Теҳрон мизбони анҷумани тиҷоратии Ӯзбекистону Эрон мешавад

Дар Эрон миёни Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон оид ба баргузории анҷумани тиҷоратии Ӯзбекистону Эрон гуфтушунид сурат гирифт.

Дар мулоқот масъалаҳои ташкилии баргузории форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Эрон дар таърихи 17 июни соли ҷорӣ ва нахустин ҷаласаи Кумитаи соҳибкорон бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Эрон ба таври муфассал баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: