Самарқанд ба электробусҳои экологикӣ мегузарад

Самарқанд ба нақша гирифтааст, ба тамоюли замонавии ҷаҳонӣ оид ба гузарондани нақлиёти ҷамъиятӣ ба шабакаи барқӣ фаъол ҳамроҳ гардад.

Намояндагони идораи нақлиёти вилояти Самарқанд дар нишасти матбуотӣ дар бораи истиқболи ташаккули инфрасохтори сифатан нави нақлиётӣ дар шаҳри бостонӣ сухан гуфтанд.

Қайд карда шуд, ки моҳи декабри соли гузашта коршиносони аврупоӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Хариди электробусҳо барои Самарқанд ва бунёди инфрасохтори роҳҳо», ки  аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо татбиқ мегардад, ба Самарқанд омада буданд. Дар натиҷаи музокирот маркази бузургтарини сайёҳии Ӯзбекистон амалан ба ташаккули низоми аз ҷиҳати экологӣ тозаи мусофиркашонӣ  наздик шуд.

Бинобар маълумоти пешакӣ, баҳори соли 2022 хариди аввалин электробусҳои гунҷоишашон бузурги истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус ва Чин ба нақша гирифта шудааст. Техника аз рӯи як қатор меъёрҳои экологӣ ва амалиётӣ аллакай аз санҷишҳои озмоишӣ гузаштааст.

«Барномаи гузаштан ба автобусҳои электрикӣ дар шаҳри қадима низоми нақлиёти ҷамъиятиро ба куллӣ тағйир медиҳад», - мегӯяд муовини сардори идораи нақлиёти вилояти Самарқанд Ҷӯрабек Коржовов. -- Татбиқи он вақт талаб мекунад ва он давра ба давра ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд яке аз вазифаҳои асосӣ мутобиқ кардани нақшаҳои коркунони нақлиёт ва ташкилотҳое мебошад, ки дар маркази вилоят бо сохтмон машғуланд».

Дар доираи навсозии низоми мусофиркашонӣ дар шаҳри Самарқанд инчунин нав кардани қариб 900 истгоҳҳои автобус ба нақша гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: