ҒАЗАЛИ МУАЛЛИМ

ХУСРАВ

ХУСРАВ

ҒАЗАЛИ МУАЛЛИМ

Эй муаллим, ҳар каломи ту китоби ҳикмат аст,
Ҷавҳари андешаҳоят мисли тило қимат аст.

Бо алиф аз ростиву якдилӣ дам мезанӣ,
Ҳар варақ дарсе, ки мегӯӣ, паёми ваҳдат аст.

Дар дили мо ҳак намоӣ нақши бедориву нанг,
Сурмае бар чашми ҷонҳо мекашӣ, беминнат аст.

Дар тариқи маърифат чун раҳнамоӣ мекунӣ,
То нафас боқист, шогирди ту андар хидмат аст.

Дар ту неруи бузурге ҳаст бо номи хирад, 
Ганҷи дониш дар ниҳоди аҳли маъно қудрат аст.

Бо чароғи маърифат, бо шамъи фарҳанги бузург,
Нур мепошӣ, ки ин хислат туро дар фитрат аст.

Ҳар гаҳе аз пеши мактаб бигзарам, ояд ба ёд,
Дарсҳои ту, ки ангезандаи илму хат аст.

Ман ба поси ҳар сабақ беш эҳтиромат мекунам,
Он ки ҳарфе ёд бидҳад, лоиқи сад ҳурмат аст.
***
Ҷуз ҳарфи ростӣ нест дар дафтари муаллим,
Хатту савод бошад болу пари муаллим,
Боз аст баҳри дониш доим дари муаллим,
Шогирди нек монад дар мазҳари муаллим.

Ҳар ҷо, ки ӯст, гардад он ҷо сарои  дониш,
Рушду нумӯ намояд ҳарфу ҳиҷои дониш,
Мамлӯст қалби покаш аз кимиёи дониш,
Хамри наҷот бошад дар соғари муаллим.

Ҳар нуқта нек монад, ҳарфи савоб гӯяд,
Ҳар нуктаро бидонад, некӯ ҷавоб гӯяд,
Лафзи «Бихон»-и Қуръон ӯ бо хитоб гӯяд,
Умре китоб гардад симу зари муаллим.

Бо ақли дурбинаш ояндасоз бошад, 
Маҷмӯаи саводу огоҳи роз бошад,
Чун шамъи шоми мардум андар гудоз бошад,
Ҷуз фикри илм набвад худ бар сари муаллим.


ВАСФИ ВАТАН

Шоирон васфи Ватан бисёр карда бо сухан,
Бо ҳазорон тасвиру ташбеҳи зебанда мудом.
Лек ман оҷизам аз тасвираш, ташбеҳ нест,
Ман надорам баҳри васфи ин Ватан зебо калом,
З-он ки пухта нестам,
Ҳарфҳоям низ хом.

Бо сухан ҷонро фидо кардан басо осон бувад,
Баҳри мардоне «фидоӣ».
Лек таъзим мекунам якумр ман,
Бар ҳамон шахси ватанпарвар, ки ӯ
Ҷони ширин кард қурбон,
Дар амал, бе ҳарфи арзон.

Лофҳо бас мезанем аз боби меҳри ин Ватан,
Ҳарфҳоро карда қурбон.
Ҷойи он, ки баҳри ин хоку Ватан
Ҷони худро кард қурбон.
Гӯиё аз мо фидотар нест кас,
Баҳри ин хоку Ватан мо
Медиҳемаш гӯиё ҳар лаҳза «ҷон».

Лек ман норозиям аз инчунин «қурбониҳо»,
Чунки ин кори қалам аст.
Мо бубояд аз қалам розӣ шавем,
Мечакад хунаш ба рӯйи коғазу
Мекунад васфи Ватан.

Чашм мемолем гар гарде расад бар чашми мо,
То нагардад хира гавҳар.
Гар ба чашми ин Ватан гарде расад,
Пок бояд кард бо мижгон варо,
Бо чашми тар.
Хок бояд кард ҳар узви бадан,
Балки ҳар як устухону мӯйи сар.
То зи нав рӯяд зи хоки мо басо гулҳои тар.
То ки гардад ин Ватан зебо чаман аз пештар.

То нарезад хуни гарми мо ба хоки ин Ватан,
То ки ҷон қурбон насозем,
Нест шоиста, ки даъвое кунем,
Аз хусуси дӯстдории Ватан.

Рӯҳ ҳам бояд бубахшад ҳастияш.

Олим ПАНҶИЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: