МО БА АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ ҲАМСОЯДОРӢ ҲАМЕША СОДИҚЕМ,

мегӯянд сокинони ноҳияи Сӯх

мегӯянд сокинони ноҳияи Сӯх
Мардуми Сӯх аз қадим одат кардааст, ки як пора нонашро бо ҳамсояаш тақсим карда хӯрад. Сӯхиён тӯли солҳои зиёд бо ҳамсояҳои қирғизи худ дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунанд. Солҳост, ки сокинони ноҳия бо истифода аз қаламрави ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти Қирғизистон ба маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ равуо мекунанд.
Маҳз бо айби баъзеҳо, ки ба ана ҳамин расму анъанаҳои ҳамсоядорӣ носипосӣ мекунанд ва мӯъҷиби халалдоршавии дӯстиву рафоқати байни ду халқи ҳамсоя мегарданд, чанд бор иттифоқ афтод, ки байни ду мардуми ҳамсоя низоъҳо ба вуҷуд оянд.
Ин бор низ 31 майи соли равон дар минтақаи сарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон, ки деҳаҳои Чашма ва Чечмеи ду кишварро васл менамояд, ҳамин гуна низоъ барангехта шуд. Бар асари даргириҳо сокинони ду тараф ҳам ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. 
Магар дар ҳамин солу замон ин кори дуруст аст? Охир, мардуми мо ҳамеша талош ба харҷ медиҳанд, ки дар фазои дӯстиву рафоқат бо ҳамсояҳои худ зиндагӣ кунанд, ҳамдигарро наранҷонанд, ба якдигар дасти кумак дароз кунанд. То солҳои наздик мардуми ду тараф дар тамоми маросимҳои шодиву ғами якдигар паҳлӯи ҳам меистоданд.
Аз оби чашма, воқеъ дар деҳаи Чашма асрҳои дароз мардуми деҳаҳои зиёди сарҳадии ноҳияи Сӯх истифода мекунанд. Аслан мардуми деҳаи Чашма даҳсолаҳо пеш ба он далел дар поёни ин чашма омада манзил сохтаву зиндагӣ ба роҳ мондаанд,  то ки ҳам аз оби он нӯши ҷон кунанд ва ҳам киштзорашонро обёрӣ намоянд. Вале чанд сол боз баъзе аз аҳли деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷо талош ба харҷ додаанд, ки оби ин чашмаро танҳо онҳо истифода кунанд ва деҳаҳои Сӯх беоб монанд. 
Баъди ин ҳодисаи миёни ду мардум, Сарвазири ҷумҳурӣ Абдулло Арипов ва ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев фавран ба ҷои воқеа омаданд. Онҳо бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунид намуданд ва вазъият нарм карда шуд. 
Дар мулоқоте, ки Сарвазир бо мардуми ноҳия баргузор намуд, ҳазорҳо нафар ширкат намуданд. Вай гуфт, ки бо супориши Президент Шавкат Мирзиёев ба назди онҳо омадааст. Паёми Шавкат Мирзиёевро ба мардум расонд, онҳоро ба сулҳу созиш даъват намуд.
– Ин корҳои машъум ҳаргиз хоси мардуми мо набуду нест! – гуфт қотеъона Абдулло Арипов.
Ҳоло садҳо гектар боғу майдонҳои таҳти кишти мардуми як қатор деҳаҳои ноҳия аз беобӣ хушкидаанд ва кишт нокарда монданд. Ин ба мардуми ноҳия миллиардҳо сӯм зарар овардааст.
Ҳоло гурӯҳ-гурӯҳ вазирон ва роҳбарони идораҳои давлатӣ аз Тошканду Фарғона ба ноҳия меоянд. Онҳо ба деҳаҳо рафта, бо вазъият ва зиндагии мардуми он аз наздик ошно мешаванд, ба дарду доғи онҳо гӯш меандозанд, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ татбиқи лоиҳаҳоро барномарезӣ мекунанд.
Ин мардумро хеле хурсанд мекунад, зеро онҳо дар иҳотаи Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҷиҳати иҷрои корҳои зиёд ба монеаҳои сунъӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Хатмкунандагони мактабҳо аз он ки равуо мушкилиҳо дорад, барои идомаи таҳсил чандон майл намекунанд. 
Ҳоло дар ин бора ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷавонон 500 квота ҷудо хоҳад кард, ки онҳо метавонанд ба донишгоҳҳои дилхоҳи худ рафта машғули таҳсил шаванд.  Гуфта мешавад, ки дар ноҳия хонаҳои панҷ ва ҳафтқабата сохта мешаванд. 
Чизи дигари хушҳолкунанда ҳамин аст, ки барои рушду ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ҳукумати ҷумҳурӣ 1 триллион сӯм ихтисос медиҳад.  
Ҳамчунин аз мардуми ноҳия як сол андоз ситонда намешавад, зеро як қисми заминҳои мардум ба далели набудани об истифода намешаванд, вале аз онҳо ҳар сол андоз меситонанд.
Кушодани роҳи байни Сӯх ва Риштон ва Сӯх – Яйпан, ки аз талабҳои асосии мардум арзёбӣ гардид, ба дастур дароварда шуд, вале гуфта мешавад, ки иҷрои он як-ду ҳафта вақтро тақозо менамояд. 
Мардуми ноҳия барои чунин ғамхориҳо ба Президент ва ҳукумат миннатдорӣ баён мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик” дар вилояти ФАРҒОНА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: