ИН ҲОЛО ИБТИДОИ КОР...

Шаҳри Газлӣ яке аз гӯшаҳои дурдасттарини вилояти Бухоро ба шумор рафта, аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи ноҳияи Ромитан аст.

Шаҳри Газлӣ яке аз гӯшаҳои дурдасттарини вилояти Бухоро  ба шумор рафта, аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи ноҳияи Ромитан аст. 
Шояд сабаби заминҷунбӣ бошад, ки дар шаҳр иморатҳои бисёрошёна қариб, ки ба назар наменамуд. Дар ҳокимияти шаҳр ба мо гуфтанд, ки ин ҷо 6067 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад ва таркиби миллии онҳо гуногун аст. Албатта, ӯзбекону тоҷикон қисми асосиро ташкил медиҳанд. Ду мактаби миёна, беморхона, муассисаҳои таълими томактабӣ, нуқтаҳои савдо, нонвойхона ва ғайра барои таълиму тарбияи фарзандон, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва қонеъ гардондани талаботи рӯзмарраи онҳо фаъолият нишон медиҳанд. Азбаски дар бораи комёбиҳои мактаби миёнаи №37 шунида будем, хостем, ки бо ин ҷамоа аз наздик шинос шавем. Директори мактаб, омӯзгори забон ва адабиёти рус Диловар Авезоваро дар коргоҳаш бо мудири қисми илмӣ, Аълочии таълими халқ Розия Қиличева машғули кор дидем. Баъди шиносоӣ суҳбати мо бо сарвари мактаб, ки зодаи Ғиждувон будааст, ба забони тоҷикӣ идома ёфт.
– Мактаби мо – оғоз намуд ӯ, – дар бинои мувофиқгардондашуда аз соли 1986 ин ҷониб фаъолият дошт. Соли 2015 ба ин бинои нави дуошёна (дорои 270 ҷой) кӯчидем. Ҳоло дар 17 синфи I-XI 387 нафар хонанда дорем. Ба онҳо 40 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Аҷибаш дар он ки ҳамагӣ се нафари омӯзгоронамонро  мардон ва 37 нафарашонро бонувон ташкил мекунанд.
Дар мактаб муҳити хуби корӣ ба амал омадааст. Ҳар як муаллим азму кӯшиш дорад, ки бо дарки масъулият ва вазифааш ҳар чи бештар самаранок кор кунад.
Диққату эътибори ҳама ба як масъала – таълиму тарбияи инсони комил, фарзандони муносиби халқу Ватан – онҳое, ки ба тақдири ояндаи мамлакат ҷавобгаранд, нигаронида шудааст. Беҳуда нест, ки фаъолияти омӯзгори тоифаи якуми биологияи мактаб Ӯғилой Содиқова пурра омӯхта шуд ва моҳи январи соли ҷорӣ таҷрибаи кории вай дар миқёси ноҳия оммавӣ гардонда шуд. Дар озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин видеодарс»-и ноҳия муаллими синфҳои ибтидоӣ Дилобар Раҳмонова ҷои аввалро ба даст овард. Албатта, баъди заҳматҳои зиёд дидани самараи он ба кас ҳаловат мебахшад. Аз ин ҷиҳат соли 2020 барои ҷамоаи мактаби мо хушнудӣ овард. Бинобар ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявии «Панҷ ташаббус» байни мактабҳо дар равияи китобхонӣ ғолибӣ ба ҷамоаи мо насиб кард. Ҷамоаи мактаб дар марҳилаи ҷумҳуриявии фестивали номбурда бинобар ташаббуси дуюми Президент – соҳаи варзиш низ бомуваффақият иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва таҷҳизоти варзишӣ гардид.
Дар таълимгоҳ корҳои мактабию беруназсинфии фанҳои информатика ва ТЭҲ, инчунин, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба тарзи намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Агар бо ду омӯзгори пешқадами мактаб Нодира Нурова ва Миршод Норқулов вохӯрда, бо фаъолияти онҳо шинос мешудед, хеле хуб мешуд, – хоҳиш намуд директор.
Омӯзгори фанни информатика ва техникаи ҳисоббарор Нодира Нурова бо чанд нафар шогирдон машғули кор буд. Дарсхона дорои 21 компутер буда, онҳо бо интернет васл гардидаанд. Сарвари мактаб моро бо муаллима шинос карда гуфт:
– Нурова аз ҷумлаи муаллимони меҳнатдӯст ва масъулиятшиноси мактабамон ба шумор меравад. 
Азбаски машғулиятҳояш пайваста мароқовар аст, бачагон аз назди омӯзгор дур шудан намехоҳанд.
Нодира зодаи деҳаи Мирзоқули ноҳияи Шофиркон, соли 2008 факултети физикаю математикаи ДДБ-ро хатм кардааст. Якчанд сол дар коллеҷи иқтисодиёти Шофиркон омӯзгорӣ намуд. Баъди ба шавҳар баромадан бо оилааш ба шаҳри Газлӣ кӯчида омад. Вай бо шогирдони худ моҳи декабри соли гузашта аз тариқи саҳифаи фейсбуки Вазорати таълими халқ дар моҳонаи фанҳои математикаю информатика – фестивали «Панҷ ташаббус»-и Президент фаъол иштирок намуда, комёб гардид. 16 нафар шогирдони вай моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳуқуқи иштирок ба озмуни байналхалқии математика – «Кенгуру» соҳиб шуданд. Бо роҳбарии ӯ дар мактаб маҳфили «Барномасози ҷавон» фаъолият дорад. 
Чи хеле ки гуфтем, комёбии шогирдони мактаб оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ диққатҷалбкунанда аст. Дар ин бобат саҳми омӯзгори фан Миршод Норқулов арзанда. Вай зодаи деҳаи Қӯрғони Вардонзеи ноҳияи Шофиркон буда, баъди хатми мактаби собиқ тоҷикии №7 ба номи  Фирдавсӣ дар шуъбаи тоҷикии методикаи таълими ибтидоии факултети педагогикаи ДДБ таҳсил гирифтааст. Фаъолияти педагогии вай дар мактаби зодгоҳ ҳам чун равоншинос соли 2017 оғоз ёфта, аз худи ҳамон сол ӯ бо ҳамсари омӯзгораш Дилафрӯз Мустафоева ба Газлӣ омада баҳри таълиму тарбияи наврасон заҳмат мекашанд. Комёбиҳои шогирдонаш дар озмуну мусобиқаҳо, фақат соли гузашта бо дипломҳои дараҷаи I  мукофотонида шудани талабагони мактаб Асил Раҳматов, Шаҳноза Рашидова дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба теннис дар шаҳрҳои Олмалиқу Бекобод, дар мусобиқаҳои муштзанони навраси ҷумҳуриявии вазнашон 44 кг дар Зафаробод соҳиби ҷойи дуюм шудани Оғабек Толибов, дар шаҳри Газлӣ сазовори ҷойи якум гардидани Сардор Қайюмов дар мусобиқаи муштзанони вазнашон 50 килограмм ва ғайра аз ин гувоҳӣ медиҳанд. 
– Ин ҳоло саршавии кор аст, мо баҳри натиҷаҳои боз ҳам баландтар азму кӯшиш менамоем, – арзи дил кард омӯзгор.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: