Ба Парлумони ҷавонони назди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз байни зиёда аз 11000 ҷавонон, ки дар соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолият нишон медиҳанд, 250 нафар аъзои интихоб гардид.
Ба Парлумони ҷавонони назди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз байни зиёда аз 11000 ҷавонон, ки дар соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолият нишон медиҳанд, 250 нафар аъзои интихоб гардид. Ҷараёни мазкур дар асоси тамоюлҳои демократӣ, муҳити рақобати озод, баҳсу мунозираҳои шадид сурат гирифт.
17 август вохӯрии аъзои Парлумони ҷавонон бо Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва роҳбарони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба амал омад.
Спикер Н.Исмоилов дар баромади худ алоҳида таъкид кард, ки Парлумони ҷавонон дар ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ба як ҷузъи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил меёбад, ки ба таъмини иштироки ҷавонон дар онҳо нигаронда шудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба ҳамаи марҳилаҳои фаъолияти парлумонӣ ва эҷоди қонун, пурзӯр гардондани фаъолияти онҳо дар муайян намудани самтҳои нав ва афзалиятнок барои баланд бардоштани сифати фаъолияти қонунгузорӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ шуданд.
— Парлумони ҷавонон як сохтори оддӣ набуда, балки майдони воқеие мебошад, ки ба таъмини фаъолнокии сиёсии ҷавонони мо хидмат мекунад, – гуфт Спикери Палатаи қонунгузорӣ Н. Исмоилов. — Мо боварӣ дорем, ки дастгирии ҷавонон, ғанӣ гардондани дониш ва малакаи сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо, ҷалби онҳо ба ҷараёни эҷоди қонунҳо, тарғиби қонунҳои қабулшуда дар байни ҷавонон, пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ҷавонон ба Олий Маҷлис ва мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ёрии самарабахш хоҳад расонд. Дар ин бобат, мо омодаем, ки дар масъалаи истифодаи натиҷаҳои фаъолияти Парлумони ҷавонон муносибати хеле ҷиддӣ ва масъулият зоҳир намуда, ҳамкорӣ кунем.
Спикер иштироки бомуваффақияти аъзои Парлумони ҷавононро дар веб-форум оид ба ҳуқуқи инсон дар Самарқанд таҳти мавзӯи «Ҷавонон 2020: ҳамбастагии ҷаҳонӣ, рушди устувор ва ҳуқуқҳои инсон», аз ҷониби аъзои Парлумони ҷавонон ҷонибдорӣ гардидани Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро, ки дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ аз ҷониби Президентамон он пешниҳод шудааст, қайд кард.
Дар чорабинӣ ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани алоқаҳои байни аъзои Парлумони ҷавонон ва кумитаҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, масъалаҳои таъмини иштироки онҳо дар татбиқи қонунгузорӣ ва назорати парлумонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни ҷамъомад аъзои Парлумони ҷавонон, ки аз минтақаҳо интихоб шудаанд, бо саволу пешниҳодотҳояшон фаъолона ширкат варзиданд.
Нурулло НАСРИЕВ,
мухбири ӮзА.