МАБЛАҒИ ТАШКИЛИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ БА ЧӢ САРФ МЕШАВАД?

Комиссияи марказии интихоботӣ Сметаи хароҷоти интихоботи Президентро, ки моҳи октябри соли равон баргузор мешавад, 300 млрд. сӯм муайян кардааст.

Комиссияи марказии интихоботӣ Сметаи хароҷоти интихоботи Президентро, ки моҳи октябри соли равон баргузор мешавад, 300 млрд. сӯм муайян кардааст. Бино бар он, барои тарғибу ташвиқи ҳизбҳои сиёсӣ 15 млрд. сӯм ҷудо карда шудааст, ки барои ҳар як номзад 3 миллиарду 97 миллион сӯмӣ рост меояд. Ба ҷуз ин, дар ҷараёни интихобот баҳри мубориза бар зидди коронавирус низ сарфи 11, 5 млрд. сӯм пешбинӣ шудааст.
Ин миқдор кам аст ё зиёд? Миқдори пулеро, ки барои шаффофу хушсифат гузарондани ҷараёни интихобот сарф мешавад, метавон бо дигар давлатҳо муқоиса кард. Бино ба маълумоти шабакаҳои интернет маблағи сарфгардидаи ИМА дар маъракаи интихоботии соли 2020, бештар аз маблағи солҳои гузашта буда, 14 млрд. долларро ташкил додааст. Соли 2018 дар Русия ба итихоботи президентӣ аз буҷаи давлат беш аз 300 млн. доллар ҷудо карда шудааст. Дар ҳамсояи наздики мо — Қазоқистон соли 2019 ба интихоботи шабеҳ 9,4 млрд. тенга (наздики 23 млн. доллар) масраф шуда буд. Табиист, ки миқдори маблағ вобаста ба теъдоди интихобкунандагон ва нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат як хел нест.
Дар Ӯзбекистон маблағи ҷудогардида тахминан 28 млн. долларро ташкил медиҳад. Барои давлате, ки 35 млн. аҳолӣ дорад, ин ҳолати муътадил аст. Шакке нест, ки маблағи ҷудогардида ба манфиатҳои шахсӣ хидмат намекунад. Ин миқдор ба садҳо масоили ташкилие, ки ба интихобот иртибот доранд, масраф мегардад, ки вохӯриҳои гуногун, ҷараёнҳои омодагирӣ барои интихобот ҳаққи меҳнати ҳазорон шаҳрвандоне, ки ба он ҷалб карда шудаанд ва таъминоти дигарро дар бар мегирад ва ба хидматгузорон дар шакли моҳона дастрас мегардад. Беш аз 80 фоизи маблағи ба комиссияи интихоботии ҳавза ва қитъаҳо ҷудогардида  барои ҳаққи меҳнати аъзои комиссияи мазкур, компенсатсия ва пардохтҳои ягонаи иҷтимоӣ сарф карда мешавад. Тавассути онҳо ба сартарошон, деҳқонон ва дигарон интиқол мегардад. Ин ба тавассути афзудани талабот ба хидмату амволи дохили иқтисодиёт, барои ба ҳаракат даровардани он низ лозим аст.
Ба ҷуз ин, бино ба интихоботи Президент 14 комиссияи интихоботии ҳавзавӣ ва қариб 10 800 комиссияи интихоботии қитъавӣ ташкил дода мешавад ва маблағҳо ба:
— ҳаққи меҳнати аъзои комиссия;
— пардохтҳои ягонаи иҷтимоӣ;
— хидмати сафарӣ ва фелдъегерӣ;
— ташкили барои ба қитъаҳо расонда додани бюллетен ва даъватномаҳои интихобот;
— алоқаи телефонии байнишаҳрӣ;
— омода кардани овезалавҳаҳо ва стендҳои ахбор барои комиссияҳои интихобот;
— маблағгузорӣ ба ҷараёнҳои  овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ сарф карда мешаванд.
Қариб беш аз 80 фоизи маблағе, ки ба аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзаӣ ва қитъавӣ ҷудо мегардад, барои ҳаққи меҳнат, компенсатсия ва пардохти ягонаи иҷтимоӣ сарф карда мешавад. Ҳамчунин, дар давоми фаъолияти комиссияҳои мазкур барои таъмини истифода аз ТАК, пайвастшавии муттасил ба интернет ва истифода аз воситаҳои алоқа харҷи 20 млрд. сӯм пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз ин, барои чоп кардани матолиби чопӣ барои интихобот ва маводи ташвиқотӣ оиди интихобот қариб 14 млрд. сӯм ҷудо карда мешавад.
Ёфт мешаванд нафароне, ки хоҳанд гуфт: «Оё барои интихобот маблағи зиёд ҷудо кардан шарт аст? Магар намешавад, ки онро хоксорона гузаронем?». Бояд гуфт, ки қабл аз ҳама ба интихобот аз кишварҳои хориҷӣ нозирони зиёде хоҳанд омад. Аксарияти онҳо академикони обрӯманд ва аз доираҳои экспертианд. Ба ин баҳона онҳо ба суботи иқтисодӣ ва муҳити соҳибкорӣ низ баҳо медиҳанд. Аз ин дидгоҳ агар танҳо бо гузоштани қуттиҳои интихоботӣ маҳдуд шавем, ба РАО ва нозирон шароити мусоид фароҳам оварда нашавад, шаффофӣ таъмин нагардад, ё бигирем, барои баргузории фаъоли маъракаи интихоботӣ ба номзаду командаи онҳо маблағ ҷудо карда нашавад, масъалаи легитимӣ ва эътирофи интихоботи мазкур ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад. Ҳамчунин, баъди эълон кардани натиҷаҳои интихобот, бино ба сарфи маблағҳои ба интихобот ҷудогардида дар муддати пешбинишуда ҳисоботи Комиссияи марказии интихоботӣ тавассути вебсайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ равшан карда мешавад. 

Камолиддин МАВЛОНОВ,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ-протсессуалии ДДҲТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: