«ЛУҒАТИ ТАФСИРИИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ» МОЛИКИЯТИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ АВСТРИЯ ВА КИТОБХОНАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ВЕНГРИЯ ГАРДИД

Панҷ ҷилди луғати тафсирии забони ӯзбекӣ фонди Китобхонаи миллии Австрияро зебу оро дода, коллексияи фонди Академияи илмҳои Венгрияро пурра намуд.

Панҷ ҷилди луғати тафсирии забони ӯзбекӣ фонди Китобхонаи миллии Австрияро зебу оро дода, коллексияи фонди Академияи илмҳои Венгрияро пурра намуд.
Сафири Ӯзбекистон дар Австрия Абат Файзуллаев ба ҷониби Австрия ва Венгрия китобҳои «Луғати тафсирии забони ӯзбекӣ»-ро, ки онро Донишкадаи забону адабиёти ӯзбек ва фолклори Академияи илмҳои Ӯзбекистон дубора нашр кардааст ва беш аз 80 ҳазор калима ва ибораҳои дар забони адабии ӯзбек маъмулро фаро мегирад, тақдим кард.
Ин рӯйдод яке аз чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ буд, ки дар шаҳрҳои Вена ва Будапешт аз ҷониби Сафорати Ӯзбекистон дар Австрия баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин дар бораи кушодани бахши «Забон ва адабиёти ӯзбек» дар Китобхонаи миллии Австрия созишнома ба имзо расид.
Шарикони хориҷӣ бо сиёсати забон, ки дар Ӯзбекистон пеш бурда мешавад ва самтҳои афзалиятноки он, ки ба рушди минбаъдаи забони ӯзбекӣ, таҳкими нақш ва мақоми он дар ҳаёти ҷомеа, инчунин ба арзиши миллӣ табдил додани он нигаронда шудаанд, шинос шуданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Ӯзбекистон ба таҳкими нақш ва аҳамияти забони ӯзбекӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ эътибори махсус медиҳад. Ба намояндагони ҷониби Австрия ва Венгрия дар бораи қоидаҳои асосии фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ» маълумот дода шуд.
Тавре директори шуъ-баи ҳамкориҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Австрия Имгред Ҳаррар қайд кард, имзои қонун «Дар бораи муқаррар намудани Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ», бешубҳа, барои тамоми халқи ӯзбек як рӯйдоди таърихӣ мебошад. Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ эълон шудани 21 октябр бори дигар таваҷҷӯҳи бузургро ба ҳифзи забони миллӣ ҳамчун мерос ва шаъну эътибори Ӯзбекистон тасдиқ мекунад.
Президенти Академияи илмҳо Томаш Фройнд мардуми Ӯзбекистонро бо Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ самимона табрик гуфт ва ба ҳарчи зудтар мустаҳкам шудани мақом ва нуфузи забони ӯзбекӣ дар арсаи байналмилалӣ изҳори боварӣ кард.
Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории зич байни китобхонаи Академияи илмҳои Венгрия, китобхонаи миллии Австрия бо Донишкадаи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоии Ӯзбекистон барои омӯзиши муштараки фондҳои китобхона, инчунин табодули таҷриба ва мутахассисон ба мувофиқа расиданд.
Китобхонаи миллии Австрия соли 1368 таъсис ёфтааст ва дар Австрия калонтарин ва дар Аврупо яке аз қадимтарин фондҳои китоб ба ҳисоб меравад. Дар фондҳои он зиёда аз 7,5 миллион китоб мавҷуд аст. Дар китобхона инчунин маҷмӯи дастхатҳо ва нашрҳои бори аввал чопшуда, глобусҳо ва харитаҳо, портретҳо, инчунин бойгонии ҳуҷҷатҳои таърихии аксҳо мавҷуданд.
Академияи илмҳои Венгрия, ки соли 1825 таъсис ёфтааст, яке аз китобхонаҳои беназир дар ҷаҳони муосир дорад. Маҷмӯи дастхатҳои нодири муаллифон ва мутафаккирони асрҳои миёна ва шарқ, ки дар китобхона ҷамъ оварда шудаанд, ганҷинаи бебаҳоест, ки мероси фарҳангии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад.

АИ «Дунё»,
ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: