«ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ»

ё худ чанд андеша дар ҳошияи китоби академик Абдуҷаббор Раҳмонзода «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат»

Китоби Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» дар нашриёти «Ilm-Ziyo Zakovat»-и шаҳри Тошканд ва КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯйи чопро дидааст. Дар ҷустуҷӯйи моҳияти мафҳумҳои сиёсат ва дипломатия машғул шудам. Аввал китоби Абдуҷаббор Раҳмонзодаро хондам. Дар дарки истилоҳот ва ибораҳои «дипломатия», «фарҳанг», «сиёсат» ва «неруи нарм» дастёб гардидам. Бо вуҷуди ин ба саҳифаи «Вожаҷӯ»-и шабакаи Facebook муроҷиат намудам.
Дарёфтам, сиёсат – ин фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳизб ва ё гурӯҳи одамон аст, ки дар дохили давлат ва ё хориҷ манфиатҳои ҳамин гурӯҳ (ҳоким)-ро ҳифз ва дар амал татбиқ менамояд.
Дипломатия бошад – ин восита ё усули амалӣ намудани сиёсати хориҷии давлат аст. Он воситаест, ки давлатҳо байни ҳам дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ созиш мекунанд. Сиёсат мафҳуми васеътар буда, дипломатия ҷузъе аз он аст. Дипломатия вожаи юнонӣ буда, «дип» – бе, ва «ломатия» – дашном, яъне изҳороти хушоянд, ҳамкории бедашном мебошад. Ба таъбире дипломатия забони сиёсат аст.
Имрӯз аз тариқи расонаҳои оммавӣ бо ибораҳои «дипломатияи фарҳангӣ» ва «неруи нарм» дучор меоем. А. Раҳмонзода менависад: «Бо пайдо шудани мафҳумҳои «неруи нарм» ва «дипломатияи фарҳангӣ» дар муносибати байни давлатҳо мавқеи фарҳанг нақши меҳварӣ бозида, саҳми намояндагони он дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ниҳоят баланд гардид». «Дипломатияи фарҳангӣ» имконият медиҳад, ки давлат аз олимон, ходимони соҳаи адабиёту санъати давлати дигар баҳри рушду такомули саноату фарҳанги хеш истифода бубарад. 
Муаллифи китоби «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» зимни мусоҳибааш бо муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, ки дар китоб ғунҷоиш ёфтааст, доир ба дипломатияи фарҳангӣ, яъне робитаҳои мадании ду кишвар, ки дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, ибрози ақида менамояд. 
Муаллиф мегӯяд, ки «дипломатияи фарҳангӣ» ба қисми таркибии дипломатияи мардумӣ табдил ёфта, маҷмӯи ҳамкориҳоеро, ки дар соҳаи фарҳангу сиёсат миёни давлат, созмон ва институтҳои байналмилалӣ сурат мегиранд, дарбар мегирад. Мисолан, соли 2022 чорабиниҳои зиёди фарҳангию адабӣ миёни ду кишвар баргузор гардиданд. 
Дар маҷмӯъ, туфайли дипломатияи фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамҷавори ба ҳам дӯст дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, санъату ҳунар ҳамкориҳо густариш ёфта, пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳама дар асари Абдуҷаббор Раҳмонзода «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» возеҳу равшан ва боварибахш инъикос ёфтаанд.

Ибораи «неруи нарм», асосан истилоҳи дипломатист ва маънои таъсир гузоштани як давлат дар равандҳои сиёсӣ ва дипломатии дигар кишварҳо тариқи иттилоот, фарҳанг, адабиёт, сайёҳӣ ... (бидуни корбурди неруи шадид), яъне ҷангро дорад.
Ин раванд дар ҳаёти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо низ васеъ ба мушоҳида мерасад. Дар кишвар саноати сайёҳии дохиливу хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Рушди сайёҳии хориҷӣ дар деҳоти дурдасти кишвар мушоҳида карда мешавад. Ягон тӯю базми деҳаи Синтоби вилояти Навоиро бе иштироки сайёҳони хориҷӣ наметавон тасаввур кард. Чун базм оғоз ёфт, меҳмонон ҳозиру нозиранд. Ҷараёнро ба навор мегиранд. Бо оҳанги тоҷикӣ рақсу бозӣ мекунанд. Бо урфу одатҳои мардумӣ аз наздик шинос мешаванд. Бешубҳа, ин ҳама мушоҳидаву бархурдориҳо дар хориҷи кишвар тарғибу ташвиқ мешаванд.
«Дипломатияи фарҳангӣ» ва »неруи нарм» дар соҳаи таълим боз ҳам беҳтар ба мушоҳида мерасад. Ҷавонон ояндаи ҷамъият мебошанд. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз мутахассисони соҳибмаълумоти ботаҷриба дар рушду тараққиёти кишвар саҳм мегиранд. Дар кишвар бо мақсади ташаккул ва такмил додани донишу таҷрибаи ҷавонон ислоҳоти калонмиқёс амалӣ  мешаванд. Дар шаш соли охир миқдори таълимгоҳҳои олӣ 77 адад афзуда, имрӯз ҷавонони мамлакат дар 170 мактаби олӣ илм ва касбу ҳунар меомӯзанд. Дар Ӯзбекистон 31 бахши донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд. 
Барои таъмин сохтани сифат ва самаранокии кори таълим ба донишгоҳҳои кишвар солҳои 2017-2022 6279 нафар мутахассисони хориҷӣ ба кори таълиму тарбия даъват шудаанд. 
Тибқи маълумоти Институти оморшиносии назди ЮНЕСКО соли 2019 дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон 53 ҳазор донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ таҳсил  гирифтаанд. Дар соли хониши 2022-2023 сафи донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи ИМА ба 1089 нафар расид. Ин ҳама натиҷаи «дипломатияи фарҳангӣ» ва «неруи нарм» аст. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: