Дар тӯли солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегарданд.
Боиси хушнудист, ки дар меҳвари ин ислоҳот ташаббус ва ҷонибдории Сарвари давлатамон таҷассум меёбад. Зеро чанд сол қабл аз ин Президент бо машварат бо мардум «Стратегияи ҳаракат»-ро қабул карда буд. Бо гузашти айём аз ин боис дар тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои азим ба амал омаданд.
Далели раднопазир гулгул шукуфон шудани ноҳияи Самарқанд аст. Зеро мардум бо инвесторони хориҷӣ дар фаъолияти худ дастгирӣ ва имтиёзҳои раднопазири ҳукумати Ӯзбекистони Навро эҳсос мекунанд.
Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бо фарогирии 100 ҳадафи асосӣ дар 5 самти афзалиятнок боиси таваҷҷуҳ аст, ки яке аз онҳо рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Дар соли 2023 дар қаламрави ноҳияи Самарқанд 4 лоиҳаи бо арзиши беш аз 196 миллион доллар, ки 120 миллион доллар инвеститсияи хориҷии бокафолат аст, амалӣ хоҳад шуд.
Дар асоси шартнома тадбиркорони Хитой, Русия, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар ноҳияи мо фаъолияти гуногунҷабҳа мебаранд.
Маълум аст, ки аҳолии ноҳияи Самарқанд бо кишоварзӣ, боғдорӣ, токпарварӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ машғул ҳастанд. Маҳсулоти боғу саҳро ба хориҷа фурӯхта мешавад, ки иқтисоди ноҳия беҳтар ва пурқувват шуда истодааст.
Инчунин маҳсулотҳои гуногунро ба хориҷа экспорт мекунем, ки адади мамлакатҳои ҳамкор аз 30-то афзуд.
Ҳоло дар ноҳия 642 корхонаи муштараки саноатӣ фаъолият мебаранд, ки танҳо дар 8 моҳи соли равон ба миқдори 1 триллиону 333,6 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Чанде пеш сарвари давлатамон ба ноҳияи мо ташриф оварда, бо соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ суҳбат ороста, муаммоҳои мавҷударо ҳал карда, барои пешрафти иқтисодиёт саҳми арзанда гузоштанд.
Ҷӯрабек СУЮНОВ,
ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд оид ба инвеститсия, саноат ва савдо.