Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан гуфтугӯро дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома доданд.
Ҳар ду пешво зикр карданд, ки соли 2021 ба дараҷаи шарикии стратегӣ баровардани муносибати байни Ӯзбекистон ва Венгрия воқеан рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад ва ба воқеияти дӯстии қадимии халқҳо ва рушди имрӯзаи ҳамкории муфиди тарафайн ҷавобгӯ мебошад.
Ба минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва маданиву инсонпарварӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки солҳои охир ҳаҷми савдои ҷонибҳо қариб се баробар зиёд гардид. Ҷонибҳо дар бораи нақшаи мақсадноки то 500 миллион доллар расондани табодули моли дуҷониба дар солҳои наздик қарор намуданд.
Виктор Орбан изҳор намуд, ки Венгрия Ӯзбекистонро ба сифати шарики муҳим ва дарозмуҳлат арзёбӣ менамояд. Барномаи сермаҳсули ташрифи мазкур далели равшани азми ҷонибҳо ба инкишофи гуфтугуйи фарогир мебошад.
Дар бобати таҳрики нав бахшидан ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, дорусозӣ, бофандагӣ, хурокворӣ, электротехникӣ, сарфаи об ва индустриалӣ аҳду паймон ба амал омад.
Бо ин мақсад ба ҳукуматҳо супурда шуд, ки дар муддати наздик барои таъмини молиявии лоиҳаҳои бартаринок Фонди муштарак таъсис диҳанд.
Ҳамзамон бизнес-форумҳо ва намоишгоҳҳо мунтазам баргузор хоҳанд шуд, захираҳо ба таври пурра корбурд гардида, тамоми самтҳои ҳамкории муфиди тарафайн фаро гирифта хоҳанд шуд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки ҷамъбасти муваффақиятноки бизнес-форум бо имзои қарордодҳои сармоягузорӣ ва шартномаҳои тиҷоратӣ ба миқдори беш аз 1 миллиард доллар натиҷаи амалии мушаххаси ҳамкории босамари ду мамлакат ба шумор меравад.
Дар бобати боз намудани намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Будапешт бо мақсади ҳамдастӣ ба татбиқи амалии қарордодҳои баимзорасида аҳду паймон гардид.
Дар поёни мулоқот пешвоёни Ӯзбекистон ва Венгрия моилиро барои минбаъд мустаҳкам намудани муносибати дуҷонибаи дӯстона ва шарикии стратегӣ собит намуданд.