ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ...

Дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ»-и Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим»-и шаҳри Самарқанд марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Як пир ба даҳ ҷавон масъул» ба поён расид, ки дар он вакилони тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Онҳо аз рӯйи чанд шарт бо ҳам рақобат карданд. Ҷойи фахрӣ ба намояндаи вилояти Сурхондарё Чорӣ Ҷумъаев насиб кард. Вай бо 27 миллион сӯм маблағ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуд. Ба ҷойи дуюм Солеҳҷон Худоёрови самарқандӣ ва савум мӯйсафед аз Қароқалпоқистон Нурмуҳаммад Тулемуродов сарфароз гаштанд ва онҳо низ мукофоти пулӣ гирифтаанд.
Боиси хушнудист, ки иқдоми нек бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев оғоз шуд, – иброз дошт ғолиби озмун Чорибобо, – мақсади асосии озмун кумак ба ҷавонон барои дарёфти мавқеи худ дар ҷамъият, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, муҳаббат ба ватан, меҳнат, эҳтироми хоса ба анъанаҳои миллӣ аст.
Аз фурсат истифода бурда ба ташкилкунандаи тадбир арзи сипос менамоем ва тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» ба насли наврас мегӯем гуфт:
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: