КИШВАРЕ, КИ УСТОДОНРО ГИРОМӢ МЕДОРАД, ТАРАҚҚӢ МЕКУНАД

«Ба авлоди худ танҳо дониши имрӯз не, балки илми фардоро ҳам омӯзонед».

 Ниёи бузурги маърифатпарвари мо – Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ басо ҳақ гуфтааст. 
Имрӯз ҳамаи мо дар замони мураккабе зиндагӣ дорем, ки рақобат дар тамоми соҳаҳо зиёд мегардад. Ин ҳақиқати талх бошад, тақозо дорад, ки дар мамлакат омӯзгорон ва педагогҳои тозаандешу дар пояи низомҳои олӣ таълиму тарбиядиҳанда ба воя расанд, аз ин ҷиҳат ба масъалаи ҳамаҷониба дастгирӣ намудани омӯзгорон дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад, ки бесабаб нест. 
Таҷрибаи кишварҳои рушдёфта нишон медиҳад, дар давлатҳое, ки меҳнати машаққатноки муаллимонро бо маоши муносиб қадр мекунанд, барои такмили ихтисоси онҳо сармоя ҷудо менамоянд, сифати таълим беҳтар мешавад, дар ҷамъият пешрафт ба назар мерасад. 
Ин аст, ки дар пояи ғояи неки «Дар Ӯзбекистон бояд муаллим инсони баобрутарин бошад» аз ҷониби давлат ва ҷамъият, ба соҳа маблағ ва имкониятҳои зарурӣ сафарбар карда мешаванд. 
Аз ҷониби депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид ва барои маъқулёбӣ ба Сенат фиристода шуд. 
Мувофиқи қонуни мазкур ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои омӯзгорон, кафолатҳои асосии фаъолияти онҳо, музди мувофиқи меҳнат, рағбатноксозӣ, ҳифзи иҷтимоии муаллимон мушаххас мешаванд. Аз ҷумла, бо қонун ба музди меҳнати омӯзгороне, ки соҳиби дараҷаи илмӣ ё худ унвони илмӣ мебошанд, додани изофапулии ҳармоҳа муқаррар карда мешавад. 
Ғайр аз ин, омӯзгороне, ки дар ташкилоти давлатии таълими умумӣ, миёнаи махсус ва касбӣ фаъолият доранд, аз ҷониби давлат бо аёниятҳои таълимӣ, маводи аввалияи таълимиву услубӣ ва воситаҳои таълим ройгон таъмин карда мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор ба мақсади ҳифзи шаъну шараф, қадру қимати худ, агар аз болои хатту ҳаракати шахси мансабдор нисбати ӯ ба суд муроҷиат кунад, вай аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда хоҳад шуд. 
Дар қонуни мазкур барои таъмин сохтани фаъолияти касбии омӯзгорон як қатор меъёрҳо муайян карда шудаанд. 
Чунончи:
– дахолат ба фаъолияти касбии муаллим, бидуни асос санҷидани фаъолияти ӯ, таъсиргузорӣ ҳангоми баҳогузории дурусту холисона ба дониши хонандагон, ҳамчунин монеъшавӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои хидматии омӯзгор,  ҷалб кардани муаллим ба корҳое, ки ба фаъолияти касбии ӯ дахл надоранд, аз ҷумла, ободонсозии ҳудудҳо, корҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра;
– аз омӯзгор тақозо намудани ҳисобот ва маълумотҳои дигаре, ки ба ӯҳдадориҳои касбии ӯ вобаста нестанд, аз ҷумла, талаб намудани маълумот дар бораи пардохтҳои андоз, хидматҳои коммуналӣ, вомҳо ва дигар қарзҳои аҳолӣ, ташаккул додани ҳисобот ва тақдим кардани маълумот дар бораи бошуғл фаро гирифта шудани хатмкунандагон;
– ба навбатдорӣ ҷалб кардани омӯзгорон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва рӯзҳои ҷашн;
– ба зиммаи омӯзгорон гузоштани ӯҳдадории хариди мол ва хидмат, аз ҷумла, бе ризоияти онҳо аз маоши хидматиашон барои мол ва хидмат нигоҳ доштани маблағ дар назар дошта мешаванд.
Ба маврид аст таъкид намоем, ки дар мамлакат бори аввал дар тафриқа аз дигар соҳа ва ҷабҳаҳо новобаста аз музди камтарини меҳнат маҳз музди меҳнати муаллимон дар 2 давра (1 сентябри соли 2018 ва 1 январи соли 2019) 1,5 баробар зиёд карда шуд. Ҳоли ҳозир барои баробари 1000 доллари ИМА маош гирифтани онҳо (ба ивази такмили ихтисос, сертификатҳои забонӣ ва иловапулиҳои барои дараҷаи илмӣ муайяншуда) имконият фароҳам оварда шуд. 
Кадрҳои педагогие, ки дорои сертификати эътирофшудаи байналхалқӣ ё худ соҳиби сертификати ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд, мувофиқи тарифи ставка ба миқдори 50 фоиз иловапулӣ мегиранд. Ғайр аз ин ба мақсади рағбатноксозии иловагии муаллимони ботаҷриба «Бунёди вазир» ба роҳ гузошта шуд. 
Дар натиҷа, танҳо дар соли равон 1697 нафар муаллимони соҳибмалака аз ҳисоби «Бунёди вазир» дар давоми 9 моҳ барилова 5 миллион сӯмӣ рағбатнок карда шуданд. Дар сафарҳое, ки дар доираи барномаи «Дар саросари Ӯзбекистон саёҳат кун» ташкил шудаанд, 383093 нафар кормандон, муаллимон ва хонандагон ҷалб гардиданд. 
Барои муаллимони тоифаи олӣ ва аввал, ки ба ҳудудҳои дурдаст ва мактабҳои сифати таълимашон паст ҷалб карда мешаванд, агар аз ноҳия (шаҳр)-ҳои дигар бошанд, 50 фоиз, ба онҳое, ки аз вилоятҳои дигар омадаанд, 100 фоиз барои омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фанниро тайёр мекунанд, 100 фоиз иловапулӣ ҷудо карда мешаванд. 
Ҳамчунин ба онҳо ба миқдори 50 баробари ҳисоби базавӣ кумакпулии якдафъаина ва барои иҷоранишинӣ моҳе ба миқдори ду баробари ҳисоби базавӣ ҷубронпулӣ дода мешавад. 
Омӯзгори кунунӣ бояд ба насли наврас нафақат дониш ва савод омӯзонад, балки дар онҳо бобати ташаккул додани қадриятҳои абадӣ кумак расонад, баҳри рушди тафаккури танқидӣ, аз ҳама асосиаш мувофиқшавии иҷтимоиашон ба ҳаёти бузург саҳм гузорад. Барои ин муаллим бояд дар болои худ мунтазам кор кунад, аз навгониҳои охирини таълим воқиф бошад, бо пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ таъмин гардад, баҳри афзудани сифати таълим ва беҳтар шудани дастовардҳои шогирдон тамоми саъю ғайрати худро сафарбар намояд.

Ғайрат АБДИЕВ, 
депутати Палатаи 
қонунгузории 
Олий Маҷлис.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: