Ҷашнвораи ҳарбӣ-ватанпарварие, ки бо иштироки ҷавонон дар ноҳияи Бухоро ба амал омад, чунин ном дошт.
Ин тадбир бо ташаббуси якҷояи ҳокимияти ноҳия, шуъбаҳои ноҳиявии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии кор бо ҷавонон, садорати вилоятии Гвардияи миллӣ, клуби варзишӣ, таълимӣ, техникии ноҳиявии ташкилоти «Ватанпарвар», инчунин қисми ҳарбии ҳудуд сурат гирифт.
Фестивал таҳти шиори «5000 қадам дар роҳи ҳаёти солим» бо марафони ҳаракати оммавӣ оғоз ёфт. Иштироккунандагони чорабинӣ аз назди бинои ҳокимияти ноҳия то варзишгоҳи марказии ноҳия қадам ниҳоданд. Сипас таҳти шиори «Панҷ ташаббус – панҷ имконият» чорабиниҳои маънавию маърифатӣ ба амал омаданд.
Тамошобинон – сокинону ҷавонон аз намоиши техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои варзишӣ-нақлиётӣ ва намоиши маҳорати ҷисмонию ҳарбии хидматчиёни ҳарбӣ баҳраманд гардиданд.
Ба чорабинӣ ҳунарнамоии оркестри ҳарбӣ ва барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи маданияти ноҳия шукӯҳи тоза бахшид.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.