БИНОИ НАВИ ҶАМОАТИ ШАҲРВАНДОНИ МАҲАЛЛА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Бинои нави маъмурии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқтом»-и ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах ба истифода супурда шуд.

Дар чорабинии ба ин муносибат баргузоршуда роҳбарони шуъбаи вилоятии фонди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла»-и Ӯзбекистон, ҳокимони ноҳия, роҳбарони секторҳои ноҳия ва ташкилотҳои масъул, фаъолони маҳалла, ҷавонон, ҷомеа ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти институти маҳалла дар кишвар, боз ҳам баланд бардоштани ҷойгоҳ ва нақши он дар кор бо муроҷиатҳои сокинон барои кормандони соҳа шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад, имрӯз мисли тамоми ҳудудҳои кишварамон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Ҷиззах барои кормандони ҷамоатҳои шаҳрвандони деҳа ва маҳалла биноҳои нав сохта, ба истифода дода мешаванд ва ҳамаи ин натиҷаи ислоҳоти бунёдӣ мебошад, ки дар мамлакати мо ба амал бароварда мешавад.
Иштирокдорон хонаҳои бинои нави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқтом»-ро аз назар гузаронда, бо шароити барои кормандони маҳалла фароҳам овардашуда аз наздик шинос шуданд.
Соли гузаштаи 2021 аз ҷониби фонди «Маҳалла»  54 ҷамоати шаҳрвандон бо маҷмӯи компутер, инчунин 66 ҷамоати шаҳрвандони вилояти Ҷиззах бо маҷмӯаи мебел таъмин карда шуданд. Инчунин дар асоси тақсимоти Девони Вазирон ба 838 нафар кормандони маҳалла ба маблағи 1 миллиарду 400 миллион сӯм ёрии якдафъаинаи моддӣ расонда шуд. 17 нафар дорандаи нишони сарисинагии «Маҳалла ифтихори» аз ҳисоби фонди маҳалла саломатиашонро дар сиҳатгоҳҳо барқарор карданд.
Дар шаш моҳи гузашта ба 802 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва аз офати табиӣ осебдида ба маблағи 264 миллиону 556 ҳазор сӯм кумаки хайриявӣ расонда шуд.
Ба фонди «Саховат ва кумак»-и назди шуъбаҳои шаҳрӣ, ноҳиявии фонди «Маҳалла» аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ 8 миллиарду 708 миллиону 761 ҳазор сӯм маблағҳои хайрот ҷамъ оварда шуда, ба малағи 5 миллиарду 65 миллиону 430 ҳазор сӯм, ба 12 ҳазору 828 оила кумакҳои иҷтимоӣ дода шуд.
Илова бар ин ба 997 оилаи дар «Дафтари оҳанин» қарордошта ҷамъ 2 миллиарду 369 миллиону 148 ҳазор сӯм ва барои дастгирии 175 нафар занони дар «Дафтари занон» қарордошта 166 миллиону 732 ҳазор сӯм маблағ сарф карда шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур аз ҳисоби маблағҳои ба суратҳисоби фонди «Маҳалла» воридшуда ба 16 маҳаллаи шаҳру ноҳияҳо компутер ва ба 34 маҳалла мебел тақсим карда шуд.
Баъд аз анҷоми чорабинӣ раиси раёсати шуъбаи вилоятии бунёди «Маҳалла» Абдумаҷид Сатторов қабули шаҳрвандонро ташкил намуда, дар он муроҷиатҳои шаҳрвандони ноҳияи Ғаллаорол оид ба ҷудо намудани кумаки молиявӣ барои барқароркунии саломатӣ  ва табобат, расондани ёрии якдафъаина ба аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор баррасӣ шуданд.
Ба хонадони шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ва камтаъмини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқтом» аз ҳисоби фонди «Маҳалла» ғизо ва дигар туҳфаҳо тақсим карда шуд.

Абдуҷалол ҚАЮМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: