ЭЪТИБОР БА МАДАНИЯТ ВА САНЪАТ МЕАФЗОЯД

Алҳол дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти васеъмиқёс марҳила ба марҳила амалӣ гардида мушкилиҳои мавҷуда ҳаллу фасл мешаванд.

Алҳол дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти васеъмиқёс марҳила ба марҳила амалӣ гардида мушкилиҳои мавҷуда ҳаллу фасл мешаванд. Дар ин бобат соҳаҳои  маданият ва санъат  ҳам аз эътибор соқит нест, барои пешравии ин самтҳо низ чораҳои муфид татбиқ мегарданд.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои дар ҳаёти ҷамъият минбаъд афзудани мақом ва таъсири соҳаҳои маданият ва санъат» ва Қарори Раисҷумҳур «Дар бораи чораҳои  инкишоф додани  фаъолияти Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» эълон гардиданд. Ин фармону қарори сарвари давлат хурсандии мо – кормандони соҳаро дучанд карданд. 
Онҳо ба боз ҳам инкишоф додани  маданияти миллӣ, офаридани таърихи нави Ӯзбекистон, тарғибу ташвиқ ва ҳифз кардани мероси маданӣ, арзишҳои моддию ғайримоддӣ, оммавӣ гардонидани санъати шифоҳии халқ нигаронида шудаанд.
Дар кишвар гузаронидани «Ҷашнвораи байналхалқии мақом», «Ҷашнвораи байналхалқии бахшигӣ», «Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии Таронаҳои Шарқ», «Фестивали байналхалқии мусиқиву фолклории «Шоҳроҳи абрешим» ва «Фестивали байналхалқии «Сеҳри рақс» ба ҳукми анъана даромаданд. Баргузории ин чораву тадбирҳо гувоҳи дар ҷумҳуриамон афзудани эътибор ба соҳаҳои маданият ва санъат мебошад.
Дар саросари кишвар аз рӯйи Барномаи давлатии «Обод марказ» биноҳои марказҳои маданият аз таъмир ва тармими умумӣ бароварда шуда, ба дӯстдорони маданияту санъат дари худро боз карданд. Алҳол онҳо ба ҷойи дӯстдоштаи ҳаводорони санъат табдил ёфтаанд. Ҷавонон дар маҳфилҳои гуногуни доир ба мусиқӣ ва санъат фаъол иштирок менамоянд. Қобили қайд аст, ки бинои муҳташами Маркази маданият, ки дар маркази ноҳияамон воқеъ аст, баъди таъмир ва таҷдиди куллӣ ҳусни онро дучанд кард. 
Бо вуҷуди пешравиҳо ҳанӯз дар соҳаи маданият ва санъат масъалаҳои ҳалталаб мавҷуд буда, барои ҳаллу фасли онҳо саъю кӯшиш карда мешавад. Яъне ислоҳоти соҳа идома дорад, барои рушди муассисаҳои маданият корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
Барои зиёд кардани шавқу завқи насли наврас ба маданияти миллӣ ва ба роҳ мондани истироҳати фарҳангии онҳо, ташкил кардани «Театрҳои лӯхтак» ва сохтмони биноҳои театр, аз ҷумла дар вилоят пешбинӣ шудааст. 
Тавре ки маълум аст, дар ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ ҳамчун филиали Осорхонаи давлатии маданият ва таърих, ташкил кардани осорхонаҳои кишваршиносӣ пешбинӣ шудааст.
Барои рағбатноксозии кормандони маданият ва санъат, ки дар ҷомеа мақоми муносиби худро доранд, ҳар сол 15-апрел «Рӯзи кормандони маданият ва санъати Ӯзбекистон» эълон гардид.
Мо бо ҳамдиёронамон Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Меҳрӣ Бекҷонова ва санъаткорони боистеъдод, бародарон Искандар ва Самандар Ҳамроқуловҳо, ки дар пойтахт кору эҷод мекунанд, ифтихор дорем. Умедворем, ки дар оянда низ аз ноҳияамон чунин санъаткорони соҳибистеъдод ба камол мерасанд.


Гӯзал ҲУСАНОВА, 
мудири шуъбаи маданияти ноҳияи Попи вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: