«ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ...»

Солҳои охир дар мамлакатамон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва бо кор фаро гирифтани занону духтарон як қатор корҳои муҳим амалӣ мегарданд.

Солҳои охир дар мамлакатамон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва бо кор фаро гирифтани занону духтарон як қатор корҳои муҳим амалӣ мегарданд. 
Дар хотир дорам, модарам ҳар сол пашми бузу гӯсфандҳоямонро ҷамъ мекард. Онҳоро дар деги алоҳида меҷӯшонд, паҳн карда хушк мекард, бо урчуқ риштаю калоба мересид ва баъд ранг мекард. Аз абрешимҳои рангоранг дар рӯйи ҳавлӣ ӯрмак мемонд ва дар тӯли 15-20 рӯз гилеме мебофт. Ба ҳамаи ин корҳо мо кӯмак мерасондем. Аз нахҳои дурушти он барои бастани чорво ресмон мебофт. 
Бад-ин тариқ, аз хурдӣ гилембофӣ, намадпазӣ, кашидадӯзӣ, дӯппидӯзӣ, қуроқдӯзӣ  барин ҳунарҳои миллиро аз момо ва модарамон омӯхта будем. Чунин ҳунарҳои миллӣ ҳоло ҳам дар кӯҳистони Нурато ва дигар мавзеъҳои диёрамон идома доранд. Ҳар як маҳал усули миллии ба худ хос дорад. Масалан, сӯзана ва қуроқдӯзии Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё, Фарғона аз якдигар фарқ мекунад.
Дар вилояти Сурхондарё низ ҳунармандии миллӣ аз азал васеъ ривоҷ ёфтааст. Духтарон аз хурдӣ ба ин ҳунарҳо меҳр баста, асрори онҳоро ба хубӣ омӯхтаанд. Солҳои қаблӣ ҳунарҳои миллӣ қариб  гум шуда буданд. Баъди истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуда истодаанд. Ин аст, ки шавқи занону духтарони вилоят баҳри омӯхтани асрори ҳунар, ки ба даромади оила меафзояд, хеле зиёд шуд. 
Бахусус, Фармони Президент “Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон”, аз 17 ноябри соли 2017, ба ин соҳа такони нав бахшид. Дар чаҳорчӯбаи Фармон ба соҳибони касби ноёби қадима вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд, дар ҷойҳо мушкилоти ҳунармандон омӯхта шуда, кӯмакрасонӣ ба роҳ монда шуд. Ташкили ярмарка ва намоишгоҳҳо низ аз эътибор ба ин соҳа дарак медиҳад. Чунин ғамхориҳо ҳунармандонро рағбатнок намуд ва алҳол баҳри чуқур омӯхтани навовариҳои ин соҳа ғайрат мекунанд. 
Барпо намудани мактабҳои “устоду шогирд” ба тарбияи сулолаи ҳунармандони оянда самараи хуб медиҳад. Чанде қабл баҳри омӯзондани асрори кашидадӯзӣ, намадпазӣ, сӯзана ва зеҳдӯзии қадима ду нафар ҳунарманди соҳибтаҷриба аз ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба вилояти Сурхондарё таклиф карда шуда буданд. Гулмира Ҳайитоваи нуратоӣ ва Лола Муҳитоваи қароқалпоқистонӣ дар курси омӯзишие, ки дар ноҳияи Деҳнав ташкил ёфтааст, ба 15-20 нафар занону духтарон ҳунари кашидадӯзӣ ва намадбофиро меомӯзонанд. Духтарони хонанишин аз омӯхтани ҳунарҳои қадимаи момоён мамнунанд.
– Панҷ фарзанд дорам, – мегӯяд сокини маҳаллаи Ободон Г. Эшмуродова. – Бекор будам. Аз хурдӣ ба кашидадӯзӣ шавқ дорам, вале дар маҳаллаамон зани бо меҳр меомӯзондагӣ набуд.  Кушода шудани  курси омӯзишӣ аз ҷониби ҳунарманди нуратоӣ мо – занону духтарони бекорро хурсанд намуд. Ҳоло асрори дӯзандагиро бозавқ омӯхта истодаам, ният дорам ба духтаронам низ ёд диҳам. 
Нақшаи ҳунармандон зиёд аст, дар ноҳияҳои дигар низ курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, ба занону духтароне, ки ба ин соҳа дилбастагӣ доранд, асрори ҳунарҳои миллии қадимаро омӯзонданианд. Назар ба гуфтаи мутахассисон солҳои охир талаб ба гилемҳои дастбофти пашмину абрешимин дар хориҷ низ зиёд аст. Имрӯзҳо диққати сайёҳон ба маҳсулоти ҳунармандии миллии мо беш аз пеш меафзояд, орзуву ормонҳои қадимаи момоёнамон ҷомаи амал мепӯшад.
Фирдавсии бузург фармудааст:
Куҷо беҳунар шуд 
асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар ҷо 
бувад сарфароз.
Бале, аҳли ҳунар дар ҳамаи асру замон сарфароз будаанд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: