АШКИ ҲАМДАРДӢ

Афсона, бо вуҷуди он, ки он шаб дер хоб карда буд, пагоҳӣ барвақт хест.

Афсона, бо вуҷуди он, ки он шаб дер хоб карда буд, пагоҳӣ барвақт хест. Модараш рӯ ба сӯйи девор гардонда, чашмонашро пӯшида буд.
–Хайрият, – гуфт Афсона дар дил, – хобаш бурдааст. 
Дасту рӯяшро шусту аввал ба рӯйи ҳавлӣ об зад, баъд ба рӯфтан даромад. Ҳанӯз ними ҳавлиро нарӯфта буд, ки сурфаи модараш чун ҳарвақта баланд шуд. Афсона сӯйи ҷогаҳи модараш давид. Ин вақт падараш ба даҳони ӯ пиёлаи обро медошт. Модараш доруро хӯрду каме ором шуд. Падар вақте дид, ки зан андаке ором гирифт, дар даҳон сигорро гузошту берун баромад. Онҳо танҳо монданд. Чашмони Афсона об гирифт.
– Очаҷон, шуморо ба беморхона бурдан лозим, – гуфт бо панҷаҳояш сару рӯяшро силакунон. – Ҳамин шаб хоб накардед. Сурфаатон боз авҷ кард. Бе шумо ҳоли ман чӣ мешавад?
Дар чашмони модар ашк ҳалқа зад. Афсонаро ба сари сина пахш карду гуфт:
– Духтарҷонам, нури дидагонам, ягона дилбанди ман дар ҷаҳон. Аз духтур дигар фоида нест. Аз афташ рӯзам пур шудааст. Худоро шукр, падарату бибиат, холагону аммаҳоят ҳастанд. Ҳамсоя – кампири  афсонагӯ холаи Назокат туро танҳо намегузорад. Медонӣ, вай ба ту номи Афсонаро дода буд. Бигузор, гуфт, ҳаёташ мисли афсона ширин шавад. Илоҳо, орзуи момо ҷомаи амал пӯшад. Худро танҳо ҳис накун, ман аз ин дунё равам ҳам, рӯҳам ҳамеша дар паҳлуят мешавад. Агар хоҳад, мон, падарат ба хонаамон модари нав орад. Мисле ки ба ман муносибат мекунӣ, ба модари нават ҳам ҳамин хел муносибат кун, ҳурматашро ба ҷо овар.
– Не, не, очаҷон, шумо мисли момои Назокат умри дароз мебинед, ба оча гуфтани ягон зан забонам намегардад.
Ин дам сурфаи зан авҷ кард, ба ҷойи балғам, хун туф кард. Ёрии таъҷилӣ низ, ки падараш ҷеғ зада буд, расида омад. Занро ба беморхона бурданд. Ҳамон бегоҳ риштаи умраш канда шуд. Дунё ба чашми Афсона торик шуд. Ин суханони модарро, ки гуфта буд: “Аз духтур дигар фоида нест” – ба ёд оварда  ашк мерехт...
Модараш орзуву ниятҳои ширин дошт. Духтари ягонаашро бо либоси сафеди арӯсӣ ба хонаи бахташ гусел кардан мехост. “Рӯзе дар кӯдакистон мураббӣ аз бачаҳо пурсидааст, ки калон шаванд кӣ мешаванд. Хурдакакон бо лафзи ширини худ муаллим, духтур, мураббӣ мешавам гуфтаанд. Ту бошӣ, келин мешавам гуфтаӣ” мегуфт модар бо табассум.    
Афсона аз ҳамааш хабар дорад. Солҳои тӯлонӣ падару модараш аз бефарзандӣ азият кашидаанд. Ягон табибу шифокор ба дарди онҳо шифо бахшида натавонистааст. Ҳатто наздиконашон маслиҳат додаанд, ки аз ҳамдигар ҷудо шаванд, яке ба дигар шавҳар барояду дигаре зан гирад. Аммо падару модараш ҷудоиро нахостаанд...
Афсона духтари чоруми холаи модараш – апаи Ҳусния мебошад. Вақте апаи Ҳусния духтари чорумашро таваллуд кард, шавҳараш ҷомаашро тамоман чаппа пӯшид. “Ту маро назди ҷӯраҳоям шарманда кардӣ, ман ҳам соҳиби писар шудан мехоҳам, бо сари баланд гаштан мехоҳам...” ғур-ғур мекард ӯ.
Косаи сабри апаи Ҳусния аз ин инҷиқиҳои шавҳар лабрез гардид. Ва ӯ маҷбур шуд, ки духтаракро ба ягон бефарзанд супорад...
Баъд аз вафоти модар Афсона гарчӣ даҳҳо ғамхор дошт ва дар канори ҳамсинфонаш буд, аммо худро  танҳо ҳис мекард. Падараш, барои он, ки вай ба тақдир тан диҳад, ҳама кори аз дасташ меомадагиро мекард. Ӯро ба тамошои шаҳр мебурд, ба ҳар баҳона чизе туҳфа мекард, зодрӯзашро ба таври бояду шояд мегузаронд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин, як гӯшаи дили Афсона холӣ буд. Ҳарчанд, бо мурури вақт, Афсона ба зиндагии муқаррарӣ бармегашт, вале чеҳраи модараш ҳеч аз пеши назараш дур намешуд. Хусусан, дугонаҳояш вақте ки ба таърифи модарашон мепардозанд, ғамаш рӯ мегирифт, мехост ба гӯшае рафта инони гиряро сар диҳад. Баъзан гуфтаи модар: “Рӯҳам ҳамеша дар паҳлӯят мешавад”-ро ба ёд оварда, мисле ки модараш дар паҳлӯяш бошад, бо ӯ  гап мезад...
Аз байн ду сол гузашт. Рӯзе бибиаш, ки бо кампири Назокат дар болои кати рӯйи ҳавлӣ гарми суҳбат буд, Афсонаро ба назди худ хонд. Вай, баъди хасрӯбаро ба халтачаи селофанӣ андохта дар гӯшае гузоштан, омада амонат дар гӯшаи кат нишаст. Кампири Назокат гапро аз дур сар кард:
– Духтарам, мана, аз моёнро танҳо гузошта рафтани модарат ду сол гузашт. Ба ҳамаамон ҳам осон не. Хусусан, ба марди хона – падарат душвор. Солаш ба ҷое нарафта бошад ҳам, қариб ними мӯйи сараш сафед шудааст. Мо қарор кардем, ки ба ту модари нав ёбем. Бибиат пир шудааст, агар дар хона сари вақт хӯроки гарм набошад, намешавад. Падарат то кай пӯшокашро худаш мешӯяд?
Бибиаш ба тақвияти сухани момо гуфт: “Момо дуруст мегӯяд, духтарҷонам, мағзи донакам. Ин хости Худо, ки баҳори умри Малоҳат барвақт хазон шуд. Ба тақдир бояд тан диҳем. То ману Назокат ҳастем, ту танҳо намемонӣ”.
Афсона бе ин ҳам ҳис мекард, ки бе модараш ба ҳама, хусусан, ба падари меҳрубонаш осон нест. Аз ин рӯ, хомӯширо ихтиёр кард, хилофи раъйи момоён чизе нагуфт. Вале ғайриихтиёр чашмонаш пури ашк шуданд.
Баъди се рӯз як хона мард ва як хона зан, баъди зиёфат ва никоҳ даст ба дуо бардоштанд: “Илоҳо, ҳамин ду бандаат қӯшапир шаванд!..”
Ҳамон рӯз ҳама хурсанд буданд, вале Афсона гапи хоҳари падарашро, ки гуфта буд: “Шӯрбахт мешавӣ, Афсона, модарандар ҷойи модарро намегирад”  ба ёд оварда, гиреҳи дилаш кушода намешуд.
Зиндагӣ давом мекард. Афсона  ба модарандар ҳеч рӯйи хуш намедод. Ба гапҳояш тунд ҷавоб медод.
Рӯзе модарандар ба хонаи Афсона даромада пурсид:
– Чаро гиря мекунӣ?
Афсона пушт ба ӯ гардонда гуфт:
– Модарамро пазмон шудам...
Зан даст ба  китфи Афсона гузошта гуфт:
– Ман ҳам модарамро пазмон мешудам. Вале илоҷи дидорбинӣ набуд. Вай ба манзиле рафта буд, ки ҳеч кас аз он ҷо баргашта наомадааст. Пасу пеш ҳама ба он манзил мераванд. Вақте ки модарам вафот кард, ман ҳам мисли ту хурдсол будам. Оби дидаам  хушк намешуд. Аммо модарам гашта наомад. Бо гузашти вақт калон шудам. Дигар ашк намерезам. Вале модарам ҳеч аз ёдам намеравад.
Афсона пурсид:
– Модари шумо ҳам барвақт вафот карда буд?
– Бале, барвақт вафот карда буд, духтарам. Чӣ будани бемодариро хуб медонам, – чашмони зан об гирифт.
Афсона каме сукут варзид ва баъд аз ҷо хеста занро ба оғӯш гирифт, дар ҳоле ки ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад, бо дастон ашки рухсори ӯро пок мекард. Ин ашки ҳамдардӣ буд. Дигар онҳо ба якдигар бегона набуданд...

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: