НАМУНАЕ ЧАНД АЗ МАҲСУЛИ ЭҶОДИ ҚАЛАМКАШОНИ БУХОРОИ ИЛМУ АДАБПАРВАР

Асад Гулзодаи БУХОРОӢ

Асад Гулзодаи БУХОРОӢ
 
Мояи фахр
 
Забонам шеваи аҳли биҳишт аст,
Зи қавми ориёну суғдиён аст.
Куҷо бошад чунин як лафзи зебо,
Ки рамзи давлати Сомониён аст.
 
Забонам, мояи фахри ман астӣ,
Дигар лафзе чунин зебо надидам.
Равон асту гуворотар зи шаҳд аст,
Зи модар зодаму таъмаш чашидам.
 
Забонам, давлатам, тоҷи сари ман,
Забонам зинда дорад давлатамро.
Забони модару ҳам хоҳари ман,
Забонам зинда дорад миллатамро.
 
Ана ёру мана ёр
(Суруд)
Гаштани роҳаш бубин,
Рӯйи чу моҳаш бубин.
Ана ёру мана ёр,
Мана ёру ана ёр!
 
Чашми шаҳлояш бубин
Қади болояш бубин.
Ана ёру мана ёр,
Мана ёру ана ёр!
 
Ангуштаринаш зебо,
Мӯйи пурчинаш зебо.
Ана ёру мана ёр,
Мана ёру ана ёр!
 
Лаби хандонаш бубин,
Дури дандонаш бубин.
Ана ёру мана ёр,
Мана ёру ана ёр!
 
Бубин, рафтораш 
дилкаш,
Тарзи гуфтораш 
дилкаш.
Ана ёру мана ёр,
Мана ёру ана ёр!
 
 
Ибодат РАҶАБОВА, 
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.
 
Қатраҳо
 
Гул, шохи тараш шуҳрати Доро дорад.
Девору дараш ба дил чӣ оро дорад.
Эй ҷӯраи ҷон, бихон, чу гул бӯй бикаш,
Ҳар мисраи ман бӯйи Бухоро дорад.
* * *
Ёрони азиз, фаришта модар дорам,
Дар кулбаи деҳ ба гул баробар дорам.
Рӯмоли сараш ҷойнамози сад пир,
Дасташ ба дуо – ояти ахтар дорам.
***                                          
Дар ҷӯш дилам, қудуғи сарпӯш дилам.
Бас зикри ниҳон шунида бо гӯш дилам.
Дунболи сухан то дили кайҳон рафтӣ,
Сад бори замон ниҳода бар дӯш, дилам.
* * * 
Ошиқ манаму хона Бухоро дорам,
Ҳақгӯ манаму дона Бухоро дорам.
Сад кӯчаи дил маро бихонад сӯяш,
На шаҳр, як афсона Бухоро дорам.
***
Сари девори боғат меравад дил,
Адо гашта зи доғат меравад дил.
Надонам дар суроғи кӣ ту бошӣ,
Ҳамеша дар суроғат меравад дил.
* * *
Сарамро саҷдаи роҳат шифо дод,
Дилам дар қайди ғам буду раҳо дод.
Гирифтам ман сабақ аз беди маҷнун,
Ки ҳар баргаш сӯи Лайлӣ садо дод.
 
Санҷиши қалам
 
Китоб
Китоб – ин чашмаи илҳоми ман аст,
Гуворо шарбате дар ҷоми ман аст.
Намояд роҳи фардоро бароям,
Чароғе гӯӣ ту дар шоми ман аст.
 
Мухлиса НАВРӮЗОВА.
 
Ду қатра
 
Аз он рӯзе ки моро пок зоданд,
Ба сад уммед номи нек доданд.
Раҳи моро ба сӯйи зиштӣ бастанд, 
Ба сӯйи некӣ роҳи мо кушоданд.
   ***
Ҷаҳонро неккорон тоза созанд,
Валекин зишткорон пора созанд.
Накӯён роҳи некиро намоянд,
Вале моро бадан овора созанд.
 
Башорат РАҶАБОВА.
 
 
Дар бораи шеъру шоирӣ
 
(Бадеа)
 
Бимирад шоире ҳайкал 
гузоранд,
Ҳисоби байтҳояшро шуморанд,
Вале аз шеърҳои мурдаи ӯ,
Ба дил як заррае парво 
надоранд.
Лоиқ ШЕРАЛӢ.
 
Шеър тавлид ёфт, муборак бошад! Аммо агар он шира надошта бошад, дере нагузашта мисли одами барфӣ зери таъсири нурҳои офтоби вақт об мешавад. Шеър маҳсули тафаккур буда, нолаҳои дилро дар худ инъикос менамояд. Шеър чун гавҳар рӯйи коғаз мерезад, қалбҳои беморро даво мебахшад, дилҳои бедорро навозиш, майнаҳои хоболудро бедор месозад, ташнагии маънавиро мешиканад...
Зи санг нест қалби ман, биё, 
ки об мешавад,
Суроғи дилшикастагон биҷӯ, 
савоб мешавад.
Шеър эҳтимолияти ҳалли мушкилоти пешистодаро дорад. Вай моро аз масъалаҳои зиндагӣ огоҳ месозад ва ба чораҷӯӣ водор менамояд. Ба дил тухми маърифат мекорад, асабҳоро оромӣ бахшида, боиси пайдошавии мулоҳизаҳои нав мегардад. Ҳаводоронашро сӯйи одобу ахлоқи ҳамида раҳнамун мегардад. Ақлро фузун карда, дилҳоро ба ҷӯш меорад.
Шоиро! Аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон 
ҳазар,
Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,
Аз шароре тоза гулхан 
офарад...
Мирзо ТУРСУНЗОДА.
Оё бовар мекунед, камина дар зери борони шеър дили беқарору хастаи худро шифо бахшидаам. Албатта, шеър намудҳои гуногун: мадҳияю марсия, ҳаҷвияю масал, қитъаю рубоӣ, таронаю ғазал, диалогу монологҳо дорад. Мегӯянд, ки дар Шероз гуфтугӯйи одамон бо ҳам  қофиядор сурат мегирад. 
Шеъри ман як қатраи хуни 
дилам,
Бо сухан эҷоду иншо мешавад.
Шеъри ман дарёсту ман 
соҳилам,
Сатрҳо чун мавҷ пайдо 
мешавад.
***
Эй, ки суди хеш меҷӯӣ 
зи шеър,
Хешро беҳуда саргардон 
макун.
Ман, ки пур кардам ҷаҳонро 
аз сухан,
Дасти холӣ рафтаму дил пур 
зи хун.
 
Шариф НАЗАРОВ,
муаллими фанни математикаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 21-уми 
ноҳияи Шофиркон.
 
         
АНДЕШАҲО
 
Дар олами ҳастӣ замон дар тағйироти ҳамешагисту макон низ. Мо – инсонҳо сабабгору қолабшикани онем ва неку бади он аз мосту бар мост.
***
Дар таърихи инсоният мояи асосии тарбият дин буду хоҳад монд. Зеро Худованд ҷамии хислатҳои неки ба инсон хосро дар он муҷассам сохта.
***
Ҳар касе, ки бо халқ ситезад, бешак, ду олами хеш сӯзад.
***
Биншину дар ин оби равон 
умри равон  бин,
Дар печу хами мавҷаи он 
рафти замон бин.
 
Нурмурод КОМИЛОВ,             
деҳаи Вардонзеи кӯҳнаи ноҳияи Шофиркон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: