ҚАЛАМ ВА ҒАМ

ё розномае аз рӯзгору пайкори Аҳмадҷон Мухторов

Яке теғ донад задан рӯзи кор,
Якеро қаламзан кунад рӯзгор.
                (ҲОФИЗ).

Шодравон Аҳмадҷон Мухторов (Ғуломзода) дар журналистикаи ҷумҳурӣ аз чеҳраҳои маълум ва машҳур буд. Ин абармарди соҳибқалам фаъолияти журналистиро аз мусаҳҳеҳӣ дар рӯзномаи «Ленин йӯли»-и Самарқанд оғоз намуда, то дараҷаи сардабирии рӯзномаҳои бонуфузи – «Халқ сӯзи» – «Народное слово» расид.
Навиштаҳояш бештар ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ доштанд, ӯ нисбати муаммои мардуми оддӣ аз минбари баланд бонги изтироб мезад ва пайваста бо ғаму дарди эшон зиндагӣ мекард.
Таассуф, ки разолат бар адолат, ҷаҳолат бар хирад, равшанфикрӣ бар кӯрдилӣ ғолиб омаду аз вазифаҳо дур карда шуд.
Инак, беш аз 10 сол аст, ки дар водии хомӯшон – қабристони Панҷоби Самарқанд мехобад...
Мулоқоти нахустин

Соли 1970. Камина баъди адои қарзи ҷавонмардӣ ба зодгоҳ баргаштам. Барои шодбош ба хонаи мо як мӯйсафеди нуронӣ низ бо сару либоси тоза ташриф фармуд. Нашинохтам. Падарам аз нигоҳам рамуз гирифт ва гуфт, ки ӯ адиб ва тарҷумон Ҳасан Ирфон аст, ки аз шаҳр ба деҳа омада, дар ҳавлии духтараш Зебо Аюбова зиндагӣ мекунад. Ба адабиёт ҳавас доштам, бинобар ин зуд шинос шудем. Мӯйсафед хирабин буд ва ба асокашу шогирд эҳтиёҷ дошт. Аз тақдир сипосгузорам, ки пас аз котиби ӯ будан дар тарҷумаи сегонаи Горкий ширкат варзида асрори ин касбро каму беш омӯхтам. Муҳимаш, бо бисёр шахсони маъруфу машҳури Самарқанд, ки бо устод Ҳасан Ирфон ошноӣ доштанд, аз наздик шинос шудам.  Мулоқот бо Вадуд Маҳмудӣ, Тамҳид, Раҳим Ҳошим, Абдулҳамид Пӯлодӣ ва дигар равшанфикрон дар хотирам мондааст.
Ҳамроҳ рӯзҳои ҷумъа бо вуҷуди заифӣ ва нотавонии устод ба аёдати онҳо рафта, аз суҳбату хотироти аҷиби эшон баҳра мебурдем.
– Писарҷон, шоҳи Афғонистони ман, – боре гуфтанд устод Ҳасан Ирфон, – пагоҳ – рӯзи дамгирӣ. Ҳар ду ба идораи «Ленин йӯли» рафта, дастхати «Духтари араб»-ро ба Аҳмадҷон Мухторов месупорем. Вай яке аз аввалинҳост, ки дар бораи падарарӯсам Саидризо Ализода, ки маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб»-ро ташкил карда, аз асосгузорони рӯзномаи «Овози тоҷик» буду барои бобою модаркалони ту «Алифбо» навиштааст, мақолае иншо намуда, сарнавишти талхи ӯро рӯйи об баровард. Аҳмадҷон ба қадри қаламкаш мерасад.
Вақте ки мо ба идораи рӯзнома омада, ниятамонро ба котиба гуфтем, Мухторов аз дафтари кориаш бо чеҳраи кушод баромада, устод Ҳасан Ирфонро самимона ба оғӯш кашида ҳолу аҳвол пурсид. Сипас ба хонаи кориаш ворид шудем. Котиба чойники чойро оварда, назди ман гузошт, суҳбати мо ҷӯш зад.
– Шумо, Ҳасаноғо, – қабл аз хайру хуш иброз дошт Аҳмадҷон Мухторов, – заҳмат кашида ба идораи мо омаданатон шарт нест. Ана ин шогирдатон, ба фикрам, хизматгори беминнат.
– О, ин подшоҳи Афғонистон Зоҳиршоҳро ба мо Худо расонд, – табассуми малеҳ дар лабони устод дамид, – нури чашмам, қуввати дили ман, ана ҳамин, собиқ аскар.
– Нағз, хеле нағз, – гӯён ӯ моро то зинапоя гусел намуд ва ҳангоми хайрухуш сӯям нигариста, – шумо омада истед, дари мо ҳамеша боз! Сонӣ дар ёд доред:
Ҳамекун ба пирони бекас 
касӣ,
К-аз ин шева, донам, 
ба пирӣ расӣ...

Ӯ дар Самарқанд марди танҳое буд...

Фалак бар мардуми нодон 
диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли донишу фазлӣ, 
ҳамин гуноҳат бас!
 (Ҳофиз).

Пас аз он, ки Мухторов аз пойтахт ба зодгоҳ баргашт, «хонанишин» шуд. Аксарият пойи худро аз даргоҳаш кашиданд. Акнун ҳатто ҷамъомаду анҷуманҳои ходимони расонаҳои ахбор ҳам, бидуни вай мегузашт. Вай танҳо буд. Дар чунин айём инҷониб, ки дар ширкати симо ва садои вилоят хабарнигор будам, ба гузари Лолазор барои аёдати ӯ рафтам, ки мусоҳиба таҳия намоям. Аз ин навид вай дар шигифт афтод ва нобоварона пурсид:
– Шуморо кӣ фиристод?
– Раиси телекомпания Миршариф Хоҷаев, – гуфтам ман, – шогирди шумо...
Аз хурсандӣ ба чашмони ӯ ашк ҳалқа заду вуҷуди ӯро изтиробе фаро гирифт. Ғарқи андеша, нигоҳаш ба нуқтае дӯхта шуд, даст ба пешонаи фарохаш бурду панҷа ба мӯйи мошу биринҷаш зад. Дар ин лаҳзаҳои хомӯшии тоқатфарсо ман худро бо тамошои ҷевони китобҳои ӯ андармон кардам. Ҳамин вақт ҳамсараш дар лаълӣ бо чою ширинӣ даромад. 
– Ё тавба, офтоб аз куҷо баромад? – нобаҳангом нидо дод соҳибхона, – бибиҷонаш, ана шумо шоҳид, ки ниҳоят ба хотири баъзе шахсон омадаем, ин шогирд барои суҳбат омадааст.
– О ман ба шумо ҳамааш нағз мешавад гуфта будам-ку, – гуфт завҷаи ӯ бароям дар пиёла чой рехта.
Суҳбати мо бо устод Аҳмадҷон Мухторов хеле тӯл кашид. Нигоҳи тезу озмоишкорона дошт вай. Аз гуфтору рафтораш як навъ хастагӣ, нобовариву шубҳа эҳсос мешуд. Хаёлолуд, вале дона-дона, бо мантиқ ҳарф мезад. Ёд дорам, пурсидам, ки: журналист кист ва рисолаташ чист?
– Журналисти ҳақиқӣ бояд далер, ҳақгӯю созанда бошад, на сӯзанда. Барои манфиати шахсӣ маддоҳӣ кардан барои соҳиби қалам иллат аст. Тааҷҷуб, ки имрӯз сензура нест, вале пирон аз озодандешӣ метарсанду ҷавононро ҷасорат кам.
– Устод узр, хабар дорем, ки шуморо борҳо ба бозиҳои сиёсӣ кашиданд, танқиду таҳқир карда, азоби рӯҳӣ доданд. Аз ҳама аламовараш кадом буд ва ба кадом сабаб, ки ҳоло «хонашин ҳастед?».
– Ростӣ – растӣ! – масали хубест. Насиҳати пири хирад Абдураҳмони Ҷомӣ шиори ман буду ҳаст:
Рост ҷӯ, рост нигар, 
рост гузин!
Рост гӯ, рост шунав, 
рост нишин!
– Кадоме аз рӯзномаҳое, ки дар онҳо ранҷ кашидаед, бароятон азизанд?
– Рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» – «Народное слово» бо иштироки банда таҳия ёфт, ки сардабир будам. Бисёр солҳо дар рӯзномаи «Қишлоқ ҳаёти» қалам задам. Доимо аз матбуоти русизабон ва «Овози тоҷик» бохабарам ва дӯст медорам. Лекин, рости гап, рӯзномаи «Ленин йӯли», ки аз мусаҳҳеҳӣ то ба муҳарририаш расидам, ҷону дили ман аст. Бовар кунед, ҳар гоҳ онро ба даст гирам, дилам ба тапиш меояд.
– Кадоме навишта будааст, ки «ман метавонам аз даҳ журналист даҳ вазир созам, вале аз даҳ вазир як журналист сохтан гумон аст».
– Ҳақ асту рост. Ман ин ҳақиқатро дар зиндагӣ дидаам.
– Аз журналистони тоҷик бо киҳо ошно ҳастед?
– Ҳангоми депутати Иттиҳоди Шӯравӣ буданам бо Отахон Латифӣ шинос шудам. Дар Тошканд бо Шавкат Ниёзов, Муҳсин Умарзода, Раҳмат Норов ва дигарон суҳбат мекардам.
– Магар қалами шумо ягон касро гирёндааст?
– Саволҳои аҷиб медиҳад-ку, шогирди Ҳасан Ирфон, – мусоҳибам завқ карда хандид ва идома дод, – вақте ки дар бораи маърифатпарвар Саидризо Ализода мақола менавиштам, худ гиристам. Сонӣ баъзе касон таъсирбахш будани иншои бандаро таъкид кардаанд.
Мавзӯъро пайдо кардан ва сухане бар сухане зам кардан кори мушкил. Таъкид кардан ҷоиз, ки эҷодкори асил бояд ба мушкилоти ҷомеа бетараф набошад, озодона қалам зада, пайраҳаи хешро пайдо кунад. 

Зикри хайр зинда кунад номро!

Чунон кун зиндагонӣ дар 
замона,
Ки аз вай зинда монӣ 
ҷовидона.
(Амир Хусрави Деҳлавӣ).

Дар айни камолот канда шудани риштаи умраш, бори дигар собит сохт, ки «марг аст, ки ваъда намедиҳад, марг аст, ки дурӯғ намегӯед ва нобаҳангом омадани ӯ ҳақиқат аст».
– Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр кори савоб кардед, ки дар бораи устод Аҳмадҷон Мухторов ёдбуде навиштед, – гуфт сардабири кунунии рӯзномаи «Халқ сӯзи» – «Народное слово» Ӯткур Раҳмат. Баъди вафоти ӯ дар матбуоти Ӯзбекистон таъзиянома ҳам чоп нашуд. Он айём камина дар  «Қишлоқ ҳаёти» адои вазифа доштам. Ҷамоаи идора бо машварат ҳамдардӣ навиштем. Зеро вай қурбони ҳақиқат шуда буд. Ҳоло, ҳар гоҳ ба кор омада, дар курсии ӯ менишинам, ёди некаш мекунам.
– Замоне ҳамкор будем, – гуфт Журналисти хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Нусрат Раҳмат, – устод Аҳмадҷон Мухторов, бидуни муболиға, журналисти худодод буданд. Гоҳо шоҳиди он мешудем, ки баъди ягон воқеа ё сафари эҷодӣ ба дафтари қайд нигариста матнро ба чопгар дикта мекарданд ва рӯзи дигар аз саҳифаи рӯзнома мехондем. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: