ДАР БОҒИ ДОНИШУ МАЪРИФАТ

Дар ҳар ҷое, ки об ҳаст ободӣ, тозагиву озодагӣ, фаровонӣ, файзу барака ҳам мешавад.

Нахлҳои навбар ва ниҳолҳои гуногуни гул  нашъунамо меёбанд. Аз дарвоза ворид шудан замон, бӯйи хуши гули нозбӯ ба машом мерасад. Ман ин қабил манзараи зеборо дар ҳавлии бархе аз маърифатгоҳҳо борҳо дидаам. Обу ободӣ, гуфтаанд.  Аммо ин худ аз худ даст намедиҳад. Ба парвариши он меҳри дил  зарур аст...
Маърифатгоҳҳои таълимӣ ҳам ба боғҳо ва омӯзгоронаш ба боғбонон шабоҳат доранд. 
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 6-уми деҳаи Чаканд  дар қаламрави ноҳияи Янгиобод воқеъ аст ва дар ноҳия ягона муассисаи таълим ба забони тоҷикӣ мебошад. Ин мактаб солҳои охир пурра рӯйи  таъмирро дид. Ва акнун намои замонавӣ гирифтааст. Боғ ҳам дорад. Азбаски аз чашмаи болои деҳ  хати об кашида оварданд, нашъунамои буттаву дарахтон низ хуб аст.
– Дар соли хониши нав ду синфхонаи нав таъсис додем, –  мегӯяд сарвари мактаб Мавҷуда Турдиева. – Якеи он синфи омӯзондани қоидаи ҳаракати роҳ бошад, дигараш барои аз бар кардани ҳунари дӯзандагӣ баҳри духтарон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.  Дарсҳо дар синфи қоидаи ҳаракати роҳ дар асоси технологияи инноватсионӣ мегузаранд. Барои синфи касбу ҳунаромӯзӣ мошини дарздӯзӣ оварданд. Бояд гуфт, ки дар миқёси ноҳия ҳамагӣ дар ду мактаб: дар мо ва мактаби рақами 18-ум ҳамин гуна синфхонаҳо таъсис ёфтаанд.
Дар ҳамаи синфҳо дарсҳо ҷараён доштанд. Хурдтаракони синфҳои ибтидоӣ ҳамроҳи устодашон Раҳбарой Абдусамиева ва Райҳона Ҷӯраева барои аз бар намудани фазлу дониш кӯшиш мекарданд. Бо гӯши ҳуш гуфтаҳои устод – муаллимаашонро мешуниданд. Ба суолҳои онҳо посух медоданд. Бо як сухан дар боғи донишу маърифат мисле, ки боғбонон ниҳолҳои боғро бо меҳр  парвариш мекунанд, то ки мева диҳад, ин омӯзгорон ҳам пайи донишандӯзӣ ва маърифатнок шудани насли наврас камари ҳиммат бастаанд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Суратгир: 
Раҳимшоҳи 
ШАРИФЗОДА. 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: