МАНЗИЛИ САЙЁҲӢ: ЧАНОРИ ПИР ВА ЧАШМАИ НОТАКРОР

Саёҳати навбатии мо ба деҳаи Қуруқсой, ки дар минтақаи Қалқамаи ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё воқеъ аст.

Чанори панҷасраи деҳа моро ба ин макон бурд. Мо ҳамроҳи мухбири суратгир ба сӯйи кӯҳистон раҳсипор шудем. Ҳар дафъае, ки ба минтақаи кӯҳӣ равем, бо таассуроти зиёд бармегардем. Зеро табиати рангоранги кӯҳистон ҳар касро ба худ ҷалб мекунад.
Ҳамин ки мо аз маркази ноҳия дур шудем, талу теппаҳо пеш омад. Майсаҳои баҳорӣ аллакай зард шудаанд. Чорводороне, ки хошок ҷамъоварӣ карда, чорво мечарониданд, аз дур намоён буданд. Вақте ки ба кӯҳ наздик мешавед, сардии ҳаворо ҳис мекунед. Саёҳати мо ба рӯзи бозори сокинони Қалқама рост омад. Роҳи қариб яккилометра пур аз одамон, техника ва маҳсулоти ба фурӯшбаровардашуда буд. Мо аз фурсат истифода бурда, бозорро тамошо кардем. 
Намои бозори қадимаро дар афсонаҳо ба хотир оред. Бозори пашм, бозори гул... Ин манзара дар бозори Қалқама ба чашм мерасад. Агар ба бозори Қалқама биёед «ширмоҳӣ» нахӯрда наравед. Ҳамсафарони аз ноҳия ҳамроҳшуда моро ба ошхона даъват карданд. Дар умрам чунин таом нахӯрдаам. Маълум мешавад, ки «ширмоҳӣ» моҳии хурд аст, ки танҳо дар дарёи обаш ширин зиндагӣ мекунад ва таоми аз он тайёршуда хеле болаззат мешавад. Ба ҳар ҳол мо ба ин боварӣ ҳосил кардем. Маълумоти пурарзиши дигар ин аст, ки таомҳои аз ин навъи моҳӣ омодашуда танҳо дар бозори Қалқама арзон мебошанд.
Мо роҳро давом додем. Кӯҳҳои Қалқама аз кӯҳҳои дигар фарқ мекунанд. Дар баробари сангҳои пурҳашамат, қабати хок низ ғафс аст. Баъди ба кӯҳ баромадан обанбори Қалқама, ки панҷяки обаш боқӣ монда буд, дар пеши назарамон пайдо шуд. Ин обанбор аз оби сел пур шуда, барои обёрии зироати хоҷагии қишлоқ истифода мешавад. Аввал теппаҳо ба дарёҳо пайваст, баъд роҳҳои ҳақиқии кӯҳистон оғоз ёфтанд. Ниҳоят, ба деҳаи Қуруқсой расидем, ки дар он дарахти бостонии чанор воқеъ аст. Пирони ин сарзамин таъкид мекунанд, ки дар деҳа беш аз 400 хонаводаи мутааллиқ ба қавми юзҳои қадим зиндагӣ мекунанд. 
Ба ҷойи маълумот, сокинони ҳар минтақаи муқими Чироқчӣ аз синни ҳафт то ҳафтодсола ба кадом қавм тааллуқ доштани худро медонанд. Дар ин хусус ҳатто муаррихи машҳур ҳам бо онҳо баҳс карда наметавонад. Ҳатто ба меҳмонӣ равед ҳам, саволи аввал ин аст: «Шумо аз кадом қавм ҳастед?» Агар шумо чунин маълумот надошта бошед ҳам, хавотир накашед, онҳо аз намуди зоҳирӣ ва шаҷараатон қавматонро муайян мекунанд. Таърихи деҳаи Қуруқсой низ ҳайратовар аст. Чунон ки мегӯянд, як вақтҳо деҳа мамнӯъгоҳе буду дарахтони арча ва чашмаҳои мусаффо дошт. Аз куҷое ҷангал оташ мегирад. Аксари дарахтон месӯзанд. Мамнӯъгоҳи сабз ба кӯҳи хушк табдил меёбад. Рӯдҳо ҳам хушк мешаванд ва номи Қуруқсойро мегирад.                                                                                                                                                  Моро ҳамон чанори азим, ки 12 метр қутр дошт, «пешвоз» гирифт. Бузургии ӯро аз сояаш низ фаҳмидан мумкин аст. Нури офтоб аз ғафсии соя поён намеафтад. Дар зери чанор суфаи хурд барои истироҳаткунандагон сохта шудааст. Мо дар он нишаста аз ҳавои тоза нафас гирифтем. Гурӯҳи эҷодӣ ва 8 нафаре, ки аз гирду атроф ҷамъ омада буданд, дарахти чанорро ба қадри кофӣ ба оғӯш гирифта натавонистем. Мо боз чор нафарро ба ёрӣ даъват кардем. Танҳо баъди ин муяссар шуд, ки даст ба дасти якдигар диҳем. Пирони деҳа қиссаҳои марбут ба таърихи ин чанорро чунин нақл карданд: 
– Дарахти чанор таърихи беш аз панҷ қарнро дорад, – гуфт Ҳамробобо Сиддиқов. — Мувофиқи маълумоте, ки аз ниёгони мо расида, чанорҳо дар замони Мирзо Улуғбек шинонда шудаанд. Мирзо Улугбек ба илми астрономия шавқу хавас дошт, аз ин рӯ, ин чанорро мувофиқи ҷойгиршавии ситораҳо шинонда, ҳар дафъае, ки меомад, ҷойивазкунии ситораҳоро ба мушоҳида мегирифт.
Мо намедонем, ки ин ҳикояҳо то куҷо ба ҳақиқат наздиканд. Дар ин бора ягон маълумот нагирифтем. Аммо як чиз аниқ аст: дарахти чаноре, ки дар лаби оби чашма шинонда шудааст, ба бисёр роҳгузарону сайёҳон хидмат расондааст, шоҳиди воқеаҳои таърихист. 
Сокинони минтақа асосан бо лалмикорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Хусусан ангури боғдорони қуруқсойӣ таъми хосса доранд. Масалан, Мурод Хӯҷаёров ҳоло 65-сола аст ва дар замини наздиҳавлӣ 40 сотих токзор дорад.
– Ин токзорро падаркалони мо бунёд кардааст ва аксарияташон аз ман бузургсолтаранд, – мегӯяд М. Хоҷаёров. — Шохаҳо дар ду-се сол як маротиба нав карда мешаванд. Мо бо оила дар токзор кор мекунем. Асосан навъи мавизи сиёҳу сафед шинонда шудааст. Навъҳои дигар низ мавҷуданд. Мо соле 2,5-3 тонна ангур мефурушем. Зиёда аз 500 килограмм мавиз истеҳсол карда мешавад. Ба бозор намеравем, харидорон худашон аз хона гирифта мебаранд. Даромадамон аз ҳамин аст. 
Шароити кӯҳсор душвор, вале одами меҳнаткарда кам намешавад. Мардуми деҳа хеле самимианд. Ҳоло дар деҳа 54 чашма мавҷуд. Ҳар як чашма номҳои худро доранд. Маъруфтарини онҳо «Мақтанчоқ булоқ» мебошад. Номи он шавқи моро бедор кард. Бино ба маълумот, ин чашмаро як модари пири Чуччӣ баъди он, ки пири деҳаи қисми боло об намедиҳад, бо дастонаш ва чашмони гирёнаш кофтааст. Дар ин ҷо чашмаи нотакроре пайдо шуда, то имруз қариб нисфи аҳолии деҳа аз он баҳра мегиранд. Мо низ аз оби чашма нӯшидем. Мегӯянд, шахсе, ки оби онро як бор нӯшад, пас аз муддате рӯҳаш болида мешавад. Илова бар ин, ӯ худро серғайрат ҳис мекунад.
Оби чашмае, ки аз қаъри замини саховатманд ҷорӣ мешавад, ба одамон ҳаёт мебахшад. 

 Ӯлмас БАРОТОВ,
 мухбири ӮзА.
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.
Суратгир: 
Ҷ. НОРҚОБИЛОВ ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: