БАРОИ «АРӮСИ ТОҶИК» — 13,9 МИЛЛИОН ДОЛЛАР

Даҳ сол қабл «Арӯси тоҷик» 13,9 млн. доллари ИМА арзёбӣ гардида буд, ки наққошии гаронбаҳотарини Сзин Шанъи ба шумор меравад.

Суоле пайдо мешавад, ки ӯ кист ва чаро маҳз «Арӯси тоҷик»-ро мавриди тасвир қарор додааст.
Даҳ сол қабл, — хабар медиҳад «Asia-Plus», — ширкати «Сзядэ», ки бо савдои музояда сарукор дорад, наққошии рассоми чиноӣ Сзин Шанъи — «Арӯси тоҷик»-ро ба савдо монда буд. Наққошии рассоми шинохта дар рӯзи аввали фасли тирамоҳи заррин фурӯхта шуд.
Нархи ибтидоии тасвирро 9 млн. доллар муайян карданд. Дар ниҳояти кор ба ивази 85,1 млн. юан (13,9 млн. доллари ИМА) фурӯхта шуд. Дар тӯли 20 соли охир дар фаъолияти «Сзядэ» ин нархи рекордӣ буд.
Сзин Шанъи аз суратнигорони машҳури Чин аст, ки бо усули рангтасвир нақш меофарад. Наққошии «Арӯси тоҷик» ба шуҳрати ӯ афзуд. Мусаввир яке аз чеҳраҳои барҷастаи Чини коммунистӣ мебошад, ки ба насли аввали наққошони ин кишвар тааллуқ дорад.
Аҳди Эҳё ва класситсизми Аврупою кишварҳои ҳамсоя барои наққош мактаби омӯзиш буд. Сафар ба Аврупо чашми ӯро ба олами санъати классикӣ кушод.
Баъди баргаштан аз Аврупо ӯ тасмим гирифт, ки ба ноҳияи Шинҷон, ки дар қисмати шимолу ғарбии Чин воқеъ аст, равад. Дар ин минтақаи Чин асосан уйғуру тоҷикон умр ба сар мебаранд. Дар ин ҷо вай як сисила наққошиҳоро зери унвони «Духтари тоҷик», «Духтарони Туркистон», «Ибодат» ва «Арӯси тоҷик» офарид.
«Арӯси тоҷик» шоҳасари Сзин Шаъни мебошад. Наққош дар ин асараш усули наққошии мусаввирони аҳди Эҳёи Аврупо ва наққошони ватаниро ба кор бурдааст. Рангҳои сурху сиёҳ ва сафед ба ҷозибаи тасвирҳои ӯ афзудаанд.
Сзин Шанъи, баъди баргаштан аз кишварҳои хориҷа, бисёр тасвирҳои худ, аз ҷумла, «Духтари тоҷик»-ро  ба Осорхонаи миллии санъати тасвирии Чин туҳфа кардааст. Дар ихтиёри кӣ будани «Арӯси тоҷик» ҳанӯз маълум нест.
 
Таҳияи Д. АБДУЛЛОЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: