ВАСЛГАРИ ДИЛҲО

Яке аз ҳамнишастиҳои фаромӯшнашудании мо бо устод А. М. Баҳоваддинов соли 1968 дар доманакӯҳи биҳиштманзари Ҳушёрии дараи Варзоб сурат гирифта буд.

Яке аз ҳамнишастиҳои фаромӯшнашудании мо бо устод А. М. Баҳоваддинов соли 1968 дар доманакӯҳи биҳиштманзари Ҳушёрии дараи Варзоб сурат гирифта буд. Ӯ аз иштирокчиёни Даҳаи адабиёту санъати Ӯзбекистон – Шоири халқии Ӯзбекистон Уйғун, шоир Акмал Пӯлод, узви ҳақиқии Академияи илмҳои Ӯзбекистон Воҳид Зоҳидов ва раиси Кумитаи матбуоти Ӯзбекистон  Зиёд Есенбоевро ба меҳмонӣ хонда, аз дӯстони наздики душанбегиаш шоири бағоят бофазилат,  устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ, таърихшинос  Абдуҳамид  Гадоев ва каминаро низ даъват кард. Аён буд, ки барои ба ҷо овардани иззату эҳтироми меҳмонҳояш устод  ҳама тадбирҳоро андешидааст – гӯсфанд куштаву кабку бедона ёфта, тамоми нозу неъмати беҳтаринро муҳайё намудааст.
Аз лаҳзаҳои аввали зиёфат ҳозиронро як самимияти олии инсонӣ ва ихлосмандии дилпазир фаро гирифт. Ҳамин ки онҳо сари дастархон нишастанд, соҳиби зиёфат А. М. Баҳоваддинов бо табассум чунин гуфт:
Шуд мунаввар аз қудуми дӯстон 
кошонаам,
Хона фонус асту меҳмон шамъу 
ман парвонаам.
Худи ӯ мазмуни шеърро барои меҳмонҳо ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард ва афзуд: 
Домулло Раҳимӣ, азизам Уйғун ва камина дар дорулфунуни Самарқанд дар як вақт таҳсил карда, ба якдигар   дӯстӣ пайдо намудаем. Агар дар рафти суҳбат байни мо аксиягӯиҳои маҳрамона шавад, аҳамият надиҳетон.
Пас худи устод А. М. Баҳоваддинов қадаҳи якумро бо зарофатгӯӣ бардошт:
– Дӯстон, – гуфт ӯ, – шумо медонед, ки шаробнӯширо ахлоқи ҳизбии мо намепарварад. Аммо бо меҳмонҳои бениҳоят азизу олиқадри имрӯз нанӯшида наметавонам. Ба қарибӣ барои ҳизбиён ривояти хубе ёфтам: агар касе ба қадаҳгӯӣ , бе сухан шароб нӯшад, ин бадмастӣ ҳисоб мешавад ва агар вай қадаҳ гӯяду ҳарифонро ба дӯстӣ ва корҳои нек ҳидоят кунад, ин кори идеологӣ ба шумор меравад.
Ҳозирин баробар хандиданд ва қадаҳи аввалро барои дӯстии безаволи байни мардуми ӯзбеку тоҷик нӯшиданд…
Пас аз чанд фурсат шоир Уйғун аз ҷояш хеста, ба А. М. Баҳоваддинов муроҷиат намуд:
– Дӯстам Аловуддинҷон, барои мо хуш аст, ки Шумо ҳанӯз ҳам ба монанди солҳои донишҷӯиатон чолоку бардамед. Имрӯз Шумо коре кардед, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир нахоҳад рафт, моро боз ба ҳамон солҳои ҷавонӣ баргардондед. Маълум, ки ҳар миллат бо фарзандҳои қобилу тавонояш машҳур аст ва бо номи онҳо ифтихор мекунад. Хато намешавад, агар гӯям, ки Аловуддин Маҳмудович Баҳоваддинов яке аз беҳтарин фарзандони миллати халқи бародари тоҷик аст. Ӯ дили пок дорад, маҳалгароиву миллатчигиро намедонад. Дар Ӯзбекистон низ ӯро беҳад эҳтиром мекунанд.
Баъд Уйғун шеърҳои худро хонд. Дар охир шеъри Ғафур Ғуломро дар бораи  пайвандҳои хешутабории ӯзбекону тоҷикон қироат намуд. Дар мо оилаҳои зиёде ҳастанд, ки падар тоҷику модар ӯзбек ва ё баръакс аст. Ӯ абёти  Ғафур Ғуломро аз нав ба забон овард:
Яқин қуда-қудағай,
Қадим - қадимдан буён.
Бирининг ӯғли тоҷик,
Келини ӯзбек қизи.
Отаси фарғоналик,
Модараш аз Бадахшон.
Она тилиси  тожик,
Аммо ӯзбекдир ӯзи.
Баъди сухангӯии Уйғун байни Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва шоир Акмал Пӯлод аксия ва зарофатгӯӣ авҷ гирифт. Мавзӯи асосии онҳо сари бемӯй буд. Акмал Пӯлод изҳор кард, ки тараддуди сафар кардаму бо завҷаам маслиҳат намудам — ба дӯсти деринаам Муҳаммадҷон Раҳимӣ чӣ савғо барам? Завҷаам хандиду гуфт:
– Туҳфаи хуб барои дӯстат шона, беҳуда туҳфакобӣ накуну шонаи маро ба ӯ туҳфа бубар.
Қариб буд, ки ҳозирон аз ханда рӯдакаф шаванд.
Устод Раҳимӣ ҳам суст наомад:
– Ман зан надорам, ки ягон чизашро ба ту туҳфа кунам. Аз бибикалонам як қарси сафед ёдгорӣ мондааст, онро ба ту туҳфа менамоям, ки боз сари калатро офтоб набардорад.
Ҳама боз бо завқ хандидем.
Академик, вазири маданияти онвақтаи Ӯзбекистон Воҳид Зоҳидов маъзарат хоста, сухан оғоз кард:
– Дӯстони ҷонии мо, – гуфт вай, – ман барои он хестам, ки дар ин нишаст аз дӯстии бузургворон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ хотирнишон кунам. Дар ҳамон вақт дар адабиёти тоҷику ӯзбек навъи нави шеър – «ширу шакар» ба вуҷуд омада буд, ки як мисраъ, ё як байт ва ё як пораи он ба тоҷикӣ ва ҳамон қадараш ба ӯзбекӣ гуфта мешуд. Намунаҳои зиёди ин гуна ашъорро ба Ҷомӣ ва Навоӣ нисбат медиҳанд. Дар мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбекии тоинқилобӣ девонҳои Ҷомӣ ва Навоиро чун китоби савод мехонданд. Имонам комил аст, ки аз чунин паҳлӯ ба паҳл нишастани имрӯзаи мо рӯҳи онҳо болида мегардад, агар Ҷомию Навоӣ зинда мебуданд, ба мо офаринҳо мегуфтанд, ки анъанаҳои дӯстии безаволи онҳоро пос медорем, давом медиҳем. Имрӯз на мо як дар ин давра баҳамем, балки садҳо фиристодагони Ӯзбекистон, адибон, мутрибон, ҳофизон, рассомон, ҳунарпешаҳои театру кино дар ҳамаи гӯшаҳои ҷумҳурии шумо – Бадахшону Зарафшон, Хуҷанду Қаротегин, Кӯлобу Вахш ва Ҳисор бо бародарони тоҷикашон паҳлӯ ба паҳлӯ нишастаанд, нақшаҳои ҳамкории эҷодиашонро муҳокима менамоянд. Дар байни онҳо Ҳалима Носирова, Комил Яшин, Галия Измайлова ва дигарон ҳастанд.
А. М. Баҳоваддинов ба Зоҳидов изҳори миннатдорӣ карду афзуд:
– Маълум аст, ки Ҷомӣ Навоиро ташвиқот мекард, ки бо вуҷуди устод буданаш дар шеъри тоҷикӣ бештар ба ӯзбекӣ асар нависад, Навоӣ бошад, дар таърих ибораи «нигори турки тоҷик»-ро ихтироъ кард.
Нигори турки тоҷикам, кунад сад 
хона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаю 
чашмони туркона.
То инқилоб ва баъди он ҳам тоҷикону ӯзбекҳо аҳлона, осуда ва бародарона умр ба сар бурдаанд, дар байнашон ягон низое рӯй надодааст. Дӯстам Воҳидҷон дуруст мегӯяд. Насли ҳозира бояд ин анъанаи некро амиқ дарк кунад ва ҳеҷ гоҳ васиятҳои Ҷомиву Навоиро аз хотир набарорад. 
 
Аз китоби «Оламафрӯзон»-и Холмурод ШАРИФОВ. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: