Ӯзбекистон ва Беларус рафти иҷрои лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов бо вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Александр Рогожник мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Ӯзбекистон ҳосилшуда ва дар паи натоиҷи ҳамоиши дуюми муштараки минтақаҳо, ки моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо, тандурустӣ, маориф, таъминоти чӯб ва маҳсулоти кишоварзӣ муайян карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: