МУТАСАДДИЁН ТАҶРИБАИ ОҚДАРЁРО ОМӮХТАНД

Дар мактаби таълими умумии рақами 32-юми ноҳияи Оқдарё, ки 24-уми август Президент ташриф фармуд, бо иштироки ҳокимони шаҳру ноҳия, мутасаддиёни Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, мудирони шуъбаҳои минтақавии садорат семинар гузаронида шуд.

Дар мактаби мазкур аз моҳи апрели соли ҷорӣ фаъолияти маҳфилҳои забони англисӣ ва франсузӣ, бозомӯзии 16 намуди касбу ҳунар ба роҳ монда шудааст. 
– Дар мактаби мо ба сифати забони хориҷӣ забони англисӣ омӯхта мешавад, – гуфт директори мактаб Рустам Худойбердиев. – Донишомӯзон ба сифати забони дувум франсузиро интихоб карданд. Аз ин рӯ, маҳфили забони франсузиро ташкил кардем. Ба хонандагони мактаб аз синфи ҳафтум то синфи ёздаҳум ду забони хориҷӣ ва як касб омӯхта мешавад.  
Нахуст меҳмонон бо фаъолияти курсҳои касбу ҳунари мактаб шинос шуданд. Дар курси дӯзандагӣ духтаракони синфҳои болоӣ кӯрпача, болин ва дастархон медӯхтанд. Роҳбари курс Ҳилола Ҷӯраева гуфт, ки маҳсулоти дӯхтаи хонандагон дар бозор фурӯхта мешавад.
Дӯзанда Умеда Раҳмонова бошад, ба духтарон дӯхтани ҷомаро меомӯзонад. 
Дар мактаб ба писарбачаҳо сандалсозӣ, кулолӣ, кандакории чӯб, сартарошӣ, оҳангарӣ барин касбҳоро меомӯзанд. 
– Хонандагон дар курси сандалсозӣ тарзи замонавии сохтани сандалро меомӯзанд, – гуфт директори мактаб. – Ҷиҳати муосирии онҳо дар он аст, ки дар сандалҳои пешина лахча андозанд, ин сандалҳо бо нерӯи барқ кор мекунанд. Гармӣ ба меъёри муқаррарӣ расад, дастгоҳи гармидиҳӣ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад. Барои фурӯши сандалҳо дастури махсус таҳия гардида, сертификат гирифта шудааст. 
– Барои сохтани як сандал 53 ҳазор сӯм медиҳам, – гуфт усто Нурбек Мелибоев. – Донишомӯзон дар як соат метавонанд як сандал созанд. Нархи ин сандалҳо дар бозор 700 ҳазор сӯм аст. 
Бонувони маҳаллӣ дар зарфҳои сафолӣ ҷурғот тайёр карда, фурӯши онро дар шаҳри Самарқанд ба роҳ мондаанд. 
– Ба сайёҳоне, ки ба шаҳри Самарқанд омадаанд, ҷурғотро бо зарфаш мефурӯшем, – гуфт Нигина Ҳамроқулова. – Маҳсулоти мо ба меҳмонони шаҳрамон хеле писанд гардидааст. 
Дар мактаб донишомӯзоне ҳастанд, ки аз касби худ пул кор мекунанд. Дуруст, ки на ҳама хатмкунандагон ба муассисаҳои таълими олӣ дохил мешаванд. Ҷавононе, ки дар даст ҳунар доранд, пас аз ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан метавонанд фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ монанд. 
Боргоҳи таълимӣ озода ва хуб таъмир карда шудааст. Бахусус, китобхонаи мактаб ба меҳмонон таассуроти хуб гузошт.
– Дар бойгонии китобхонаи мактаб мавҷудияти 25 ҳазор китобро шунида, хурсанд шудам, – гуфт ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қаюм Собиров. – Худам ҳам ба ин мактаб китоб тӯҳфа кардам. Шароитҳои мактабро дида, ният кардам, ки дар мактабҳои дурдасти ноҳияи худамон ҳам барои донишомӯзон чунин имкониятҳоро фароҳам менамоем. Набояд фаромӯш кард, ки эътибор ба соҳаи таълим, ин пойдевори оянда аст.
Дар семинар муқаррар карда шуд, ки дар даҳтоӣ мактаби ҳар як шаҳру ноҳия зина ба зина чунин курсҳои касбомӯзӣ ташкил карда мешаванд. Ба онҳо бо дарназардошти шароити маҳаллии минтақа касбу ҳунарҳое, ки эҳтиёҷ бештар аст, омӯхта мешавад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: