БУХОРОЯМ

Ҳадяи Бухороӣ

Ҳадяи Бухороӣ

БУХОРОЯМ

Зи бас додӣ 
шарифонро ба олам,
Шарифӣ аз барои 
ҷумла одам.

Бухороям, чаро бо ту 
наболам?
Бибӯсам хоки ту, бар 
дида молам.

Зи ҳар як заррахокат 
бӯйи ҷоне,
Зи ҳар як санги ту 
нақши ҷаҳоне.

Сифотат бишнавам аз 
ҳар даҳоне,
Чу Каъба саҷдагоҳи 
бандагонӣ.

Ту мисли як китоби 
бебаёнӣ,
Вале дар қисмати 
халқат аёнӣ. 

Ҷаҳон сад гирд 
гардонду ҳамонӣ, 
Қадамгоҳи бузургони 
ҷаҳонӣ.

Ба хокат по ниҳам бо 
номи Яздон,
Ки бошам покдил, 
покизавиҷдон.

Аҷал ояд, диҳам дар 
пойи ту ҷон,
Шавам хоки қудуми 
саҷдаорон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: