ҲАМКОРИҲО ДАР ҶАБҲАҲОИ ГУНОГУН МУСТАҲКАМ МЕГАРДАНД

1 июни соли ҷорӣ дар Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ (ДБОМ) бо ҳамкории Маркази таҳқиқотҳои Стратегияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналхалқии илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Аҳамияти шарикии стратегеии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.

Дар он намояндагон аз ДБОМ, Донишкадаи таҳқиқотҳои байниминтақавӣ ва Стратегияи назди Президенти Ӯзбекистон, Маркази ислоҳот ва таҳқиқотҳои иқтисодии назди Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон, Маркази таҳқиқотҳои Стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ӯзбекистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон аз институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, омӯзгор-профессорони муассисаҳои таълими олӣ ва экспертҳои мустақили ҳар ду мамлакат иштирок карданд.
Дар конфронс масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои стратегии ӯзбеку тоҷик дар рушди устувори минтақа, ҳамкориҳои савдову иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, об ва экологии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, омӯзиш ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ, таърихиву фарҳангӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳиву таълим иброз шуд.
–Чорабинии имрӯза аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки он ба давраи ба зинаи нав бардошта шудани ҳамкориҳои серҷабҳа, шарикии стратегӣ ва мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстию некҳамсоягии байни давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки туфайли саъю кӯшиш ва иродаи қавии сиёсии сарони давлатҳо муваффақ гардид, рост омад, – гуфт директори Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров. – Бо ҳамкории Маркази таҳқиқотҳои Стратегии назди Президенти  Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мо дар панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 4 чорабинӣ баргузор намудем.
Мамлакатҳои мо дар як қатор қарордодҳои СММ доир ба бартарафсозии оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал, аз ҷумла, истифода аз захираи об ва ҳифзи пиряхҳо ҳаммуаллиф мебошанд.
– Бояд таъкид намуд, ки робитаҳои маданиву гуманитарии байни кишварҳоямон ба зинаи нав баромад.
– Рӯзҳои маданият ва кино, консертҳои муштарак, чорабиниву намоишномаҳо паиҳам баргузор мешаванд. Мо аз фаъолона ба роҳ монда шудани мубодилаи сайёҳон ва ҷавонон, аз нав барқарор шудани анъанаҳои неки қадима хурсандем. 
Дар рӯзҳои наздик аз тарафи кинематографони ӯзбеку тоҷик корҳои ба наворгирии филми бадеии ба дӯстиву бародарии афсонавии шоир ва мутафаккирони бузург Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бахшидашуда шурӯъ мешавад.
Имрӯз Ӯзбекистон туфайли ба дараҷаи баланд бардоштани салоҳияти ҳамкориҳои минтақавӣ мамлакатҳои ҷаҳонро водор месозад, ки ба Ӯзбекистон бо нигоҳи нав назар афкананд. Дар ин ҷабҳа ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон мисоли равшан шуда метавонад. 
– Ҳоло дар чандин мамлакати дунё вазъи мураккаби сиёсӣ ҳукм меронад, – гуфт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Аз ин сабаб, мо бояд тамоми қувва, имконият ва салоҳиятамонро муттаҳид намуда, ҳамкориҳои серҷабҳа, дастур ва лоиҳаҳои муштаракро ба амал татбиқ намоем. Ба насли оянда робитаҳои дӯстӣ ва некҳамсоягиро ҳамчун мерос гузорем. Умедворем, ки конфронси байналхалқии имрӯза имкони боз ҳам холисона ва васеътар таҳлил намудани салоҳияти муносибатҳои шарикии стратегии байни мамлакатҳоямонро медиҳад.
Дар кори конфронс ба омӯхтани мероси маданӣ ва таърихи ҳар ду мамлакат эътибори алоҳида нигаронида шуд. Тавре ки Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар яке аз маърӯзаҳояш таъкид намуда буд, моро таърих, маданият, анъанаву арзишҳои миллии муштарак бо ҳам мепайвандад. Таърихнигорони ҳар ду мамлакат мувофиқа намуданд, ки доир ба таърих ва маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии ҳар ду мамлакат китоби дарсӣ меофаранд.
– Солҳои охир дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, маданиву иҷтимоӣ дар якҷоягӣ корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд, – гуфт сардори шуъбаи Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ, номзади илмҳои таърих Алишер Собиров. – Мо таърихан як халқем. Гузаштагони мо дар як воҳиди маъмурӣ умр ба сар бурдаанд. Мероси маданӣ ва мақсадҳои мо муштарак аст. Ҷамоаҳои эҷодии мамлакатҳоямон дар ҷашнвораҳо фаъол иштирок менамоянд. Дар байни ду мамлакати ҳамҷавор рӯзҳои маданияту  санъат ва дигар чорабиниҳо мунтазам баргузор мегардад.
Раиси Палатаи савдову саноати Тоҷикистон Ҷумъахон Ҷӯрахон дар баромади худ таъкид кард, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар асоси боварӣ ва эҳтироми байниҳамдигар барпо гардида, ҳоло чандин мушкилотҳое, ки монеъаи муносибатҳои тарафайн мешуданд, ҳаллу фасли худро ёфтаанд.
Дар Ӯзбекистон бо иштироки маблағи соҳибкорони тоҷикистонӣ 240-то, дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 60 корхона дар соҳаҳои хидматрасонӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, саноати хӯрокворӣ ва нақлиёт фаъолият мебарад. Боварӣ дорам, ки шартномаҳое, ки дар давоми ташрифи Президенти Тоҷикистон ба мамлакати мо ба имзо мерасанд, аҳдномаҳои байни соҳибкорони ҳар ду кишвар робитаҳоямонро дар соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, бофандагӣ, энергетика, сайёҳӣ ва ғайраро ба зинаи нав мебардорад.
Дар ниҳояи конфронс дар байни Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шартнома доир ба ҳамкорӣ имзо гардид. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: