НАҶОТ

Лавҳаи манзаравӣ

Зимистон. Хунукии тоқатфарсо. Шамоли сарди сӯзанда. Яхпораҳои қабат- қабат. Чунин ҳоли вазнину тоқатфарсо ба сари чашма омада буд, ки ҳатто ба ягон тараф ҷунбида наметавонист. Ӯ аз шиддати дарду ранҷ нафасҳои канда-кандаи охиронро мегирифту гиряи беашк гулӯгираш мекард. Бо садои пасту нолиши ҷонкоҳ базӯр лабашро ҷунбонда мегуфт: «Наход. Наход зиндагӣ ба поён расида бошад. Наход, ки дигар ҳаргиз  ин бори гарон, сардии сахт, яхпораҳои кӯҳмонанд ва садои гӯшхароши шамол, ки ба уллоси вуҳуши чилаи фасли зимистон шабоҳат дошт, аз дӯши ман наравад. Наход, дигар гунҷишкакони оббозикуну сурудхонро набинаму нашунавам...  
Чашма на  барои худ месӯхт. На. Дар поёни дара боғчае эҳтиёҷ ба оби зулоли ӯ дошт. Навниҳолакон майли шукуфтан доштанд. Агар ин боғча аз беобӣ осебе бинад, чашма ҳаргиз худашро намебахшад. Аз ин рӯ гирякунон аз Худованд наҷот металабид: « – Худовандо, мӯъҷизаҳоят беҳисобанд. Маро аз ин деви сармо наҷот бидеҳ. Боғчае, ки мебинӣ, ба ман эҳтиёҷ дорад. Бояд аз меваҳои шаккарини навниҳолакони он мардум лаззат баранд...»
Ногаҳон аз куҷое насими баҳор вазиду воқеа ранги дигар гирифт. Ях ба об шудан оғоз кард. Чашма ба дуо кардан оғоз кард. «Ай Худованди яккаву ягона, мӯъҷизаҳоят зиёданд, агар бихоҳӣ, дар синаи санги хоро низ гулу сабзаву райҳон мерӯяд. Сипос аз ту, ташаккур ба ту».
Навниҳолони боғча, ки умеди охиринашонро аз даст медоданд, гӯё дубора ҷон гирифтанд, якдигарро огоҳ мекарданд: «Чашма аз дасти деви сармо наҷот ёфт, акнун ба мо ёрӣ хоҳад дод». Ин хабари хуш ба гӯши паррандаҳои гармидӯст расиду сурудхонон  ҷониби боғча ва чашмаи оби зулол, ки замоне маскани зебоипарастон ва шабпаракҳои рангин буданд, парвоз карданд. Ҳама дар гирди чашма ҷамъ шуда, рақсу бозӣ мекарданд ва аз бахти баланди хеш меболиданд. Сабзаҳо сар аз хок берун оварда, ба серӣ об менӯшиданд ва аз насими атрогини баҳор лаззат мебурданд. Дар як муддат ҳама ҷо сабзу хуррам гардид. Суруру шодмонии ин мурғону  навниҳолакону гулу гиёҳи лаби ҷӯ ва чашмаи аз яхбандии зимистон халосхӯрда гӯё аз нав тавлид шуда буд, ба фазои осмон танинандоз мешуд: «Марҳабо, баҳори гулрез! Марҳабо, фасли шукуфоию эҳёи табиат! Хуш омадӣ ба диёри зебоманзари мо!» 

Саодат САНГИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: