ТАРАННУМИ ВАТАН

Ҳақ бар ҷониби шоир.

Агар мардӣ, ҳимоят кун 
ватанро,
Бихар бо хун гуноҳи
 хештанро... 
Ҳақ бар ҷониби шоир. «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар», гуфтаанд бузургони хирад. Ҳар як падару модар шукрона мегӯяд, ки ба туфайли ҷонбозиҳои ҳимоятгарони Ватан имрӯз дар ҳар як оила, хонадони мо муҳити оромӣ ҳукмфармост. Кӯдаконамон дар гаҳвора бо «Алла»-и модар, писаракону духтаракони мо дар мактабу таълимгоҳҳо бо панду насиҳати бузургон тарбия меёбанд, ба камол мерасанд. 
«Ҳамаамон, аввало ҳимоятгари Ватан, посбони осоиштагӣ ва сулҳ бояд бошем».
Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷамъомади васеи Шурои бехатарӣ гуфта шуда буд, дар дили халқамон ҷой гирифт гӯем, муболиға нахоҳад шуд.
Бо мақсади амалӣ гардондани чунин ғояи инсонпарварона дар мамлакатамон, аз ҷумла дар соҳаи ҳарбиву ватанпарварӣ низ як қатор корҳои муҳим дар амал татбиқ мегарданд. 
Яке аз чунин чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар қасри «Туркистон»-и пойтахт баргузор гардид. Ин намоиши навбатии барномаи адабиву маърифатии «Тараннуми Ватан» буд, ки бо ташаббуси роҳбари давлат ташкил гардида, дар он ватанпарварӣ, ҷасорат, мардонагӣ, ҳифзи тинҷиву осоиштагӣ, фаровонии кишвар барин фазилатҳои инсонпарварона акси худро ёфтаанд. 
Дар даҳлези қасри муҳташам макетҳои силоҳу техникаи ҳарбӣ, намоишгоҳи адабиёти бадеӣ ва асарҳои санъати тасвирӣ ҷой доштанд, ки барои тамошобин вазифаи муқаддимавии мавзӯъро иҷро мекард.
Дар анҷуман арбобони давлатӣ ва ҷамоатӣ, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, вазъиятҳои фавқулода, Гвардияи миллӣ, хидматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии бехатарии давлатӣ, курсантҳои муассисаҳои таълими ҳарбии соҳа, намояндагони илму фан, адабиёт ва санъат, ходимони ВАО ва вакилони ҷамоатӣ иштирок карданд.
Бояд алоҳида таъкид намуд, барномаи маънавию маърифатии мазкур, ки аз ҷониби вазоратҳои мудофиа ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои нависандагон, Агентии кинематография ва дигар ташкилотҳо, инчунин  эҷодкорони боистеъдод ташкил карда шудааст, аз тамошоҳои одӣ тамоман фарқ дошта, бо мазмун, ғоя ва сюжет, ки дар асоси композитсияи бадеии театрикунонидашуда омода карда шудааст, диққати ҷамъомадагонро ба худ ҷалб намуд.
Ҳангоми омодагӣ ба ин барнома шеъру сурудҳое, ки дар он тараннуми Ватан, муҳаббат ва садоқат ба модар, халқу диёр акс ёфтаанд, интихоб карда шуданд, овозҳои нав, аскар ва офитсерони боистеъдод, ки қобилияти маҳорати саҳна доранд, кашф гардиданд. Баъди садо додани мадҳияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аскарони ҷавони   хидмати ҳарбӣ ба саҳна баромаданд. Аз машқҳои аскарони ҷавон, ки дар саҳна намоиш доданд, маълум буд, ки ҷавононамон дар хидмати ҳарбӣ ҳам ҷисмонан ва ҳам  маънан обутоб ёфта, ҳимоятгари ҳақиқии Ватан мегарданд. 
Дар чорабинӣ навовариҳои замонавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, ғояи неки «Халқ ва армия – яктану як ҷон», руҳияти кушодадилӣ, ҳамҷиҳатӣ ва дӯстии миллатҳо дар ҳаёти артиши миллиамон васеъ кушода дода шуд. 
Шеърхонӣ ва сурудҳои хонандагони литсейи ҳарбии ба номи Ҷалолиддин Мангубердӣ ва «Темурбеклар мактаби», баромади ҷамоаҳои ҳарбӣ тамошобинонро бефарқ нагузошт.
Мисраъҳои оташбори Эркин Воҳидов, Ҳалима Худойбердиева, Ойдин Ҳоҷиева, Иброҳим Юсуфов, Саъдулло Ҳаким, Хосият Бобомуродова, Маҳмуд Тоир, Гавҳар Ибодуллоева ва дигаронро, ки аз ҷониби эҷодкорони ҷавон бо як ҳиссиёти ватандӯстона иҷро гардид, ҳозирон бо кафкӯбиҳо пешвоз гирифтанд. 
Дар барнома фидоӣ ва ҷасурии занону духтарони мо на танҳо дар тарбияи муҳофизони Ватан, балки мардонагию ҷонбозиҳои занони ҳарбӣ, чун фарзанди қаҳрамони халқ Зебо Ғаниева низ ифодаи худро ёфтааст. Зебо Ғаниева аз саҳнаи театр ихтиёрӣ ба майдони ҷанг рафта, қатори мардон ҷангид ва ҷасорату мардонагии худро нишон дода сарбаландона ба Ватан баргашт.  
Лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш ва масъулиятноки қасамёди аскарон, машқҳои онҳо дар кӯҳу даман, дашту саҳро, ҷаҳидан аз парашют, машғулотҳои душвор ва мураккаб, баҳри ҳифзи сарҳадҳои Ӯзбекистони мустақил гирифтани дониши зарурии ҳарбӣ, омӯхтани технологияи иттилоотии замонавӣ, истифода бурда тавонистан аз силоҳу техникаи замонавӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ дар лавҳаҳо намоён шуданд. Намоиши китобҳо аз силсилаи «Тӯҳфа ба аскар» низ аз мундариҷаи барнома ҷой гирифта буд. Аз қироати шеърҳои шоирони ҷавон бо номи «Ин замин диёри алпомишҳост», иҷрои санъаткорони боистеъдод таҳти унвони «Алпомиш ба диёри худ баргашт», либосҳои ба худ хоси ҳамон давр ба ҳозирон писанд гардид. 
Лавҳаи «Ҳамеша дар диламон ҳастед» ба хотираи аскароне, ки дар роҳи истиқлолияти кишвар, мудофиаи Ватан-Модар ҳангоми адо намудани қарзи мардонагии худ вафот кардаанд, бахшида шуд. Изҳори дили фарзандони онҳо, ки баҳри пос доштани хотираи падаронашон соҳаи ҳарбиро интихоб намудаанд, дар қалби ҳар як тамошобин фахр, ғурур ва ҳисси ватанпарвариро боз як бори дигар бедор намуд. 
Дар поёни барнома гирдиҳамомадагон намехостанд толорро тарк намоянд. Ин, бешубҳа, гувоҳӣ медиҳад, ки мақсаду ғояи барномаи «Тараннуми Ватан» ба дӯстдории ватан, худшиносии мардум, ба зинда ва давомнок будани арзишҳои миллии мо ҳамоҳанг мебошад. 
Чорабинии адабию маърифатии «Тараннуми Ватан» дар шаҳру ноҳия, вилоят, муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон низ идома хоҳад ёфт.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: