Дар ИМА ва Олмон чорабинии байналмилалии "Рӯзҳои IT-и Ӯзбекистон" баргузор хоҳад шуд

Қарори Президент “Дар бораи чораҳои иловагии рушди содироти хидмат дар соҳаи рақамикунонӣ дар кишвар" (ҚП № 87 аз 26.02.2024) қабул шуд.

Мувофиқи қарор инҳо ба амал бароварда мешаванд:

Барнома, ки ба рушди IT -саноат, бо ҷойҳои кории баландмузд ва касбҳои замонавӣ таъмин кардани аҳолии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо, инчунин ба минтақаҳо васеъ ҷалб намудани корхонаҳое, ки бо содироти хидматҳои IT (Zero Risk) машғуланд, нигаронда шудааст;

Лоиҳаи ворид намудани корхонаҳо ба  бозори байналмилалии IT, ки дар соҳаи хидмати IT -и бозори ватанӣ фаъолият нишон медиҳанд ва дастгирии фаъолияти содиротии онҳо (Local to Global).

Дар соли 2024 фаъолияти намояндагиҳои (филиалҳои) IT-парк дар Олмон ва Арабистони Саудӣ ташкил карда мешавад, ки фаъолияти асосии онҳо ба ҷалби фармоишҳо ба хадамоти IT барои корхонаҳои ватанӣ нигаронида шудааст.

Дар баробари ин, ба Маъмурияти IT-парк иҷозат дода мешавад, ки то 1 январи соли 2027 соле барои маблағгузории ҳар як  намояндагӣ (филиал) баробари то 200 ҳазор доллари ИМА ба мақсади ташкили фаъолияти онҳо дар мамлакатҳои хориҷии зикрёфта маблағ равона намояд.

Мунтазам чорабинии байналмилалии  "Рӯзҳои IT-и Ӯзбекистон"   дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар соли 2024 дар ИМА ва Олмон гузаронда хоҳад шуд, хабар медиҳад вазорати адлия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: