«МЕҲМОН — АТОИ ХУДО»

Оиди меҳмон ва меҳмондорӣ бисёр гуфтаем.

Оиди меҳмон ва меҳмондорӣ бисёр гуфтаем. Вале баҳс дар атрофи ин мавзӯъ ҳар соату ҳар дақиқа аз аҳамият холӣ нест. Халқи мо меҳмондӯст мебошад. Аз қадимулайём меҳмондорӣ ва ба меҳмонӣ рафтанро дӯст медорад. Меҳмони шиносу ношиносро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, бо таомҳои ширину лазиз табъи ӯро шод мегардонад. Мақолҳои халқии «Меҳмон бо ризқаш меояд», «Меҳмон мисли — атои Худо», «Меҳмон аз падар  азиз аст», «Меҳмон ҳар кӣ бошад, дар хона ҳар чӣ бошад» беҷиз гуфта нашудааст. Аммо баъзеҳо ба мазмуну моҳияти ин мақолҳои халқӣ сарфаҳм намераванд ё донанд ҳам, беэътиборӣ зоҳир менамоянд. 
Вақте ба тӯй, шабнишинӣ ё меҳмондорӣ меравем, ба амалҳои нохуши баъзе шахсон чашмамон меафтад. Онҳо баъди хӯрдани зиёфат ҷайб ё сумкаи худро аз мева ва шириниҳои рӯйи дастархон пур мекунанд, ки ин одат ниҳоят нохуш аст. Бе розигии мизбон набояд ин амалро иҷро кард.
– Ба қарибӣ дугонаам зодрӯзашро гузаронд. Дастархонро бо нозу неъмат пур кардааст. Меҳмондорӣ хеле хуб гузашт. Ҳангоми рафтан занҳо конфет ва дигар ширинӣ, ҳатто себу банани боқимондаро ба сумкаҳояшон андохтанд. Дар дастархон ғайр аз зарфҳои холӣ дигар чиз намонд. Хуб, «ош шавад» мегӯем. Аммо дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст соҳиби хона рӯзи дуюм низ меҳмон пешвоз мегирад. Ё ин ки баъзе шахсон бо кӯдакони худ ба меҳмонӣ мераванд ва одоби дар меҳмонӣ нишастанро ба онҳо намефаҳмонанд. Кӯдаконашон аз калонҳо пеш ба дастархон даст дароз мекунанд, таом ё чойро мерезанд, зарфҳоро мешикананд ва ин ба мизбон ноқулайиҳо фароҳам меорад, – мегӯяд мусоҳиби мо фаъоли маҳаллаи «Пахтаобод»-и ноҳияи Сайҳунобод Тошбика Қазоқова. 
Дарҳақиқат, ба баъзе бачаҳо одат шудааст, ки аз меҳмонӣ баргаштани падару модарашро интизор мешаванд, чунки онҳо медонанд, ки волидон бо «дасти холӣ» барнамегарданд. Дуруст, маросимҳои ба худ хоси гаҳворатӯй, тӯйи суннатӣ, фотиҳаи духтар ҳастанд, ки аз он дасторхон шириниҳоро бо нияти нек, ба мо ҳам расонад гуфта мегиранд.
Баъзан фикр мекунам, ки рӯзгоре бобою момои мо дар ночорӣ, норасоиву камбизоатӣ ҳаёт ба сар бурдаанд, лек чизи беҳтаринашонро дар назди меҳмон мегузоштаанд, одобу ахлоқи меҳмондориро ба ҷо меовардаанд. Ҳоло дар ҳар як оила фаровонӣ, серию пурӣ ҳукмрон аст, бозорҳову дуконҳоямон пури хӯрокворӣ, либосворӣ ва ғайра...  
Дар ёдам, хурд будам. Модаркалонам ба меҳмонии хешон, наздикон ва дугонаҳояш маро ҳамроҳ мебурд. Раҳораҳ маро огоҳ мекард: «дар меҳмонӣ боодоб шин, баланд гап назан, бисёр ханда накун, бе иҷозати ман ба дастархон даст дароз накун». Бахусус, оиди либоспӯшӣ, кӯтоҳу тор набудани он, ки барои духтарбача зарур аст, гӯшрас менамуд. Мана, худ момо ҳастаму чунин суханони тарбиявии момоямро ба фарзандону набераҳо тарғиб менамоям. Ҳаракатҳои зикршуда ба назар хеле беаҳамият менамоянд, аммо ба тарбияи фарзандонамон – насли наврас, ба ташаккули маънавият, одобу ахлоқи онҳо аҳамияти муҳим дорад. Дар ин кор аввало падару модар, калонсолон дар оила намуна бояд бошем, беэътиборӣ ба чунин «иллатҳои назарногир» ба фардои ҷамъият нохушиҳо меоварад. 
Инсон дар ҳама давру замон ба тарбият ниёз дорад. Тарбияи бошуурона аз панду ҳикмат ва насиҳатҳо ғизо мегирад. Дар байни мардум гуфторе ҳаст: «Агар дарахт бо об сабзад, инсон бо дуо хоҳад сабзид».

Зулайхо БУРҲОНОВА,
муаллимаи мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи 
вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: