ГИРОМИДОШТИ РӮДАКӢ

21-уми сентябри соли равон дар назди муҷассамаи асосгузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар шоҳроҳи ба номи шоир бахшида ба бузургдошти осори гаронбаҳои ӯ чорабинии адабию фарҳангӣ ва тақдимоти китоби тозанашри «Рубоиёт»-и шоир гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва рӯзномаи «Овози Самарқанд» ташкил гардида, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, шоиру нависандагон, профессор-устодон, дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳунарпешагон иштирокдорони ҳамоиш буданд.
Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Х.Очилов, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд С. Саъдиев, доктори фанҳои филологӣ Ҷ. Ҳамроев, сармуҳаррири «Овози Самарқанд» Б.Раҳмонов, эҷодкорон А.Қамарзода, Н.Каримзода, А.Шукуров, раиси маҳаллаи “Истиқбол”-и шаҳр Ӯ.Ҳоҷиев баромад карданд ва дар бораи рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори устоди сухан, мавқеи Рӯдакӣ дар рушди адабиёти форс-тоҷик, мазмуну мундариҷаи китоби «Рубоиёт»-и шоир, ки чанде пеш таҳти ташаббуси «Овози Самарқанд» рӯи чоп омад ва рубоиёти шоирро дар ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ фаро мегирад, сухан гуфтанд.
– Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чун нобиғаи беназири таърих шинохта шудааст, – гуфт С. Саъдиев. – Яке аз хидматҳои ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва дӯст доштани обу хоки ватан саҳми шоиста гузоштааст. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «Одамушшуаро», «Устоди сухан», «Устоди шоирон», «Устоди Аҷам» бо эҳтиром сухан гуфтаанд.
Дар идомаи тадбир доир ба омӯхтани осори шоир дар замони имрӯза, корҳои илмие, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, ташкили маҳфилҳои рӯдакихонӣ ва аҳамияти он дар тарбияи ҷавонон сухан рафт. Зикр гашт, ки ҳоло баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ мекунанд. 
– Панду ҳикматҳои Рӯдакӣ, ки дар бораи омӯзиши зиндагӣ ва ҳикматҳои ҳаёт, некӣ ва покахлоқӣ мебошанд, аҳамияти калони таълимӣ дошта, барои тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, озодандешӣ, ватандӯстӣ, ташаббускорӣ хизмат мекунанд, – гуфт Б. Раҳмонов. –  Ин аст, ки шоир обрӯву эътибори ҷаҳонӣ дорад. Соли гузашта дар рӯзи истиқболи Рӯзи бузургдошти Рӯдакӣ нияти гузоштани муҷассамаи шоирро карда будем. Инак, имсол дар ин майдони обод, дар пеши муҷассамаи Одамушшуаро гирдиҳам омадаем. Ин албатта, самараи сиёсати хирадмандонаи Президент мебошад, ки дар мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо саҳифаи нав боз намуданд. 
Баромади санъаткорон ва қироати шеъру ғазалҳо ба чорабинӣ шукӯҳи идона бахшид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: