НАХУСТИН ПАРАСТУҲОИ МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ ХАТМ КАРДАНД

Бо ташаббус ва ҷонибдории сарвари давлатамон Самарқанди куҳану ҳамеша ҷавон на танҳо ба бузургшаҳру маркази сайёҳон ва тиҷорати байналхалқӣ, инчунин илму фарҳанг низ табдил меёбад. Ташкил ёфтани Мактаби Президенти Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд далели ин фикр аст.

Боиси хушнудист, ки  имсол  24 нафар  толибилмони мактаби мазкур аллакай ба мактабҳои  олии бонуфузи Чин, Англия, Амрико, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо гранту имтиёзҳои гуногун дохил шудаанд. 
Дар китобхонаи Маркази захираи ахбори ба номи Пушкин вохӯрӣ бо нахустин парастуҳои ин мактаб ба вуқӯъ пайваст. 
Басуханбаромадагон, ба хатмкунандагон комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд. 
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки боз аз вилояти Самарқанд ба мактаби Президент 430 нафар ҷавонони соҳибистеъдод интихоб шуда, баъди супурдани имтиҳонҳо бо иштироки устодону омӯзгорони хо-риҷӣ қабул хоҳанд шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: