ХУДКУШӢ ГУНОҲИ КАБИРА АСТ

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамди бешумор бар Худои Аҳад, дуо ва дуруд бар Муҳаммад Мустафо.
Аммо баъд, Худованд бар бандаҳои худ неъмати бешумор ато кард, ки ақли инсонӣ дар шумори онҳо оҷиз аст. Миёни он неъматҳои бебаҳо аз ҳама волотарин ҷон аст. Зеро инсон барои он ки  неъматҳои дигарро бипазирад, бояд соҳиби ҷон бошад. Дар бисёр ҷойҳои Қуръони азимушшаън дар бораи офариниши одам сухан меравад ва аз онҳо маълум мегардад, ки ҷон барои инсон неъмати бузургест ва мақомаш дар назди неъматҳои дигари Парвардгор баланд мебошад. 
Аллоҳ таоло марҳамат мекунад:
«Мо инсонро дар машаққат офаридем». 
Маълум аст, ки зиндагонии одам ҳамеша ҳамвор набуда, баъзан бо машаққате ҳам тавъам мебошад. Дар пай осониву сабукиҳо низ дорад.  Аллоҳ таъоло дар оятҳои 5 ва 6-уми сураи Иншироҳ мефармояд:
«Бас, албатта, баъд аз душворӣ осонӣ, баъд аз камбағалӣ ғанӣ шудан аст».         
Ҳазрати Алишери Навоӣ раҳматуллоҳи алайҳӣ мегӯяд: «Баройи зиндагонии ҳаштодсола инсон бояд сабри ҳаштодсола дошта бошад». 
Сухани донишманд рост аст, агар мо нияти сад сол зистан дошта бошем, бояд соҳиби сабре ҳам бошем, ки ба сад сол кифоя кунад.
Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом ҳар чӣ воқеъ гардад, бо иродаи Парвардгор ба вуҷуд меояд. Ҳар машаққате, ки дар зиндагонии мо пеш меояд, имтиҳонест, ки барои вай аҷр мегирем. Ҳар вақте мусибат пеш ояд, мо бояд барои талаби савоб сабр кунем ва чунин бигӯем: «Мо бандаи Худоем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем».
Аллоҳ таъоло марҳамат мекунад:
«Мо шуморо бо каме хавф, азоби гушнагӣ ва бо кам кардани молу ҷон ва меваҳо имтиҳон хоҳем кард, (Эй Муҳаммад) ба сабркунандагон мужда бирасон. Касоне, ки ҳангоми расидани мусибат: «Мо бандаҳои Худоем ва ба сӯйи ӯ пас мегардем», мегӯянд, касонеанд, ки ноил ба дурудҳо буда, сазовори раҳмати Парвардгорашон мешаванд ва онҳо роҳи рост ёфтагонанд».   
Мо, ки мусулмонем, мусибат ва воқеаҳои ба ғам пайванд бояд боиси парешонӣ ва таҳлукаамон нашаванд. Баръакс, мо бояд бо талаби савоби сабр аз Худованд умеди раҳоӣ хоста, зиндагии худро давом бидиҳем. Ягон рӯзи сахт бандаи муъминро набояд дар изтироб андозад. Ҷон амонати Парвардгор бар мост ва мо онро бояд чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем. То ҳол мушкиле бо худкушӣ осон нагаштааст ва аз ин баъд низ намешавад. 
Худкушӣ гуноҳи кабираест, ки ҷазояш дар охират хеле сахт хоҳад буд. Аллоҳ таъоло мефармояд:
«Шумо худкушӣ накунед! Албатта, Аллоҳи таъоло ба шумо дилсӯз ва меҳрубон аст».
Ҷон ин амонати Ҷонофарин аст, Ӯ худ кай хоҳад онро бозпас мегирад. 
Пайғамбари охирзамон марҳамат кардаанд:
Касе, ки худовезӣ мекунад,дар дӯзах низ ба ҳамин намуди азоб гирифтор мешавад. Он кас, ки худро ба теғ мекушад, дар дӯзах низ чун теғкушта азоб мебинад. 
Хулоса, сад хели азоби ин дунё ба як намуди азоби охират баробар нест.

Аббосхон АБДУЛЛОЕВ, 
ходими илмии Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ.

1. Сураи «Бақара», ояти 155.
2. Имом Бухорӣ аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят кардааст. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: