Ҳуҷҷатҳои таърихии бойгонии Ўзбекистон ба Феҳристи байналмилалии ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон” барои солҳои 2022-2023 ворид карда шуд

Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи 216-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО қарор дар бораи васеъ гардондани Феҳристи байналмилалии “Хотираи ҷаҳон” қабул шуд.

Аз ҷониби Ӯзбекистон ба рӯйхат ду ҳуҷҷат: «Маҷмӯаи бойгонии девони Қушбегии Аморати Бухоро» (Архиви миллии Ӯзбекистон) ва «Асарҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ» (Институти шарқшиносии ба номи Ал-Берунии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дохил шудааст.

Бино ба иттилои Сандуқи рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон, “Маҷмӯаи бойгонии девони Қушбегии аморати Бухоро” бузургтарин бойгонии ҳокимони Бухоро ба шумор меравад. Дар он асноди инъикоскунандаи рӯйдодҳои таърихие, ки дар ҳудуди Ӯзбекистони имрӯза, Туркманистон, Тоҷикистон ва қисман Афғонистон дар тӯли зиёда аз 200 сол ба вуқӯъ пайвастанд, дохил карда шудаанд.

«Асарҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ» маҷмӯаи мукаммали осори шоир, файласуф, донишманд ва диншинос Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мебошад, ки яке аз устодони бузурги тасаввуф, ки дар асри XIII зиндагӣ мекард, маҳсуб мешуд. Ин санад дар ҳамкорӣ бо Булғористон, Олмон, Эрон, Тоҷикистон ва Туркия таҳия шудааст.

Барномаи «Хотираи ҷаҳон» аз ҷониби ЮНЕСКО соли 1992 бо мақсади ҳифзи фондҳои арзишманди бойгонӣ ва китобхонаҳои ҷаҳон ва паҳн намудани иттилоот дар бораи ганҷҳои дар онҳо нигоҳ дошташуда таъсис дода шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: