МЕҶӮЯМ, ЭЙ МОДАР, ТУРО

Иди модар омада, меҷӯям, эй модар, туро,

Аз гулу гулдастаҳо мебӯям, эй модар, туро.

Иди модар омада, идонаат шеъри тарам,
Бо насими субҳгоҳӣ мефиристам модарам.

Ҳамнишинат ҳур бошад, манзилат пур аз сафо.
Хонаи пурнурро дорам таманно аз Худо.

Дастагулро, модари ҷон, рӯйи хокат оварам,
Аз барои ёдбуду рӯҳи покат оварам.

Духтарат аз ҳаҷри ту андар суроғат мерасад, 
Атри гулҳои баҳорӣ бар димоғат мерасад.

Саҷда бар хоки мазорат мегузорам, модарам,
Оҳ, ман Зарринаи чашминтизорам, модарам.

Заррина РАҲМАТОВА,
 муаллимаи мактаби рақами 79-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: