МУБОРИЗАИ БЕАМОН БО КОРРУПСИЯ – ТАҚОЗОИ ДАВР

Бино ба натиҷаҳои тадқиқоте, ки дар сад кишвари дунё гузаронида шудааст, ҳар ҷо зан роҳбар бошад, он ҷо майлу рағбат нисбат ба коррупсия хеле кам ба қайд гирифта шудааст.

Занҳо нисбат ба мардҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки ба фасоду ришватхорӣ даст назананд ва дар ҷомеа низ ин иллат аз байн бурда шавад. Ин маънӣ зимни ҳисоботи солонаи директори Агентии мубориза бо коррупсия Акмал Бурҳонов  ба аъзои ҳудудии Шӯрои ҷамъиятии назди ин агентӣ зикр гардид. 
Ин ҳисобот дар иштироки васеи коршиносон, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммавии давлативу мустақил ва блогерҳо ба вуқӯъ пайваст.
– Президенти мамлакат чанде муқаддам бо исрор талаб намуд, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мавқеъ ва мақому манзалати зан аҳамияти вижаро касб намояд. «Пӯшида нест, дар  ҷое, ки занон кору роҳбарӣ мекунанд, дар он ҷо тартиб, адолат, поквиҷдонӣ, маданият хукмфармост», гуфтани сарвари давлатамон беҳуда нест, – изҳор кард Акмал Бурҳонов.
Дар ниҳоде, ки вай раҳбарӣ мекунад, минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи хос дода хоҳад шуд. Инчунин, дар робита ба фаъолияти яксолаи агентӣ иброз дошт, ки бо вуҷуди анҷоми корҳои зиёд ҳанӯз наметавон гуфт, ки натиҷаҳо дар маҷмӯъ хушҳолкунандаанд. Зеро, ҷомеа бояд омода бошад, ки ин иллат дар мамлакат куллан решакан шавад.   
– Президенти кишвар 6 июли соли 2021 ба Фармон “Дар бораи чораҳо оид ба фароҳам овардани муҳити тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия, якбора коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва васеъ намудани иштироки ҷомеа дар он” имзо намуд. Нуктаи муҳим барои кормандони идораи марказӣ ва минтақавии Агентии мубориза ба муқобили коррупсия маҳз мустаҳкам шудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он, ворид шудани як қатор тағйироту иловаҳо барои пешгирӣ аз коррупсия ва муқаррар будани ҷазо дар муқобили ҷиноятҳое мебошад, ки ин ҳуҷҷат фароҳам овардааст, – гуфт Акмал Бурҳонов.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷазо кашидани афроде боз ҳам шадидтар карда шуд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ содир кардаанд. Минбаъд барои татбиқи меъёрҳои сабуккунанда зимни иҷрои ҳукми ҷиноӣ маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ карда мешавад. Дар ин замина бар асоси қарор  «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин татбиқи босамари назорати ҷамъиятӣ» тақозо мегардад, ки раванди корҳои мавриди иҷрои ҳар як муассиса, ҳолати молиявӣ, моликияти таҳти тасарруфи он ва тамоми маълумоте, ки андозсупорандагон бояд донанд, кушоду ошкор тақдим карда шавад.
Гуфта шуд, ки то ин замон дар 16 вазорату идораҳо назорати дохилии зиддикоррупсионӣ ҷорӣ шуда буд. Аз 1 октябри соли равон ин кор дар тамоми идораҳо амалӣ мегардад. Масъалаи бархӯрди манфиатҳо дар якчанд вилояти ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки теъдоди умумии он ҳудуди 200-ро ташкил менамояд. Прокуратура доир ба бархӯрди манфиатҳо 73 парвандаи ҷиноӣ боз намудаву онро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Ба Қонун “Дар бораи харидҳо” низ навигариҳои зиёд ворид гардидааст. Аз 1 январи соли равон ҳамаи тартибу таомули харидҳои давлатӣ иҷборан ба шакли электронӣ мегузарад. Муддати иштироки харидҳои давлатии субъектҳое, ки ба реестри ягонаи иҷрогарони ноинсоф шомил шудаанд, аз се сол ба ду сол коҳиш ёфтааст.   
Зикр гардид, ки дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ оид ба коррупсия нисбати 5 ҳазору 483 нафар 3 ҳазору 769 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидаву барои баррасӣ ба идораҳои додрасонӣ ирсол шудааст. 
– Дар муқоиса бо соли 2020 теъдоди парвандаҳои ҷиноии ба додгоҳ интиқолёфта 2 ҳазору 621 адад ва афроди ба ҷавобгарӣ кашидашуда ба 3 ҳазору 760 нафар афзоиш ёфт. Дар натиҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ ба давлат ва ҷомеаи кишварамон танҳо дар соли 2020 ҳудуди 500 миллиарду 102 миллион сӯм зарар қайд гардида, аз ин миқдор 355 миллиард сӯм ба хазинаи давлат баргардонида шуд. Соли гузашта бошад, миқдори зарари воридшуда 1 триллиону 282 миллиард сӯмро ташкил намуд ва танҳо 69,1 фоизи онро ҷинояткорон ба давлат баргардониданд, – изҳор кард Акмал Бурҳонов. – Соли 2021 аз ҷониби Агентӣ дар доираи лоиҳаҳои «Соҳаи бидуни коррупсия», «Минтақаи бидуни коррупсия» ва барномаҳои давлатии «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» аз рӯйи минтақаҳо ва соҳаҳо зиёда аз 50 тадқиқот гузаронида шуд. Ғайр аз ин, дар 59 объекти бинокорӣ аз рӯйи хариди давлатӣ, ки маблағи умумии он 461,3 миллиард сӯмро ташкил мекунад, корҳои тадқиқотӣ гузаронидем. Бар асоси ҳолатҳои коррупсионии ошкоршуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 49 парвандаи ҷиноятӣ ва 24 парвандаи маъмурӣ оғоз намуд.
Ба гуфтаи Акмал Бурҳонов Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон баргузор намудани форумҳои минтақавиро ба мақсад мувофиқ мешуморад. Зеро, кишварамон дар панҷ соли охир аз рӯйи мубориза бо коррупсия дар миқёси байналмилалӣ корҳои зиёд анҷом медиҳад. Бино ба натиҷагириҳо Ӯзбекистон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар муддати кӯтоҳ ба 63 зина боло рафтааст.  
– Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ба Агентии мубориза бо коррупсия кормандони ниҳодҳои интизомӣ, ҳуқуқшиносон ва амсоли онҳо шомил шуда метавонанд. Ин соҳа ба кадрҳое ниёз дорад, ки ҷанбаҳои гуногуни кори онро фаҳмида тавонанд, мушахассоту нозукиҳои онро дарк кунанд. Барои ҳамин дар ҷумҳурӣ таъсиси Академияи мубориза бо коррупсия мадди назар мебошад.  Дар ҳамин ҳол  ба роҳ мондани магистратура  ва тайёр кардани кадрҳои малаканоки соҳаи мазкурро ҳадаф қарор додаем, – гуфт директори ин агентӣ.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: