Дар ҳокимияти вилоят бо як гурӯҳ тадбиркороне, ки аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овардаанд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҳокими вилоят Туробҷон Ҷӯраев ва директори ҷамъияти иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи Шэнси Фанг Ши Жинг дар бораи ҳудудҳо маълумот дода, таъкид карданд, ки ҳамкории дуҷониба барои мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистон ва Хитой хизмат мекунад.
Зикр гардид, ки дар Шэнси ва Самарқанд доир ба мустаҳкамсозии робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, маданият, сайёҳӣ, илму фан салоҳият ва имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.
Меҳмонони чиноӣ дар доираи ташриф обидаҳои таърихӣ ва масканҳои сазовори диққати Самарқандро тамошо карда, бо тадбиркорон мулоқот оростанд.
Аз ҷумла, дар вохӯрие, ки дар Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноат ба миён омад, оиди истиқболи ҳамкориҳо, истеҳсол ва табодули маҳсулот ба як қатор созишҳо муваффақ гардиданд.
Дар давоми мулоқот байни музофоти Шэнси ва Самарқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.
Инчунин, меҳмонон ба маҷмӯаи Конфутсий, ки дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Самарқанд бунёд мегардад, ташриф оварда, дар маросими кушодашавии “Маркази бародаршаҳрҳо”-и донишгоҳ иштирок намуданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.