Алҳол дар Ӯзбекистон бинобар ислоҳот ва инноватсияҳо муҳити нави сиёсӣ ба вуҷуд омадааст.
Алҳол дар Ӯзбекистон бинобар ислоҳот ва инноватсияҳо муҳити нави сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Ташаббусҳои қонунгузорие, ки танҳо барои демократикунонии низоми интихобот тӯли панҷ соли охир амалӣ шуданд, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд. Ташаббусҳои мазкур барои пурра амалӣ гардидани ҳуқуқҳои интихобкунӣ ва интихобшавии шаҳрвандонамон имконият фароҳам меоваранд, барои дар ҳаёти давлат ва ҷамъият беш аз пеш фаъол гардидани халқамон хидмат мекунанд.
23 июл ҳамчун идомаи мантиқии чунин саъю ҳаракатҳо ба маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз бахшида шуд. Алҳол маъракаи интихобот суръат мегирад. Зеро корҳои тарғиботиву ташвиқотии пешазинтихоботӣ аз 20 сентябр ибтидо гирифтанд. Ҳоли ҳозир номзад аз ҳизби мо ба Президентӣ Алишер Қодиров дар вилоятҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронад. Аз ҷониби ситоди интихоботии ҳизб дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар асоси меъёрҳои Кодекси интихобот номзад ва барномаи ӯ тарғибу ташвиқ мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун идораи муҳим аз дигар созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ тафриқа доранд. Мақом ва нақши онҳо дар ташаккул додани ҳокимияти давлатӣ тақозо дорад, ки фаъолияти ин сохторҳои сиёсӣ ҳамнафаси замон бошанд, ғояҳои нави сиёсиро пеш гузоранд, манфиати гурӯҳҳои иҷтимоие, ки барои ба майдони сиёсӣ ворид шудан саъй менамоянд, тадқиқ кунанд, барои ҳаллу фасли онҳо қотеона саъй намоянд.
Бинобар ҳамин ҳам фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеаи ҷаҳон яке аз омилҳои муҳиме ба шумор меравад, ки дараҷаи озодии ҷамъият ва демократӣ будани мамлакатро муайян мекунанд. Маҳз аз ин ҷиҳат мо дар панҷ соли наздик гувоҳи ба амал татбиқ гардидани ислоҳоти куллӣ мегардем.
Мехостем таъкид намоем, ки интихоботи президентии имсола мувофиқи Кодекси интихоботи навқабулшуда ва бинобар чунин талабҳои демократӣ мегузаранд. Дар он хулоса ва пешниҳодҳое, ки тӯли солҳои гузашта бинобар дар Ӯзбекистон баргузор кардани интихобот ва таҷрибаҳои нодир ҷамъ омадаанд, акси худро пайдо кардаанд. Дар ин бобат ҳангоми коркарди Кодекси интихобот ба инобат гирифта шудани пешниҳоди аз ҷониби Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон ба миёнгузошташуда, дар бораи он ки ба интихобот танҳо ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд номзад пешбарӣ кунанд, сазовори эътибор мебошад.
Навгонии мазкур барои пешрафти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакатамон имконияти бузург мебошад. Зеро дар бисёр давлатҳои пешқадами демократӣ нирӯҳои демократие, ки дар низоми сиёсӣ озодона ва ошкоро ҳаракат мекунанд, ин пеш аз ҳама, ҳизбҳои сиёсӣ ба шумор мераванд. Пайдост, ки ҳар як ҳизб бо ташаббуси табақаи иҷтимоие ба майдони сиёсӣ мебарояд. Дар асоси чунин талабҳо такмил додани қонунгузорӣ ҷараёни табиӣ ва зарурӣ мебошад.
Бояд эътироф намуд, ки дар Кодекси нави интихобот меъёрҳои муҳимтарини демократӣ инъикос гардидаанд. Чунончи, аз он вазифаи аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ташкил кардани вохӯрии номзад бо интихобкунандагон хориҷ карда шуд, ки мисоли равшани фикри болоист. Зеро дар замони ташвиқоти пешазинтихоботӣ манъ кардани истифода аз захираҳои давлатӣ дар роҳи созмон додани интихоботи озод ва демократӣ қадами муҳим мебошад. Дар Кодекси интихобот аз ҷумла омадааст:
– аъзои комиссияи интихоботӣ шудани роҳбарони мақомоти давлатӣ, хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кормандони Хидмати бехатарии давлатӣ, дигар шуъбаҳои ҳарбӣ, ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва аз ҷониби хидматчиёни касбии ташкилотҳои динӣ ба роҳ монда шудани тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботӣ манъ карда мешавад;
– барои пешгирӣ намудани бидуни асос дароз кардани муддати эълони натиҷаҳои интихобот муддати шикоят нисбати қарори комиссияҳои интихоботӣ аз 10 ба 5 рӯз кӯтоҳ карда шуд;
– бо мақсади таъмин сохтани шаффофияти истифодаи маблағҳое, ки барои ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҷониби онҳо муддати пеш аз интихобот ва ҳисоботи ҷамъбастии молиявии пас аз интихобот, ҳамчунин, тартиби аз ҷониби Палатаи ҳисоб эълон кардани натиҷаҳои санҷиши фаъолияти ҳизбҳо ҷорӣ карда шуд.
Меъёрҳои дар боло зикршуда, бидуни шубҳа, барои одилона ташкил кардани интихобот ҳамчун асоси мустаҳкам хидмат хоҳанд кард.
Имрӯз интихобкунанда тағйир ёфта, фаъолияти сиёсиаш афзудааст. Дар замоне, ки расонаҳои ахбори оммавӣ ва журналистикаи шаҳрвандӣ дар асоси талаботи нав фаъолият доранд, саволи бамаврид ба миён меояд, ки ин дигаргуниҳо дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки дар номгӯйи иттиҳодияҳои ҷамоатӣ ва таснифи онҳо дар мақоми аввал қайд карда мешаванд, чӣ гуна инъикос меёбанд.
Аз ин ҷиҳат иштироки Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-ро дар интихоботи кунунии президентӣ дар сатрҳои мухтасар метавон чунин ифода кард:
Аввалан, ҳизб аз монолог ба диолог гузашт. Дар ин маврид ба тарзи аз поён ба боло шунидану дарки интихобкунанда бартарӣ дода мешавад.
Дуюм, ҳизб аз марказ не, балки ба байни халқ ворид шуда, мулоқот мегузаронад.
Сеюм, дар маҳалҳо баргузор кардани мулоқоти рӯбарӯ ба анъана табдил меёбад.
Чаҳорум, давомияти мулоқотҳои бевосита ва талошҳо ба роҳ монда шуданд.
Панҷум, ҳизб дар расонаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо, ки ҷузви муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, самти нави сиёсат, яъне дар амал истифодаи политологияи SMM, дар низомҳо гурӯҳҳои ахборро ташкил кардааст ва бо онҳо фаъолият мебарад.
Шашум, ҳоло ҳизб аз танқид намегурезад, балки дар ин бобат барои тарғибот дар расонаҳои ахбори оммавии давлативу ғайридавлатӣ бо шакли нав минбарҳо ташкил менамояд.
Ҳафтум, ҳизб ҳамкориро бо журналистон, эҷодкорон, тадқиқотчиён ва блогерҳо ба роҳ мемонад. Ҳоли ҳозир дар ин самт шӯрои маслиҳатӣ фаъолияти худро амалӣ менамояд.
Ҳаштум, ҳизб дар нашрияи матбуотии худ дар шакли махсуси инноватсионӣ ва услуби креатив ҷараёнҳои интихоботро васеъ равшан менамояд.
Нӯҳум, ҳизб бобати эътироф кардани камбудиҳо ва кор бинобар бартараф сохтани ин нуқсонҳо бо роҳи тарғиботи рӯшод меравад ва ин умедворем, ки барои дар назди интихобкунанда ташаккул додани симои ҳизб кӯмак мерасонад.
Даҳум, ҳизб дар тайёр кардани барномаҳое, ки ба маънои ҳақиқиаш ба рушди ҷамъият саҳм мегузоранд, ба фикру ақидаҳои интихобкунандагони худ эътибори зиёд медиҳад. Дар давраи сипаришуда дар низоми ҳизб қариб 4300 мулоқоти кушод, вохӯриҳои онлайн, мубоҳисаҳо ташкил карда шуданд.
Ҳизб Барномаи номзад ба Президентро ба забонҳои русӣ, англисӣ, қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва алифбои лотиниву кириллӣ, ҳамчунин брайл чоп карда, дар чорабиниҳое, ки бо иштироки номзад ё худ вакилони муътамади ӯ гузаронида мешаванд, сурдо-тарҷумонҳоро ҷалб менамояд.
Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ҳизб бо қариб сӣ созмонҳои ҷумҳуриявиву ҳудудӣ, тақрибан панҷоҳ ташкилотҳои ҳудудии ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ҳамкорӣ дорад. Созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш», «Маркази стратегияи рушд», «Бунёди ҷамоатии Ибни Сино», Иттиҳодияи табобати халқӣ, Ҷамъияти муаррихон, Маркази ахбори «Истиқболли авлод», мономаркази «Ишга марҳамат», идораи илмиву тадқиқотии «Маҳалла ва оила», Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, «Бунёди байналхалқии «Бобур», Бунёди «Олтин мерос», Бунёди «Нуроний», Иттиҳодияи «Ҳунарманд», Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Ҷамъияти ихтиёриёни автомотоҳаваскорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Созмони ба мудофиа мададрасони «Ватанпарвар»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қариб даҳ федератсияҳои варзишӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.
Бояд махсус таъкид намуд, ки ҳизб бори аввал дар ҷараёни ташкил кардани интихобот бо сохторҳои волонтёрӣ мулоқотро ба роҳ монд. Гурӯҳи «Кӯмак», ки аз ҷониби «Ёшлар қаноти» («Боли ҷавонон»)-и ҳизб аз ҷумлаи донишҷӯёни ихтиёрии муассисаҳои таълими олӣ ташкил шудааст, ба ин мисоли равшан шуда метавонад. Ҳизб дар ҷараёни ташвиқоти пешазинтихоботии ҳолоина бо бисёр ҷунбишҳои волонтёрӣ фаъолона ҳамкорӣ дорад. Онҳо дар интихоботи президентии имсола дар қитъаҳои интихобтие, ки дар маҳалҳо ташкил карда шудаанд, дар сафи нозирони зиёди ҳизб мебошанд. Он чиз хурсандиовар аст, ки нисфи ин волонтёрҳо занону духтаронанд.
Ба тарзи хулоса метавон гуфт, ки ҳизб ба сифати идораи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ тӯли панҷ соли охир бо созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратие, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, ҳамкории қаринро ба роҳ монд. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, дар сохтори ташкилии худ бисёр дигаргуниҳоро амалӣ кард ва ба афзудани самаранокии инфрасохторҳои мавҷудаву ташаккул додани идораҳои нави иҷтимоӣ эътибор дод.
Сохторҳое чун Идораи кӯмакрасони депутат, «Клуби занони депутат», «Парлумони ҷавонон» ва Ҷунбиши ихтиёрии донишҷӯён «Кӯмак», «Шӯрои собиқадорон» барои мувофиқи Кодекси интихобот, рӯшоду ошкоро ва бо мақсаду сари вақт гузаронидани маъракаи интихобот кӯмак мерасонанд.
«Маркази омӯзишу услуб», ки дар назди ҳизб ташкил шудааст, ҳоли ҳозир барои бомуваффақият татбиқ намудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотии пешазинтихоботӣ ба маркази ақлии қабулкунандаи қарорҳои стратегӣ, ба амал баровардани мониторинги фаъолият ва коркарди пешниҳодҳо табдил меёбад.
Эътимоди комил дорем, ки саъю ҳаракатҳои мазкур барои дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябр баргузор мегардад, ба тарзи муносиб иштирок намудани Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» хидмат мекунанд.
Ферӯза МУҲАМЕДҶОНОВА,
муовини раиси Шӯрои марказии Ҳизби демократии
«Миллий тикланиш».