ЛОИҲАИ НАВ ОИД БА РУШДИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ

Дар ин бора дар чорабинӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ва Агентии рушди ИМА (USAID) ташкил шудааст, хабар дода шуд.

Маблағи умумии ин лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия, Академияи идораи давлатӣ, Агентии рушди хадамоти давлатӣ ва Оҷонси рушди байналмилалии ИМА (Chemonics International) амалӣ мешавад, 15,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳа такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, меъёрҳои дақиқи истифодаи оқилонаи кадрҳо ва ресурсҳои моддӣ тартиб дода мешаванд. Дар байни мақомоти намояндагии ҳокимият ва ҳокимияти иҷроия ҳамкории зич таъмин карда мешавад.
Аз татбиқи низоми самарабахши қабули қарорҳо дар асоси ошкорбаёнӣ дар идоракунии давлатӣ ва аз ҳад зиёд марказонидани идораи давлатӣ даст кашида мешавад. Дар лоиҳа ҳамчунин масъалаҳое, аз қабили бекор кардани вазифаву функсияҳои такрорӣ, густариши ҳамкории мақомоти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО, масъулият ва назорати ҷамъиятӣ пешбинӣ шудаанд.
Маълум аст, ки дар натиҷаи ислоҳоти навбатии маъмурӣ дар Ӯзбекистон шумораи мақомоти иҷр- оияи тобеи ҳукумат аз 61 ба 28, аз ҷумла шумораи вазоратҳо ба 21 кам карда шуда, 20 идора пурра барҳам дода шуд. Ҳокимияти иҷроия торафт ихчам гардида, системаи касбии идоракунии давлатӣ, ҷавобгӯи талаботи халқи мо ва ба натиҷабахшии  баланд нигаронидашуда ташаккул меёбад.
Лоиҳаи мазкур, ки роҳандозӣ мешавад, барои расидан ба ҳадафҳои ислоҳоти маъмурии ҷорӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи чорабинӣ миёни Вазорати адлия ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: