шеърҳояш ситоиш кардааст, аз ҷумла дар шеъри «Бепоён» мегӯяд:
Ҳофиз ту мисоли ҷовидонӣ,
Чун умри абад надорӣ поён.
Ҳар як ғазалу чакомаи ту,
Ҳар нақши сарири хомаи ту.
Вобаста фақат ба хеш бошад,
Чун чанбари осмони гардон...
Дигар як шоири немис Генрих Гейне (1797-1856) низ ба бузургони адабиёти форсу тоҷик таваҷҷуҳи махсус дошт. Саъдиро «Гётеи эрониён» номидааст. Ӯ навиштааст: «Эй Фирдавсӣ! Эй Низомӣ! Эй Саъдӣ! Олмон шоирони бузург дорад..., вале ҳамагон дар назди Ҳофизу Низомӣ ҳеҷанд!...» Шоир шефтаи манора ва гулгаштҳои Исфаҳону бӯстонҳои Шероз буд. Офаридаҳои бузургони мо шиорҳои зиндагии шоир буданд. Худро пайрави Ҳофиз медонист. Лаҳни форсиро ба хониши булбул монанд кардааст.  Шеъри «Шоир Фирдавсӣ» аз шеърҳои тарҷумаиҳолии Гейне мебошад:
Дар ин дунёи ноҳамвори
 каҷрав,
Якеро нуқраю зар бешумор 
аст.
Дигар дар зери бори фоқа 
умре,
Ба як пули сиёҳи тоқ зор 
аст...
Мутафаккирони немис Карл Маркс ва Фридрих Энгелс низ дилбохтаи мероси адабии ниёгони бузурги мо буданд. Ф.Энгелс дар мактубаш ба Маркс «надонистани забони форсӣ ин бадбахтист» – гуфтааст. Ҳатто Карл Маркс аз рӯйи муҳаббат ба Фирдавсию «Шоҳнома» ба духтараш – Элеонора Тӯсӣ (Тусӣ) тахаллус гузошта, ба ӯ «Тусӣ» гӯён муроҷиат мекардааст. 
Сардафтари адабиёти рус Пушкин (1799-1837) ба адабиёти форсу тоҷик таваҷҷуҳи хосса дошт. Дар достони «Фаввораи Боғчасарой» ду байти зеринро аз Саъдӣ ба ҷойи эпиграф овардааст: 
Бар ин чашма чун мо басе 
дам заданд,
Бирафтанд чун чашм бар 
ҳам заданд.
Чаро дил ба ин корвонгоҳ 
ниҳем,
Ки ёрон бирафтанду мо дар 
раҳем.
Пушкин шеъре бо номи «Илҳом аз Ҳофиз» дорад, шоир мазмуни шеъри машҳури «Ҳайкал» («Памятник»)-ро аз гуфтаи Фирдавсӣ «Биноҳои обод...» гирифтааст. 
Шоири маҳбуби рус Сергей Есенин (1895-1925) дилбохтаи адабиёту маданияти форсу тоҷик буд, бино ба он силсилаи шеърҳои «Савтҳои форсӣ»-ро навиштааст.
Собиқ роҳбари Иттифоқ Иосиф Сталин бо осори ниёгони мо шиносоӣ дошт, «Шоҳнома» писандаш буд. Аз Камол Айнӣ ба ёд меояд, чун устод Садриддин Айнӣ огоҳ шуд, ки дар «рӯихати сиёҳ» номаш ҳаст, хеле ғамгин гашт. Шоири инқилобӣ, узви Интернатсионали байналхалқӣ Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав зиндагӣ дошт, бо ин масъала ҳамроҳи Арбоби давлатӣ назди Сталин даромаданд. Сталин ба роҳбари НКВД Лаврентий Берия занг зада, танҳо як ҷумла мегӯяд: «Ба Айнӣ нарас, ӯ вориси Рӯдакиву Фирдавсии бузург аст!».
Ба гирдоби нобудӣ афтидани забони форсиро дар Ҳинди қарни ХIХ доктор Саидмуҳаммади Акрам чунин тасвир кардааст: «Забоне, ки забони расмии кишвар буд, ёд гирифтани он мӯъҷиби ифтихор шумурда мешуд... забони шеър буд, забони завқ буд, забони дил буд, забони руҳ буд, дар диёри худ ғариб, аҷнабӣ ва ношинос гардид. Ин достонест ғамангез... ки қалам бар он мегиряд». 
Соли 1928 дар Осиёи Марказӣ аз алифбои ниёгон, ки осори гаронбаҳои гузаштагони бузургамон зиёда аз ҳазор сол бо ин навишта шуда буд, даст кашида, алифбои лотинӣ ҷорӣ гардид. Соли 1940 бошад, ба алифбои кирилӣ гузаштанд. Дар чунин як муддати кӯтоҳ ду маротиба иваз намудани алифбо оқибатҳои манфӣ ҳам дошт. Бар замми ин бо мақсади ташкил намудани забони ягонаи бузург дар қаламрави собиқ Иттифоқ ҳаракатҳо ба миён омаданд. 
Расул Ҳамзатов (1923-2003) адиби машҳури ҷаҳонии Доғистон суханварони бузурги адабиёти классики форсу тоҷикро бо сипосгузорӣ ёд мекунад, зеро аз онҳо суди зиёд бардоштааст. Бинобар ин силсилаи «Шеърҳои форсӣ» (1975) аз ҷониби шоир бо як эҳсосоти баланд навишта шудааст. Адиб бо Мирзо Турсунзода робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошт. Дар ҳимояи забони модарӣ далерона чунин гуфтааст: «Забони халқҳо барои ман чун ситораҳои осмонанд. Намехостем, ки ҳамаи ин ситораҳо як шуда, ба ситораи бузург табдил ёбанд. Ба ситораи бузург ҳоҷат нест, зеро як офтоб бас аст. Аммо бигзор ситораҳо ҳам нур пошанд. Бигзор ҳар кас худ ситорае дошта бошад. Ман ситораи худ – забони модарии авариро дӯст медорам...
Касеро лафзи дигар зинда 
созад,
Ки ман бо он сароидан 
надонам.
Агар фардо забони ман 
бимирад,
Ман авло мурданам имрӯз
 хонам...»
Аз адибони машҳури ҷаҳонии шӯравӣ, нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов (1928-2008) низ дар ҳимояи забони модарӣ изҳори афкор намуда, ҷасорат нишон дод: «Албатта, ҳеч кас касеро маҷбур карда наметавонад, вале шуури миллатро аз таърихи ӯ озод кардан, хусусан ба даст кашидан аз забони модарӣ даъват намудан, ин дасткаширо дастгирӣ кардан ҳам норавост. Дар ин кор ҳам ҳаққоният нест, ин кор қариб баробари он аст, ки аз падару модари худ рӯ гардонем».
Нимаи дувуми солҳои ҳаштодуми асри ХХ пас аз кӯшишҳо дар роҳи бозсозӣ дар Иттифоқ халқи мо – равшанфикрону зиёиён дарк намуданд, забоне, ки истилои ҳалокатовари юнониҳо, ҳуҷуми арабҳо, ҳамлаи пурдаҳшату қатли оми муғулҳо ва дигар қабилаҳову сулолаҳои аҷнабиро аз сар гузаронду нест нагардид, боз эҳё шуд, сабзид, инкишоф ёфт, тӯли ҳазорҳо сол забонаш забони давлатӣ, забони илму адабиёт буд, ҳақ дорад, ки расман забони давлатӣ бошад. Ниҳоят, дар Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон 22 июли соли 1988 ба забони тоҷикӣ (форсӣ) мақоми давлатӣ доданд. Ҳар сол 22 июл ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон худро соҳибихтиёр эълон кард. Баъдтар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати олимон Толиб Хаскашев, Муҳаммадҷон Шукуров, Баҳриддин Камолиддинов... ташкил ёфт. Шаҳрвандон, зиёиён... дар муҳокимаи такмили Қонуни Забон иштирок карданд. Ҳукумат соли 1998 бо Қарори рақами 355 «Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро қабул кард. Миқдори ҳарфҳои алифбо 35-то қарор гирифт.
Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2011 қоидаҳои имлоро аз нав таҳрир намуд ва такмил дод. Бо қарори нави ҳукумат 5 октябр Рӯзи забони тоҷикӣ эълон шуд. Забондонӣ хуб аст, забони дигарро омӯхта, аз худ намуда дар тарҷумонӣ, сайёҳӣ, сафоратхонаҳо кор фармудан талаби давру замон аст. Лекин забони модарӣ дар байни забонҳо дар мақоми аввал меистад. Мехостам бо фармудаҳои К.Ушинский фикрҳои худро ҷамъбаст намоям: «Забони модарӣ асоси инкишофи бузурги фикрӣ ба ганҷинаи ҳамаи донишҳост». 

Маҳками ҶАЪФАРЗОД,
омӯзгори мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: