ОМӮЗГОРИ НАКУНОМ

Ба фаъолияти омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 17-уми шаҳри Ангрен Рухшона Абдуқодирова қаблан аз тариқи саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» андак ошноӣ пайдо карда будам.

Барои ҳамин дидору суҳбат бо ӯ маро ба ин мактаби вилояти Тошканд овард. 
Дар саҳни ҳавлии мактаб мудир Зебо Маҳкамова маро  ба утоқи худ раҳнамоӣ кард. 
Ҳоло дар ин мактаби ягонаи соф тоҷикии шаҳр қариб якуним ҳазор фарзандони мардум таҳсил мекунанд. Ба онҳо 83 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд, ки 76 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Ба теъдоди боқимонда соҳибони маълумоти миёнаи махсус ва донишҷӯёне шомиланд, ки дар арафаи гирифтани диплом ҳастанд. 
Рухшона Абдуқодирова соли 1993 мактабро хатм кардааст. Баъди таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба мактаби мазкур ба кор омад, ки падару модараш – Баҳриддин ва Бибинисо Муҳиддинова низ он ҷо кор мекарданд.
– Модарам аз забону адабиёт ва падарам аз физикаву меҳнат сабақ медоданд. Ман дар пайравӣ бо модарам фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро интихоб кардам. Аз соли 1998 ба ин сӯ дар ҳамин мактаб кор мекунам ва ҳоло дар синфҳои VII-XI дарс мегӯям, – гуфт дар оғози суҳбат Рухшона. 
– Мегӯянд, ки ба ин мактаб мудир тайин шудани Зебо Маҳкамова табаддулоти фарҳангӣ ба бор овард... 
– Ин воқеъият аст. Рости гап, Маҳкамова хислати ҷиддӣ доранд. Ҳарчанд он касро ба мақоми сардори садорати таълими томактабӣ ва мактабии шаҳри Ангрен пешбарӣ карданд, аммо аз мо нарафтанд. Зебоапа хостанд, ки рейтинги ин мактабро дар байни мактабҳои шаҳру вилоятамон боло бардоранд. Ҳоло шуҳрати мактаби мо берун аз шаҳру вилоят низ маълум аст. Аз шароити оилавии муаллимон огоҳ ҳастанд ва дар зарурат ҳар яки моро дастгирӣ мекунанд, вале дар сахтгирӣ низ ҳамто надоранд. Ҳамаи он, бе чуну чаро, ба нафъи ҷамоа ва пешравии кори мактаб аст.
– Нуфуз ва эътибору эҳтироми ҳар як муаллимро ба он вобаста мешуморанд, ки шогирдонаш дар бобати ҳимояи шуҳрати мактаб ва ҷамоаи омӯзгорони он то чӣ андоза назаррас мебошад...  
– Оре, ҳадафи асосӣ ҳарчи бештар таъмин кардани ширкати шогирдонамон дар озмунҳо мебошад. Ҳамаи мо дар роҳи расидан ба ин аҳдоф талошҳои зиёд ба харҷ медиҳем. Хушбахтона, ҳоло як идда шогирдонамон аз роҳи гранти давлатӣ дар донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд.
– Шумо муқарризи китобҳои дарсӣ низ будед...
– Бале, дар ин самт бо Инспексияи давлатии назорати сифати таълими ҷумҳурӣ шартнома баста, ба чанд китоби дарсӣ тақриз навиштам. Мақсад беҳбуди сифати китобҳои дарсӣ аст, ки аз рӯи он ба донишомӯзони мактаб сабақ дода мешавад. Ин китобҳои дарсӣ бояд аз хатову нуқсонҳо орӣ бошанд. Агар матнҳои китобҳои дарсӣ ба талаби мавзӯи ҳамон дарс ва синну соли донишомӯзон ҷавобгӯ набошад, чунин китобҳо қобили истифода намебошанд. Бо муаллимаи тоифаи олӣ Фирӯза Маъруфова, ки дар ҳамин мактаб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд, дар таълифу таҳияи тестҳо бо инспексияи давлатӣ ҳамкорӣ мекунем. Баъзан тарҷимаи тестҳо бар дӯшамон вогузорӣ мегардад, ки барои макотиби таҳсилоти умумии тоҷикӣ ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ муқаррар шудааст.
– Шуморо ҳайати доварони озмунҳо қаноатманд месозад? 
 – На ҳамеша. Ба фикри ман дар шумори аъзои ҳайати доварони озмуну олимпиадаҳои чи вилоятӣ ва чи ҷумҳуриявӣ аксариятро омӯзгорони дорои тоифаи олии мактабҳои таҳсилоти умумӣ бояд ташкил кунанд. Онҳо барои таъмини шаффофият дастаҷамъона талош мекунанд ва намегузоранд, ки «воситачи»-ҳо ба натиҷагирии он мудохила намоянд.
– Худи шумо бо иншои ғолибони ҷойҳои ифтихории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ошно шудед?
– Бале, аз рӯи мутолиаи иншоҳо ба чунин натиҷа расидам, ки танҳо яке аз иншоҳо қудрати ғолибиятро барои соҳиби худ таъмин карда метавонист. 
– Дар робита бо тестҳое, ки аз тарафи ашхоси дигар таҳияву таълиф шудааст, чӣ назар дода метавонед?
– Чизи ягонае, ки бояд фаромӯш нагардад, талаба будани супорандагони тестҳо аст. Шогирдони мактабҳои тоҷикӣ дар зинаҳои аввали омӯзиши дақиқи илму фан ҳастанд ва ба онҳо намешавад, ки мисли донишҷӯ ё магистрант муомилаву муносибат кард. Манзурам, саволҳои тест дар ҳамин замина бояд таҳияву таълиф карда шаванд, то ки шогирдони мактабҳо баъди эълони натиҷаҳо дар назди фарзандони ақвоми дигар рӯҳафтода нагарданд. Зеро одат шудааст, ки барои ҷавоб ба суолҳои тести тоҷикӣ холҳои паст гузошта мешаванд ва ин чандон дуруст нест.
– Аксари муаллимони забон ва адабиёти тоҷик шиква мекунанд, ки ставкаи дарсҳо пойин рафтааст ва ин аз нигоҳи моддӣ онҳоро ҳаргиз қаноат намедиҳад.
 – Ин ба яке аз муаммоҳои сарпечидаи ин давру замон табдил ёфтааст. Барои синфҳои 6-11 мактабҳои тоҷикӣ дарси забони модарӣ ҳамагӣ яксоатӣ монда шудааст. Дар синфҳои 9-11 бошад, дарси адабиёт яксоатӣ муқаррар шудааст. 
Магар ин аз рӯи адолат аст?  Талаба наметавонад дар як соати ҳафта ин фанҳоро азхуд кунад ва дониши казоӣ пайдо кунад. Оё муаллим дар ин гуна шароит метавонад шогирдони худро ба озмунҳову олимпиадаҳои фаннӣ тайёр кунад? Дар масъалаи тақсими дарсҳо барои мактабҳои тоҷикӣ Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бояд таҷдиди назар намояд. Дар мактаби мо Шаҳло Бобоҷонова, Нозим Намозов, Фирӯза Маъруфова ва банда маҷбур ҳастем, ки бо вуҷуди камии маош бештар кор кунем ва сарамон дар назди маъмурияти мактаб ва падару модарон баланд бошад. Дар муддати понздаҳ соли охир шогирдони мо дар озмунҳои  вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Ин муваффақият натиҷаи меҳнати пурсамар мебошад.
Президенти мамлакат барои барқарории обрӯву эътибор ва боло бардоштани қадру манзалати омӯзгор қарору фармонҳои ҷолиб содир менамояд. Ҳоло ба ҳамаи ташкилотҳои давлатӣ дастур дода шудааст, ки ягон омӯзгор ба корҳои беруназмактабӣ ҷалб карда нашавад. Қадршиносии омӯзгор баъзан аз мадди хотири роҳбарони идораҳо низ дур мондааст. Ҳар гуна қадршиносӣ омӯзгорро рӯҳбаланд мегардонад ва шавқу рағбати ӯро нисбат ба касбу кор меафзояд.
– Яке аз рукнҳои дигари кори маъмурияти мактаб ва ҷамоаи омӯзгорон алоқаи наздик бо падару модарон аст. Оё падару модарон ҷараёни дарсҳоро омада мушоҳида мекунанд? 
 – Мо аз падару модарони фаъол хеле хурсандем. Онҳо нисбати кори таълиму тарбияи фарзандони худ бетафовут нестанд. Шоира Шамсиддинова, Умед Собиров, Замира Мавлонқулова барин волидон ҳамеша бо мактаб дар робитаи наздик қарор доранд.
Ман дар ҳайратам, ки чаро ба муаллимони забони тоҷикӣ маблағи иловагӣ дода намешавад. Чаро барои онҳо озмуни «Муаллими сол» ҷорӣ карда нашудааст?  
Донишомӯзони мактаби рақами 17 ба репетиторҳо ниёз надоранд. Соли равон аз фориғуттаҳсилони мактабамон 33 нафар ба макотиби олӣ дохил шуданд. Ҳоло мо саъйу кӯшиш дорем, ки мактабамон ба «Мактаби президентӣ» баробар шавад ва ин миссия барои ҳар як омӯзгори он дар радаи аввал қарор гирифтааст. Аммо таҳсил дар мактаби мо дар ду баст сурат мегирад. Барои маҳфилгузаронӣ ҷой намерасад, бо вуҷуди ин аз чанд дақиқаи байни бастҳо фаровон истифода мебарем.

Суҳбаторо 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».   
Шаҳри Ангрени 
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: