Ҳамон рӯз дар маркази ноҳия таҷлили иди истиқлолияти Ватанамон бошукӯҳ ва бо тантанаи хос идома мекард.
Ҳамон рӯз дар маркази ноҳия таҷлили иди истиқлолияти Ватанамон бошукӯҳ ва бо тантанаи хос идома мекард. Ҳамроҳи як гурӯҳ меҳмонон, ки аз маркази вилоят ва ноҳияҳои бо Сӯх ҳамсояи вилояти Боткенти Қирғизистон ба ин чорабинӣ ташриф оварда буданд, барномаи консертии дастаҳои ҳунариро тамошо мекардам. Ҳар як баромади овозхонҳо ва тамошои рақсҳои ҷолиб ба ташрифовардагон завқу шавқи беандоза мебахшид.
Вақте ки консерт ба тамомшавӣ наздик расид, садои касе маро водор намуд, ки ба ақиб нигарам. Чанд нафар фаъолони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳову соҳибкороне ба чашм расид, ки аксарияти онҳоро мешинохтам. Дар байни онҳо асалпарвари номӣ, ки исмаш ба касбаш низ тавъам мебошад, Асалбек Муртазобековро низ дидам. Сари синаи ӯро чанд нишони давлатӣ зеб медод. Дарёфтам, ки соҳиби садо вай аст ва бо имову ишора фаҳмондам, ки баъди анҷоми чорабинӣ бо ҳам мулоқот хоҳем кард.
Бо эълони ровӣ барномаи хоси идона ба охир расид. Оҳиста иштирокчиёни консерт гурӯҳ-гурӯҳ майдони васеъи назди бозори нави деҳқониро холӣ мекарданд.
– Аз дидоратон хушҳолам,– бо илтифоти хос ва табассум гуфт Асалбек Муртазобеков ва ҳарду ҳамдигарро ба канор гирифтем.
Баъд аз кору зиндагии вай пурсону ҷӯё шудам. Гуфт, ки мисли пештара ба парвариши занбӯрҳои асал машғул аст. Асалбек дар омади гап аз он ёдовар шуд, ки як қисми маблағи аз ҳисоби асалпарварӣ ба даст овардаашро соли равон баҳри ободу зебо гардонидани ду кӯдакистони деҳаҳои Девайрону Умбара ва мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 14 ва 17, инчунин шифохонаи марказӣ сарф намуд.
Дарвоқеъ, Асалбек Муртазобеков соли 1973, баъди хатми мактаб, курси мошинрониро тамом кардааст ва баъди адои хидмати аскарӣ дар автокорхонаи хоҷагии ҷамоавии «Сӯх» ба касби ронандагӣ машғул шудааст.
– Соли 1985 сохтмони обанбори болои рӯдхонаи Сӯх оғоз ёфт ва аз ҳисоби ҷавонон бригадаи сохтмончиёнро ташкил карда, то соли 1996 ба он роҳбарӣ намудам. Парвариши асал барои мо аз падару бобоямон мерос мондааст. Ҳарчанд кори содаву осон нест, вақтҳои холиамро ба парвариши чанд қуттӣ асал сарф мекардам. Аз рӯи шавқу завқ каму беш ба кори асалпарварӣ машғул мешудам. Аммо оҳиста ин шавқу завқ ба кори доимии ман табдил ёфт ва маро куллан ба доми худ кашид. Аз ҳамон вақт ба ин сӯ домани фаъолиятам беш аз пеш дар ин самт фарохтар мегардад,– мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи Асалбек Муртазобеков ба шарофати касби истиқлоли кишвар барои соҳибкорон хеле шароити хубу мусоид фароҳам оварда шуд. Соли 1996 аввал ба соҳибкории оилавӣ рӯй овард. Дар баробари парвариши занбӯрҳои асал дар як гӯшаи деҳаи Девайрон аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боғи мевадиҳанда ташкил намуд ва баъдтар онро ба хоҷагии фермерӣ мубаддал сохт.
– Агар одам дасти хайру саховаташро боз намояд, Худованд ин иқдоми вайро ҳаргиз бе аҷр намегузорад. Кӯдакистонҳои «Садбарг» ва «Лола»-ро ҳамеша аз кумакҳои молии худ баҳраманд мегардонам. Барои он ки кӯдакон дар фасли сармо дар хонаҳои гарму мусаффо таълиму тарбия гиранд, то қадри имкон ҷиҳати таъмини сӯзишворӣ дасти мадад дароз мекунам,– изҳор медорад Асалбек Муртазобеков.
Маълум шуд, ки ин кӯдакон аз маҳсули меҳнати ӯ бебаҳра намемонанд. Вай барои онҳо низ асалҳои хуштаъму ширини худро ҳадя карда меистад. Ғайр аз ин, фарши ду кӯдакистонро бо чанд қолин ва ошхонаҳои онро бо зарфҳои гуногун таъмин кардааст.
– Сол аз сол теъдоди қуттиҳои занбӯри асалро афзоиш медиҳам. Дар айни ҳол ҳаҷми асалҳои ба даст овардаам аз 7 тонна то ба 17 тонна расид. Як қисми маблағи аз ҳисоби он ба даст овардаамро барои корҳои хайр сарф мекунам. Чанд сол муқаддам барои беҳбуди инфрасохтори деҳаи Девайрон, расонидани кумак ба хонаводаҳои камбизоат, рағбатнок кардани талабагони аълочӣ ва ташкили осорхонаи мактаб, шағалрезии се километр роҳи дохилӣ, тоза кардани ҷӯй ва амсоли он дастикам 20 миллион сӯм маблағ ҷудо кардам,– иброз дошт Асалбек Муртазобеков.
Яке аз корҳои вай дар бобати хайру эҳсон боз аз ҳамин иборат аст, ки барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани қисми ҳарбӣ ва кӯдакистонҳои деҳ ду километр лӯла хобонида овардааст.
Гузашта аз ин, вай барои ба насли наврас тарғибу ташвиқ намудани мероси таърихиву фарҳангии мардум саҳми босазо мегузорад. Таҳти ҳимояти молии Асалбек Муртазобеков китоби «Девайрон андар Сӯхи бостон» ба нашр расидааст.
Ногуфта намонад, ки вай бо нишони сарисинагии «Ҳомии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сазовор гардидааст. Инчунин академики ифтихории Академияи фанҳои Тӯрон ва профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Фарғона мебошад.
– Соли 2020 барои банда соли хеле хубу бобарор омад. Дар баробари он ки пахши пандемияи куруно дар тамоми соҳаҳо таъсири бади худро гузошт, шукри Худовандро мекунам, ки аз ин бумбаст ба саломат наҷот ёфтем. Дар ҳамон рӯзҳои сахт низ маҷбур будам, ки занбӯрҳои асал бе ғизо намонанд. Талошҳоям бесамар намонд ва ҳамон сол занбӯрҳо маро хурсанд карданд. Гуфтаниам, ки дар ҳамон давраи мушкилзо бештар аз 10 тонна асал ба даст овардам. Чунки занбӯрҳои асал барои сер кардани шиками худ метавонистанд ба ҳар куҷо «сафар» кунанд ва бо борҷомаи хуб ба хонаи худ баргарданд, – бо табассум мегӯяд Асалбек Муртазобеков.
Вай тазаккур дод, ки аз занбӯри асал, ғайр аз асали тару тоза, инчунин муми асал, прополис, заҳри занбӯр ва шири шоҳзанбӯр низ мегиранд, ки барои давокунии одамон ва корҳои дигар истифода мекунанд. Дар гардолудкунии растаниҳо низ занбӯри асал хеле нақши муҳим мебозад.
Соли 2020 вай бо фармони Президенти мамлакат дар қатори як гурӯҳ соҳибкорони ҷумҳурӣ бо ордени «Дӯстӣ» сазовор дониста шуд ва ин ҳодиса мояи хушбахтӣ ва сарфарозии ӯву аҳли хонавода ва дӯстонаш гардид. Асалбек мегӯяд, аз гирифтани нишонҳои зиёди сарисинагӣ ҳамеша ифтихор мекард, вале қадри мукофоти давлатӣ – ордени «Дӯстӣ» барояш аз ҳама баланду арзишманд мебошад.
– Шумо дар соҳаи парвариши занбӯри асал аллакай таҷрибаи зиёд ҳосил намудаед. Ҳатто дар донишгоҳ низ ба ҷавононе, ки мехоҳанд дар оянда ба асалпарварӣ машғул шаванд, дарси маҳорату малака мегузаред. Оё аз ҷавонони маҳаллӣ низ шогирдҳо ба воя расонидед?
– Теъдоди умумии онҳо дастикам панҷоҳ нафарро ташкил мекунад, ки дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Қалъача, Тӯл, Ровон, Умбара, Ленбур, Девайрон, Ғазноб, Шарқобод, Демирсад, Сариканда, Зангат ва амсоли он ба парвариши занбӯри асал машғуланд.
– Дар бораи такмили касби асалпарварӣ чӣ метавон гуфт?
– Барои соҳибони ҳамаи касбу кор такмили касб лозим аст. Дар ин соҳа китобҳои олимонро мутолиа мекунам, аз навгониҳо бохабар мешавам. Дар кишвари мо барои ҳифзи занбӯрҳо ва ҷамъи гардолудкунандагон, инчунин саломатии инсонҳо, ҳайвонот, наботот ва муҳити зист замимаи мобилии «Саломатии ягона» таҳияву таълиф шудааст. Ин замима занбӯрпарваронро бо тамоми маълумоти зарурии илмӣ ва оморӣ таъмин менамояд.
– Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:
Чу парҳезгорӣ шавад пешаат,
Бувад хайрхоҳӣ дар андешаат.
Хайру саховат ба мардумро на ҳамаи соҳибкорон анҷом медиҳанд. Ҳамту не?
– Шояд онҳо намедонанд, ки дар хайру эҳсон савоби калон нуҳуфтааст. Вақте ки шахсе аз ҳисоби маблағи ту кореро ба сомон мерасонад, ки аввалҳо аз норасоии он мушкилӣ мекашид, ҷӯе канда шавад ва ё лӯлаеро хобонанд, ки аз беобӣ мардум наҷот меёбанд, ё роҳи ноҳамвори сергарду чанг ҳамвор гардаду равуои одамон ва ҳаракати мошинҳо осон шавад, ба кас чӣ кайфияте бузург мебахшад. Ҳотами Той маҳз бо саховатпешагӣ ном баровардааст, ки пайравӣ аз он ҳар касро ба мурод мерасонад.
– Ба шефӣ гирифтани кӯдакистонҳоро аз кай оғоз намудед?
– Вақте ки натиҷаи меҳнатам бор овард, ман ба ин кор андеша кардам ва кумак ба кӯдакистонҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумиро минбаъд низ идома хоҳам дод.
Вақте ки суҳбатамон то ин ҷо расид, ба назди мо ҷавонзане омад, ки қаблан барои рӯзномаи «Овози тоҷик» дар бораи вай лавҳае навиштаву нашр кардаам. Вай Шабнам Адҳамбекова– мудири кӯдакистони хусусии «Happy kids academy» мебошад. Ҳоло вай 30 нафар фарзандони аҳли деҳро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Дар ин кӯдакистон кӯдакон ғайр аз забони модарӣ забонҳои русиву англисӣ меомӯзанд. Вай ба Асалбек Муртазобеков ибрози сипос кард, ки ошхонаашонро бо ҳезум таъмин намудаву онҳоро аз ин мушкилӣ раҳо кардааст.
– Бо чунин сокини маҳалла ҳамаи мо ифтихор мекунем. Дасти саховати ӯ ҳамеша боз аст. Дар корҳои маҳаллаамон фаъолнокӣ нишон медиҳад ва ҳар мушкиле пайдо шавад, пеш аз дигарон вай ба кумаки мо меояд,– мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Девайрон Раҳмон Бобоев.
Рӯдакии бузургвор фармудааст:
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.