Президенти Ӯзбекистон дурнамои шарикӣ дар соҳаи омодасозии кадрҳоро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 сентябр дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари корӣ ба ИМА бо сарвари ширкати Cintana Дуглас Беккер вохӯрд.

Ширкат дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Аризона таъсис ёфтааст ва дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон фаъолият карда, бо баланд бардоштани сифати таҳсилоти донишгоҳҳо шуғл меварзад.

Муассис ва раиси Cintana Дуглас Беккер дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Аризона оид ба созмон додани Донишгоҳи технологии Амрико дар кишвари мо кор пеш мебарад.

Дар назар аст, ки омодасозии кадрҳои соҳибихтисос аз соли 2024 бинобар чунин самтҳо ба монанди тандурустӣ, инжиниринг, меъморӣ ва тарроҳӣ оғоз шавад.

Роҳбари кишварамон ин нақшаҳоро тасдиқ намуда, омодагии Ӯзбекистонро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ изҳор намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: