АВВАЛИН «ХОНАИ БАЧАГОНИ ОИЛАВӢ»-И ВИЛОЯТ

28 июли соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат баргузор шуд, масъалаи васеътар гардондани ғамхории давлат нисбати бачагони ногиро, аз парастории падару модар бебаҳрамонда ва ятим баррасӣ гардида буд.

28 июли соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат баргузор шуд, масъалаи васеътар гардондани ғамхории давлат нисбати бачагони ногиро, аз парастории падару модар бебаҳрамонда ва ятим баррасӣ гардида буд.
Ҷавобан ба даъватҳои инсонпарваронаи сарвари давлат дар вилоят аввалин «Хонаи бачагони оилавӣ» бо ташаббуси якҷояи зодагони ноҳияи Ҷондор хоҳару додар Марзия Беҳбудова ва Ваҳҳоб Беҳбудов, инчунин ҳамсари вай Наргиза Саъдуллоева ба фаъолият оғоз намуд. Онҳо аз «Хонаи меҳрубонӣ»-и рақами 32  шаш нафар наврасони 7-16 сола – Азизаю Измира Ҷӯрақуловаҳо,  Дурдона Амонова, Кумуш Ёдгорова,  Гулнавоз Болтаева ва Алибек  Шомуҳамедовро, ки аз меҳру саробонии волидонашон маҳрум гаштаанд, ба фарзандии хеш қабул карданд. Ҳамин тариқ, Хонаи бачагони оилавӣ дар ҳавлии панҷуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Зарманоқ» таъсис ёфта, аз ошёнаҳои якуму дуюми биноҳои бисёрошёна барои онҳо ду манзили сехонагӣ ҷудо карда шудааст. Ҳоло наврасони хуштолеъ солиму бардам ба воя мерасанд ва дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 43-юми шаҳри Бухоро бо баҳои аъло таълиму тарбия мегиранд.
Дар маросими кушодашавии «Хонаи меҳрубонии оилавӣ» ҷонишини ҳокими вилоят Миралӣ Ҳамроев ва мутасаддиёни дахлдор иштирок карданд. Дар охир ба сабабгорони чорабинӣ туҳфаҳо инъом гардид.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: