ҚИСМИ ЗИЁДИ МУРОҶИАТҲО ҲАЛЛИ ХУДРО ЁФТ

Солҳои пеш қисми зиёди муроҷиати шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом идора, ташкилот ё корхонаву коргоҳ буд, ҳалли худро намеёфт.

Ё худ барои муроҷиат ва ҳаллу фасли онҳо бисёр вақт, ҳатто солҳо сарф мегардид. Ҳоло бошад, бинобар ғояи Президент Шавкат Мирзиёев «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат намоянд» масъала ранги дигар гирифтааст.
Яъне акнун ҳар як шаҳрванди мамлакатамон метавонад бо ин ё он мушкилоту масъала ба «Қабулгоҳҳои халқӣ» муроҷиат кунад.
Алҳол нафақат роҳбарони корхона ва муассисаҳо, ҳатто ҳокимони ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо низ мувофиқи секторҳо ба маҳалҳо рафта, бо аҳолӣ мулоқот мекунанд, қабулҳои сайёр ташкил менамоянд ва дар ҳаллу фасли муаммоҳои мардум саҳм мегузоранд.
Қабули сайёри навбатии прокурори вилояти Сирдарё Санҷар Мавлонов дар маҳаллаи Бахмалсойи ноҳияи Сайҳунобод баргузор гардид. Қабул чор соат давом карда, ҷамъомадагон ба прокурор бо беш аз сад масъалаву муаммо ва пешниҳодҳо муроҷиат карданд.
Қисми асосии муаммои онҳо мисли ҳарвақта оид ба кумакпулӣ, нафақа, хонаву ҷой, вомҳои имтиёзнок, таъминоти газу барқ, мумфарш кардани роҳҳо, замини наздиҳавлӣ ва ҳифзи саломатӣ буд.
Дар қабули сайёр бошандаи маҳалла Носирҷон Маҳкамов барои кумак ба сиҳатии ҳамсараш муроҷиат кард. С. Мавлонов ба дӯши мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт.
Баробари расидани зимистон мушкилоти таъминоти гази табиӣ ва энергияи барқ зиёд мешаванд. Дар ин ҷода барои иҷрои муроҷиати як гурӯҳ истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур прокурор ба мутасаддиёни дахлдор вазифаҳои мушаххас дод.
– Ман ёрии моддӣ талаб намекунам, агар як мошини дӯзандагиам мебуд, барои нигоҳубини оилаам худам маблағ пайдо мекардам, — гуфт сокини маҳалла Назокат Муҳиддинова. – Муроҷиатам, ки дар ин бора буд, зуд ҳал шуд. Аз ин хурсандиам  ҳадду канор надорад. 
Қабули сайёри навбатӣ дар маҳаллаи Гулбулоқи ноҳияи Сайҳунобод низ баргузор гардид, ки дар он муроҷиаткунандагони маҳаллаҳои ҳамсоя низ иштирок карданд.
— Синнам аз 70 гузашт, — худро муаррифӣ кард яке аз сокини маҳалла Набиҷон Қосимов. – Зиёда аз 20 сол раиси маҳалла будам. Ҳоло низ аз фаъолони маҳаллаам, барои ободии он саҳм мегузорам. Аз номи бошандагон баҳри беҳтар кардани таъминоти барқ ва мумфарш намудани роҳи маҳалла муроҷиат кардам. Муроҷиатам ба Барномаи «Маҳаллаи обод»  барои соли 2023 дохил шуд. Аз ин сарам ба осмон расид.
Бошандаи маҳалла Насиба Каримова бо арзи ба кор таъмин шудан муроҷиат кард. Муроҷиати Маҳлиё Нуралиева низ оид ба ин масъала буд. Муроҷиати ҳар ду дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.
Иброҳим Абдусаломов хоҳиш кард, ки барои сохтмони корхонаи дорусозӣ аз бонк воми имтиёзнок гирад. Прокурор ба дӯши мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт.
Оре, ҳоло ягон муроҷиати аҳолӣ беэътибор намемонад. Чунон ки дар қабули сайёр қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: