АЗ ПАЙИ ОРЗУ

Орзуи шифокор шудан дар дили кӯчаки Назокат аз бачагиаш реша давонд.

Орзуи шифокор шудан дар дили кӯчаки Назокат аз бачагиаш реша давонд. Вай аз пайи орзу рафта, баъд аз хатми мактаби таълими ҳамагонии рақами 6-уми ноҳияи Косонсой дар омӯзишгоҳи тиббии ин ҷо таҳсил гирифт. Пас аз  таҳсил фаъолияти меҳнатиашро дар  поликлиникаи рақами 1-уми ноҳия оғоз кард. Аз устодаш духтури соҳибтаҷриба Абдусаттор Бозоров  асрори касби шифокориро омӯхт. Дар ин ҷо таҷрибаашро ғанӣ кард.
Соли 2002 хонаи ногироҳои ноҳия ба сиҳатгоҳи собиқадорони меҳнат табдил ёфт. Назокат аз ҳамон сол инҷониб дар ин ҷо чун ҳамшираи оид ба масҳкунӣ (массаж) кор мекунад. Солҳои кор дар ин сиҳатгоҳ  бо меҳнати шоён баробари аз сафи беҳтарин шифокорони он ҷой гирифтан, ба эҳтироми истироҳаткунандагоне, ки аз саросари кишварамон барои табобат меоянд, сазовор шуд. Ҳоло духтараш Нозимахон низ аз пайи модар рафта, касби шифокориро пеша кардааст. 
Назокат рӯзе ба 29-30 нафар истироҳаткунандагон хидмати намунавии  тиббӣ мерасонад.
– 3 сол боз дар ин сиҳҳатгоҳи собиқадорони Косонсой муолиҷа мегирам. Суханони ширин ва хидмати беминнати Назокатхон ба ман хеле маъқуланд, – мегӯяд сокини ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона, ногирои гурӯҳи 1-ум Шаҳноза Тӯхтасинова.
– Массаж маънои бо даст муолиҷа карданро дорад. Яъне мо ба узви истироҳаткунандагон таъсир расонида онҳоро муолиҷа мекунем, – мегӯяд Назокат Носирова. 
Устоди касби хеш Назокат Носирова ба пешаи худ бо масъулият ва эътибори алоҳида муносибат мекунад ва аз ягон миҷозаш донишу таҷрибаи худро дареғ намедорад. 
Инро мо аз забони истироҳаткунандагон аз Қароқалпоқистон Умеда Нуремова, аз вилояти Бухоро Лола Рашидова, аз шаҳри Тошканд Дилфуза Шайхова, аз вилояти Навоӣ Саодат Тағоева, аз Сурхондарё Минггул Бобоева, аз Самарқанд Мамлакат Мавлонова, аз Хоразм Санамҷон Рӯзметова ва ғайра шунидем, ки аз хидмати беминнати Назокат Носирова миннатдоранд.

Саида НАСИМХОНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: