МАКТАБИ МАҲОРАТИ МУСАВВИР

Расо 75 сол қабл яке аз асосгузорони мактаби нави рассомӣ дар ҷумҳурӣ устоди сахтгир, вале меҳрубону дилсӯз, дилбастаи Самарқанди қандманд, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Павел Бенков чашм аз олами ҳастӣ пӯшида буд.

Қабл аз ба роҳи вопасин гусел кардани ӯ дар назди бинои омӯзишгоҳи санъати тасвирии Самарқанд митинги мотам баргузор гардид. Ба ҳамин муносибат аҳли фарҳанг, рассомон, шогирдонаш, намояндагони идораҳои давлатӣ, хешу пайвандони марҳум ҷамъ омаданд. Дар гирдиҳамоӣ яке аз шогирдони вафодораш, мусаввири номдори кишвар Абдулҳақ Абдуллоев сухан кард:
– Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр, марги бешафқат аз байни мо асосгузори санъати тасвирии реалистӣ, инсони хоксору росткор, дилёбу дарёдил Павел Петрович Бенковро бурд. Вай тамоми умри худро барои тарбияи насли наврас бахшида буд. Аз ҳама муҳимаш, ба шаҳри Самарқанд меҳру муҳаббати хоса дошт. Аксарияти асарҳояш ба шаҳри мо, одамони сарбаланд, меҳнатдӯсти одӣ, ёдгориҳои таърихӣ бахшида шудаанд, ки ҳоло дар осорхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва қитъаҳои гуногун маҳфузанд. Бузургон фармудаанд:
Фаромӯш макун ҳаққи устоди 
илм, 
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Меҳри устоди арҷманд Павел Петрович дар дили мо абадӣ хоҳад монд.
Дигарон низ доир ба хислатҳои ҳамидаи ӯ сухан ба миён оварданд, дертар хотираҳои ҳамкорону шогирдони ӯ дар шакли китоби алоҳида чоп шуд.
СУҲБАТИ ҶОНПАРВАР АСТ СУҲБАТИ ОМӮЗГОР

Ҳаққи устод аз падар беш аст, 
В-аз падар устод дар пеш аст. 
Шодравон Павел Бенков то муҳоҷират ба Осиёи Миёна дар Русия омӯзгору наққош буд. Аз ин рӯ, барои тарбияи насли наврас ба Ӯзбекистон фиристонда шуд. Дар вақти ба Самарқанд омадани ӯ омӯзишгоҳи санъати тасвирӣ созмон дода шуд ва соли 1930 Павел Бенков муаллими омӯзишгоҳи санъати тасвирӣ таъин гардид. Вай дар гузари Қӯшҳавзи атрофи маҷмааи Регистон манзил гирифта, забони мардуми таҳҷоӣ – тоҷикиро омӯхта, ба урфу одатҳои онҳо мароқ зоҳир намуд, ба эҳтироми мардуми гирду атроф, бахусус шогирдонаш сазовор гардид.
Вай кӯшиш ба харҷ медод, ки шогирдонаш асрори расмкаширо аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ пурра омӯзанд. Албатта, худ низ асарҳои нотакрору ҳунармандонаи хешро офарида, ба ҳукми мухлисон ҳавола мекард. Дар майдони Регистон, маҷмааи Шоҳизинда, Бибихонум ва дигар ҷойҳои таърихӣ бо шогирдон расм кашида, истеъдоди онҳоро сайқал медод. Павел Петрович кӯшиш мекард, ки ҷавонони маҳаллӣ навовар, дақиқназар ва мушоҳидакор бошанд. Он чизе, ки дигарон намебинанд ё аҳамият намедиҳанд, онҳо бинанд ва ба тасвир гиранд. Хато ва иштибоҳи шогирдонро бидуни садобаландкунӣ, дағалӣ ва пастзанӣ фаҳмонда медод. Инчунин, бамаврид ситоиш карда, рӯҳи онҳоро мебардошт. Асарҳои шогирдонро ба озмунҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ирсол намуда, маълуму машҳур мекард. 
Соли 1933 12 нафар «парастуҳои нахустин» пар кушода дар театру мактабҳои ҷумҳурӣ бо корҳои фоидабахши ҷамъиятӣ машғул шуданд. Бо гузашти айём дастпарварони зиёди омӯзишгоҳ дар шаҳри бостонӣ ва вилоятҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон бо касби рассомӣ ҳурмату эҳтиром пайдо карданд. Абдулҳақ Абдуллоев, Малик Набиев, Сафо Муҳаммадов, Шамсия Ҳасанова, Рашид Темуров, Ашур Ҳайдаров, Даврон Сафозода, Нина Истомина ва садҳо рассомони ҷавон аз Бенков таълим гирифта, соҳиби нуфузу унвонҳои баланд шудаанд. 
Шояд аз ҳамин сабаб соли 1938 Павел Бенков бо унвони «Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сарфароз гардонда шуд. 

АЗ МАРДИ НЕК – НОМИ НЕК 

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели 
кулфат аст, 
Шамъ чун хомӯш гардад, доғи 
маҳфил мешавад. 
(Абдулқодири БЕДИЛ).
 16-уми январи соли 1949 қалби мусаввир –  аз таппиш монд. Бо қарори ҳукумати  Ӯзбекистон омӯзишгоҳи санъати тасвирии Самарқанд, дертар чунин омӯзишгоҳ дар шаҳри Тошканд номи ӯро гирифт ва кӯчае ба номаш гузошта шуд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мардуми таҳҷоӣ ва мухлисони санъати тасвирӣ номи Бенковро ба некӣ ёд мекунанд. Вале сад афсӯс, ки соҳибкоре ҳавлиашро харида гирифту ҳоло имкон нест, ки дар он ҷо осорхонаи устоди мусаввирони кишвари азизамон созмон дода шавад. 
Воқеан, чанд нафар ҳатто хостаанд, ки номи кӯчаи ӯ ба «Бунёдкор» табдил дода шавад. Аммо равшанфикрони самарқандӣ ба ин носипосӣ роҳ надоданд, зеро хидматҳои устод Бенков барои рушди санъати тасвирии кишвар кам нест.
Бояд ёдрас намоем, ки имрӯз дар Осорхонаи давлатии таърихи маданият ба муносибати 145-солагии наққош зери номи «Бенков ва мактаби эҷодии ӯ» анҷумани ҷумҳуриявии илмӣ–амалӣ баргузор гардид.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: