Ҷамъомади комиссияи назорати фаъолияти мақомоти додситонии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ҷамъомади комиссияи назорати фаъолияти мақомоти додситонии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар он аъзои комиссия, намояндагон аз Сарпрокуратура, Кумитаи давлатии андоз, Вазорати тандурустӣ, масъулони дахлдори созмонҳои ҳудудӣ, ходимони ВАО иштирок намуданд.
Даставвал иҷрои қонун «Дар бораи нигоҳдории тандурустии шаҳрвандон» муҳокима гашт. Натиҷаҳои омӯзиши ҳолати назорати додситонӣ дар вилояти Сурхондарё оиди барвақт аниқ кардан ва профилактикаи бемориҳо дар бачаҳо, дар вақташ ба амал баровардани назорати тиббии бачагон ва муҳофизати модару тифл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Навъе таъкид гашт, тӯли соли 2020 дар вилояти Сурхондарё 35 ҳолати вафоти модарон ба мушоҳида расид, ки назар ба соли 2019 19-то зиёд аст. Дараҷаи ҳолати фавти кӯдакон назар ба солҳои пештара фуромадааст ва он соли 2020-ум 586-торо ташкил намуд.
Дар ноҳияҳои Ангор, Ҷарқӯрғон, Узун ва шаҳри Тирмиз зиёд шудани ҳолатҳои ногувор марбут ба вафоти модар ва тифл ин ташвишовар аст.
47,5 фоизи воҳиди штатӣ, ки барои духтурони муассисаҳои тиббии вилоят ҷудо гардидааст, бинобар нарасидани кадрҳо вакант хобидааст. Ҷуз ин муассисаҳои тиббӣ бо ҷиҳози зарурӣ пурра таъмин набуда, дар 99 поликлиникаи оилавӣ ягон адад аппарати УЗИ нест.
Дар баробари ҳамин дар ҷамъомади комиссия иҷрои қонун «Дар бораи кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ» дар вилояти Хоразм, аз ҷумла иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунӣ, ки ба дастгирии соҳибкорӣ, ба талаб ҷавобдиҳии имтиёзу преференсияҳои додашуда дар давраи пандемия нигаронида шудаанд, мавриди гуфтугӯ қарор ёфт.
То ҳолати 1 январи соли 2021 шахсони ҳуқуқие, ки андоз месупоранд, 20372 нафарро ташкил менамоянд, ки ин рақам назар ба соли пештара 3931-то зиёдтар аст.
Ҳамин низ таъкид гашт, ки бинобар ба тарзи қатъӣ ба роҳ гузошта нашудани назорати додситонӣ дар соҳа ба норасоиҳо роҳ гузошта шудааст. Коҳиши адади санҷишҳо аз болои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мураккабии вазъи сохтори назорати андоз ба самаранокии фаъолияти соҳибкорон монеъ гаштааст. Назар ба ҳолати 1 апрели соли 2020 субъектҳои соҳибкорие, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, 5593 ададро ташкил менамоянд.
Дар ҷамъомад бо мақсади бартараф сохтани хато ва норасоиҳо дар сохтор аз ҷониби аъзои Комиссия тавсияҳо пешниҳод ва қарорҳои дахлнок қабул карда шуданд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».